Ба гузориши сайти Паём, Ҳабибулло Тешаев, бародари Муҳаммадӣ Тешаев, ки дар боздоштгоҳ қарор дошт бо ҳукми Додгоҳи Аврупо озод шуд. Ӯ ҳамроҳ бо ҳамсару 5 кӯдакаш дар боздоштгоҳи истирдодии Бяла Подляскаи Лаҳистон қарор дошт ва қарор буд ба Тоҷикистон истирдод шавад.
Дирӯз Додгоҳи Аврупо, ки қаблан истирдоди ӯро манъ карда буд, қарори озодсозии ӯро содир кард. Ҳоло Тешаев дар яке аз марказҳои муҳоҷирини Лаҳистон қарор дорад.
Баъди боздошти Ҳабибулло дар Лаҳистон мақомоти Тоҷикистон бародари калонии ӯ Шералӣ Тешаеви 51 соларо зери фишори шадид қарор додаанд, то писараш Меҳроб ва бародараш Муҳаммадиро даъват кунад ба Тоҷикистон баргарданд. “Агар ба ихтиёри худ барнагаштанд, мисли Ҳабибулло боздошт ва истирдод мешаванд. Он гоҳ парвандаашон взнинтар хоҳад шуд” — таҳдид намудаанд онҳо.
Ҳабибулло Тешаев, ки бародараш Муҳаммадиро ба терроризм муттаҳам кардаанд, баъди ба хонаи онҳо чанд дона тир, таппонча ва мусалсали кӯҳнаи Калашников партофтани кормандони додситонии ноҳияи Рӯдакӣ боздошт ва шиканҷа шуда буд. Он вақт бародараш Маҳмадӣ Тешаев аллакай чун гуреза дар Аврупо қарор дошт.
Кормандони додситонӣ ба хонаи онҳо омада аз ӯ талаб карданд, ки назди дурбин алайҳи бародараш баромад карда, эълон кунад, ки ин тапончаву мусалсал ва тирҳо аз Муҳаммадӣ ҳастанд ва ӯ мехост бо амри раиси ҲНИТ табаддулоти давлатӣ анҷом диҳад. Ҳабибулло қабул накард ва ӯро ба назди додситони ноҳия Ҷамшед Раҳмонов бурданд.
Ӯро бо чӯбдаст (дубинка), баклажкаи пур, бо даст мезаданд ва дар ҳамин ҳол нону об ҳам намедоданд. Дар ҳар се рӯз ҷавобаш медоданд, то бо бародараш гап занаду ба онҳо маълумот расонад, вале ӯ мегуфт, ки бо бародараш гап зада наметавонд.
Баъди латукӯб ба ӯ тавассути дасти чапаш нерӯи барқ монданд. “Давоми се рӯз баъди пайвастан ба нерӯи барқ, дасти чапамро тақрибан ҳис намекардам. Бори дигар маро ҷавоб доданд, то бо бародарам алоқа барқарор кунам. Рӯзҳои ид буданд ва бовар доштам, ки дар ин рӯзҳо маро ҷустуҷӯ нахоҳанд кард ва бо истифода аз фурсат аз кишвар фирор кардам. Ба Маскав омада, аз онҷо худро ба Аврупо расондам ва бо ҳамин азобу шиканҷаам хотима ёфт “- гуфта буд Ҳабибулло ба Паём.
Great read thankyyou
НравитсяНравится