Баёнияи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Дар ҳоле, ки намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти солонаи САҲА дар Варшава (пойтахти Лаҳистон) иддао мекунанд, ҳеч гуна фишор дар дохили кишвар рӯи хонаводаҳо ва наздикони мухолифони сиёсӣ вуҷуд надорад, аммо мутаассифона хабарҳо аз дохили Тоҷикистон ҳикоятгари идомаи фишору таъқиб ва озору шиканҷаи бастагони мухолифони сиёсӣ тавассути мақомоти амниятӣ ва интизомии кишвар мебошад.

Тибқи иттилои манобеи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар дохили кишвар, ду бародари раиси ин кумита ва иштирокчии Конфронси САҲА дар Варшава, Абдусаттор Бобоев — Саидаҳмад ва Фазлиддин Бобоевҳо аз сӯи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил (РМҶМ) боздошт гардида, аз онҳо дархост шудааст, то дар як сабти видеоӣ аз бародарашон дархост кунанд, даст аз мубориза бардорад ва ба кишвар бозгардад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон зимни ибрози нигаронии шадиди худ аз боздошту бозпурсиҳои бастагони мухолифони сиёсӣ, аз созмонҳои байналмилалӣ тақозо мекунад нисбат ба ин қонунвайронкуниҳо ва таъқибу фишори одамони бегуноҳ мавзеъ гирифта, аз ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистон бихоҳанд даст аз ин амалҳои зидди инсонӣ ва ғайри қонунӣ бардоранд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, тибқи бархе гузоришҳо, ҳайати расмии Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр Варшаваро тарк хоҳанд кард ва баъди тарки ҳайат, фишорҳо рӯи бастагони мухолифон афзоиш хоҳад ёфт.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
Варшава
15 сентябри 2018

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: