Футболбози тоҷикро ихроҷ аз Беларус дар интизор аст

Созмони муҳоҷирони Осиёи Миёна, Созмони Ҳуқуқи Башар ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия имрӯз гуфтанд, ки дар ҳоли зӯран баргардонидани варзишгари хеле шинохтаи тоҷик аз Беларус ба Тоҷикистон, мумкин аст, ки ӯ ба шиканҷа ё муомилаи шадид гирифотор шавад. Беларус набояд варзишгар, Парвиз Турсуновро берун кунад ва ё сабаби маҷбуран бозгашти ӯ шавад.

Хадамоти муҳоҷирати Беларус Турсуновро, ки дар гузашта футболбози касбӣ буда дар лигаи олии футболи Тоҷикистон бозӣ мекард, рӯзи 18 сентябри соли равон, баъди фуруд омадан дар фурудгоҳи Минск, бо дархости ҳукумати Тоҷикистон боздошт карда буданд. Ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта аз Парвиз талаб карда буд, то ришашро тарошад. Вақте Парвиз инро рад кард, соли 2011, дастаи Хайр ӯро ронд.

Фишорҳои дарозмуддату шадиди Тоҷикистон зидди шахсони диндор бо суръати баланд ба шакли сафсата табдил ёфта истодааст, ба мисли экстремист хондани шахсе, ки риш гузоштааст” – гуфт Стив Свердлов, таҳқиқотчии Созмони Ҳуқуқи Башар дар Осиёи Миёна. “Беларус қонунан вазифадор аст, то ин ки Турсуновро ба ҷое, ки ӯро шиканҷа таҳдид мекунад ба мисли Тоҷикистон, нафиристонад, ва ин давлат аз нигоҳи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ бояд ин қонунро риоя кунад.”

Дар дахсолаи охир, Тоҷикистон барои мардон риш гузоштану барои занон ҳиҷоб пӯшиданро манъ кардааст, ки ин қисми васеи сахтгирии мусалмонони озоде мебошад, ки дини Исломро бидуни назорати сахти давлат таҷриба мекунанд.

Пайрави Салафии экстремисти хондани Турсунов барои гузоштани риш, барои сулҳпарварона таҷриба кардани динаш ҳукумат ӯро ба “даъвати бузург ба фаъолияти экстремистӣ” айбдор донистааст.

Тоҷикистон соли 2018 ба сахтгирии шадиду васеъпаҳншударо зидди озодии баён, сулҳпарварона фаъолияти сиёсии оппозитсионӣ, касби озоди қонунӣ, ва озодона таҷриба кардани дин шиддат додааст. Зиёда аз 150 фаъолони сиёсӣ, аз ҷумла якчанд ҳуқуқшиносон, ноадолатона ҳабс шудаанд. Хешу ақрабои мухолифине, ки сулҳпарварона ҳукуматро берун аз кишвар танқид мекунанд, чазо дода шудаанд, ки он ҷазоҳо ба мисли таҳдид ба таҷовуз, мусодира кардани шиноснома ва молу мулк ва гайра мебошанд.

Тоҷикистон озодии таҷрибаи диниро маҳдуд мекунаду ибодатҳои динӣ, либоси динӣ ва таълимоти диниро назорат мекунад ва бисёр одамонро ба фаъолиятҳои экстремистии динӣ гунаҳкор дониста ба ҳабс мекашад. Ҳукумат таълимоти ба қайд нагирифташударо дар тамоми кишвар манъ кардааст, муҳтавои мавъизаро ба назорат гирифтааст ва масоҷиди ба қайд нагирифташударо маҳкам кардааст. Барои нишон додани зиддият бар таҳдидҳои экстремистӣ, Тоҷикистон чандин гурӯҳҳои ақаллияти сулҳпарваронаи мусулмониро манъ кардааст.

Турсунов, 43, химоятгари дастаи футболи Хайр буд ва дар Вахдат, ки шахри хамин даста мебошад, машхур буд. “Азия-Плюс” апрели соли 2011 хабар дода буд, ки сармураббии хамин даста, Тохир Муъминов, гуфта буд, ки Турсунов аз бозихо озод карда мешавад, чунки “мақомоти ҳифзи ҳуқуқ намехоханд футболбозеро дар майдон бинанд, ки бо риши дароз ба мисли мулло бошад.” Турсунов дар чавоб гуфт, ки агар уро мачбур кунанд, то ки байни риш ва варзиш интихоб кунад, пас у аз сабаби мухим будани акидаи диниаш варзишро интихоб хохад кард. Баъд аз як руз уро аз дастаи Хайр хорич карданд.

Турсунов ва оилааш баъдан ба Аморати Муттахидаи Араб рафтанд ва баъди чанде ба Туркия рафта, дар ончо хамчун мухочирони коргар хурокхои миллии тоҷикиро тайёр карда ба савдо мегузоштанд. Сентябри 2018, ин оила ба хулосае омаданд, ки ба Аврупо тарики Беларус сафар кунанд.

Хешу акрабои Турсунов ба хомиёни хукук гуфтанд, ки баъди дастгир кардани Турсунов, у дар боздоштгохи раками 1 барои истихрочи имконпазир ба Тоҷикистон нигох дошта шудааст. Прокурори генерали Беларус тасдик кард, ки ҳуҷҷатҳои дархости истихрочро интизор аст ва хукумати Тоҷикистон Турсуновро ба “даъват ба фаъолиятхои экстремисти” (моддаи 307(1)(2)) ва “ташкили гурухи эктремисти” (моддаи 307(2)(1)) кодекси ҷиноятии Чумхурии Тоҷикистон гунахкор донистааст.

Бо вучуди ислохотхо дар кодекси чиноятии Тоҷикистон, ки шиканчаро манъ кардааст, чигунае ки бо стандартхои байналмилали дуруст меояд, шиканча дар Тоҷикистон як мушкилоти давомдиханда мебошад. Пулис ва муфаттишон шиканчаро аксар вакт истифода мебаранд, ва гуруххои хукуки башар бисер гузоришхои боваринокро ба даст овардааст, ки дар онхо шиканча шудани шахсони бо гуруххои мухолифини сиёси алоқамандбуда баён карда шудааст. Суди Аврупоии Хукуки Башар чандин бор гуфта буд, ки дар холи мачбуран истихроч кардани инсон барои ба хабс гирифта шуданаш дар Тоҷикистон, хавфи чиддие хаст, ки у ба шиканча гирифтор шавад ва ё бо у муомилаи ноодамона карда шавад. Суд хамчунин кафолати додаи хукумати Тоҷикистонро барои гайриконуни муомила кардан бо шахсони истихрочшударо ноустуворона хонда рад кард.

Дар асоси конуни байналмилали Беларус ухдадор аст, то ки кафолат дидах, ки ягон нафарро мачбуран ба чое, ки дар ончо хавфи шиканча шудан хаст, истихроч намекунад. Гарчанде Беларус узви Шурои Аврупо нест, тасмим гирифтани истихроч кардани Турсунов ба муомилот бо шуро ва накшахои ояндаи узвият хеле зарар мерасонад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: