Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, корзореро бо хештеги #Junaydullo_Khudoyorov дар шабакаи иҷтимоӣ барои озодии Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли иҷтимоии тоҷик, шурӯъ намуд.
Муҳаммадиқбол Садриддин, узви Шӯрои ин кумита, дар як барномаи видеоӣ, зимни тавзеҳи моҷарои Ҷунайдулло ва раванди зиндонӣ шуданаш, аз ҷумла гуфт, ки гуноҳи Ҷунайдулло фақат ин буд, ки фасодҳои ҷорӣ дар дастгоҳҳои ҳукуматӣ дар ноҳияи Раштро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ фош кард. Садриддин ҳамчунин гуфт, ки тӯҳмат ба Ҷунайдулло ба салафӣ будан, бепояву асос аст.
Гуфтанист, додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт дар 31 августи соли ҷорӣ, Ҷунайдулло Худоёровро бо ҷурми “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) –“Салафия”, ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Тибқи гузориши Радиои Озодӣ, ҳукми додгоҳро худи Ҷунайдулло ва аҳли хонаводаву вакили дифоаш ноодилона хонда ва гуфтанд, ки аз болои он ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Фарҳод Худоёров, бародари Ҷунайдулло Худоёров пас аз содир шудани ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонӣ шоми 31-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ҳукми додгоҳро «бераҳмона» медонанд ва парванда дар нисбати бародараш «махсус ва фармоишӣ» мебошад. Вай гуфт, ки бародараш ҳеҷ гоҳ бо созмони мамнӯи Салафӣ иртибот надошт.
Худи Ҷунайдулло Худоёров лаҳзаҳои берун шудан аз толори додгоҳ дар сӯҳбати мухтасари сарироҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳро ғайриодилона меҳисобад ва даст доштанаш дар созмони «Салафия»-ро рад мекунад. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, «мақолаҳое, ки ман навиштам, танҳо аз камбудиҳо соҳаҳои мухталифи ноҳия буданд ва ин навиштаҳо ба Салафия ҳеҷ иртибот надоранд«.
Добавить комментарий