Сӯҳроб Зафар озод шуд

Нуриддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии “Гурӯҳи 24” эълон кард, Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” озод шудааст.

Вай дар сафҳаи худ дар Фейбсук навиштааст: “Бародар Сӯҳроб Зафар сарбаландона озод шуд. Бале, додгоҳи Туркия билохира эълон намуд, ки роҳбари «Гурӯҳи 24» Сӯҳроб Зафар бегуноҳ аст ва тамоми туҳматҳое, ки нисбати ӯ аз ҷониби Тоҷикистон фиристода шуда буданд исботи худро пайдо накарданд.”

Ҳамчунин Дагир Хасавов, вакили дифоъи машҳури русияӣ, эълон карда буд, ки Сӯҳроб Зафар ба зудӣ озод хоҳад шуд. Вай дар ёддоште дар сафҳааш дар Фейсбук навиштааст, ки ҳамтоёнаш дар Истанбули Туркия тавонистаанд кори судии Сӯҳроб Зафар дар бораи озодиашро ҳаллу фасл кунанд ва ӯ ба зудӣ аз боздоштгоҳи муваққатӣ берун омада ва озод хоҳад шуд.

Гуфтанист, Сӯҳроб Зафар (Сӯҳроб Тӯраев) раҳбари “Гурӯҳи 24” ва низ Насим Шарипов, намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия, дар 19 март дар шаҳри Истамбул аз тарафи пулиси Туркия дастгир шуда буданд. Албатта, соли 2014 низ бо дархости Душанбе дар Туркия боздошт шуда буданд, вале мақомоти Туркия он дафъа аз истирдоди онҳо ба Тоҷикистон худдорӣ карданд.

29 май мақомоти Туркия Насим Шариповро баъди 70 рӯз аз боздошт озод карданд, вале Сӯҳроб Зафар ҳудуди ним сол аст, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебурд.

Тибқи гузориши сайти Ахбор (дар 5 сенябри 2018) Вазорати дохилаи Тоҷикистон моҳи апрел таъйид карда буд, ки Душанбе ҷиҳати истирдоди ин роҳбари мухолифин, бо мақомоти Туркия вориди музокирот шудаанд. Дар Душанбе мушаххасан ба чӣ айбдор шудани Сӯҳроб Зафарро то ҳол шарҳ надодаанд, вале ӯ барои фаъолиятҳояшон дар «Гурӯҳи 24” тавассути Интерпол ҷустуҷӯ мешуд. Ба илова, исми Сӯҳроб Зафар (Сӯҳроб Табаров) дар рӯйхати «шахсони алоқаманд ба терроризм”, ки Бонки миллии Тоҷикистон моҳи март нашр кард, низ зикр шудааст.

Сӯҳроб Зафар аз субҳи 5 сентябр дар боздоштгоҳи Туркия ба нишони эътироз ба тӯл кашидани баррасии қазияаш эълони гуруснанишинӣ карда буд.

Гуфтанист, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, дар санаи 9 сентябри соли ҷорӣ, номае саркушода ба мақомоти Туркия навишта ва дархост карда буд, ки фавран Сӯҳроб Зафар озод карда шавад.

CIVIL COMMITTEE FOR THE RESCUE OF HOSTAGES AND POLITICAL PRISONERS IN TAJIKISTAN

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ба Сӯҳроб Зафар ва хонаводаи ӯ ва ҳамчунин “Гурӯҳи 24” ва низ тамоми озодихоҳони Тоҷикистон озодии ин озодмардро табрику таҳниат мегӯяд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: