Сулаймон Орзуев, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон”, бо ирсоли аризае ба Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Тоҷикистон дар Олмон, хостори ба маҳкама кашида шудани Мурод Саидзода — мушовири сафири Тоҷикистон дар Олмон, ки масъулияти умури иқтисодӣ ва ҳамчунин умури равобит бо Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистонро ба ӯҳда дорад, шудааст.
Дар ин аризаи саркушода, ки Сулаймон Орзу дар сафҳаи худ дар Фейсбук гузоштааст, омада:
“Ман, Орзуев Сулаймон, мутаваллиди 12 май соли 1997, собиқ истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ноҳияи Рудакӣ маҳаллаи Зартепаи Ҷамоъати Гулистон , бо навиштани ин ариза, ба маълумоти шумо мерасонам, ки дар таърихи 11 сентябри соли 2018 соати 13:25, дипломати Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, шаҳрванд Мурод Саидзода, манро дар кӯчаи Кролевска 11-и шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон дар назди баромадгоҳи бинои Конфронси САҲА, дар рӯ ба рӯи дипломатҳои хориҷӣ лату кӯб намуда, сипас ба иловаи дашному суханҳои қабеҳ, таҳдид ба қатлам намуд.”
Орзуев дар идома, зимни дархост аз Вазири умури хориҷа ва сафири Тоҷикистон барои дидани “чораҳои қонунӣ” нисбат ба Саидзода, афзудааст: “Дар сурати бе ҷазо мондани ин дипломат, банда ба судҳои байналмилалӣ ва аврупоӣ, аз ҷумла Суди кишвари Олмон, аз болои ӯ шикоят хоҳам кард, то ки ин ҷинояткор бе ҷазо намонад.”
Гуфтанист, Мурод Саидзода, ки дар нишасти САҲА дар Варшава ҳузур дошт, ба рӯи Сулаймон Орзуев бо мушт зад. Ин иттифоқ замоне рух дод, ки Сулаймон мехост ба Айёмиддин Сатторов аксбардорӣ кунад. Ҳамчунин чанд дақиқа баъд, вақте намояндагони ҳукумат бо эътирози Сулаймон ва шуморе дигар аз мухолифон аз ҷумла Илҳомҷон Ёқубов ва Вайсиддин Одинаев мувоҷеҳ шуданд, пойи Илҳомҷон Ёқубов ва Шӯҳрати Раҳматуллоҳро бо мошини худ зер карданд. Шӯҳрати Раҳматулло моҷароро сабт мекард.
Добавить комментарий