Ҷунайдулло Худоёров кист ва чаро зиндонӣ шуд?

Муҳаммадиқболи Садриддин

Худоёров Ҷунайдулло Абдуллоевич дар санаи 02.06.1983 дар ноҳияи Рашт деҳаи Яшм ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода таваллуд шудааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи рақами 18 деҳаи Яшм гирифтааст.

Пас аз хатми мактаби миёна дар соли 2002 ба ҳамроҳи бародараш ба Русия бо шаҳри Сургут мисли ҳар тоҷики дигар, ки аз бекорӣ дар ватан наметавонанд кору фоалият намоянд, рӯ овардааст.

Оиладор ва соҳиби чор тифлакони дӯстрӯяк мебошад.

Аз соли 2002 то соли 2017 дар шаҳри Сургути Русия кору фаолият мекард. Ӯ узви ягон ҳизбу ҳаракати сиёсӣ набуд, ба кору бори зиндагони худ машғул буд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, масъули сомонаи «Ислоҳ» ва узви Шӯрои Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон

Ҳамеша ҳисси миллатдӯстияш ӯро ором намегузошт ва аз миллати худ пуштибонӣ мекард. Намехост ҳаммиллатонаш ва шаҳрвандони кишварро дар ҳолати бад бубинад ва аз миллат дифоъ мекард. Борҳо дар Русия дасти кӯмакаш ба шаҳрвандони кишварамон расидааст ва ҳатто аз маоши худ, ки онро барои зиндагонии худ ба даст меовард, сарфи назар мекарду ба дигарон кӯмак мекард, дар ҳама ҷашнҳои миллӣ фаъолона хидмату саҳми худро мегузошт.

Ҷунайдулло Худоёров, ки фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буд ва бештар дар робита бо ҳаводиси Тоҷикистон ва ҳам таҳаввулоти ноҳияи Рашт, матолиби танқидӣ ё ислоҳӣ нашр мекард, аз 22 январи соли 2018, тӯли даҳ моҳ аст, ки дар зиндон ба сар мебарад.

Номи Ҷунайдулло Худоёров замоне вирди забони ҳамагон гашта буд, ки ӯ бо ҷасорат дар бораи ҷиноятҳои мақомоти ҳокмияти Рашт, раиси Кони ангишти ноҳияи Рашт, дар бораи Шӯъбаи маъориф, ки аз талабаҳо чормағз ҷамъ мекунад, дар бораи Бахши андози ноҳияи Рашт мақолаҳои танқидӣ навишта, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук паҳн мекард. Чандин навиштаҳои ӯро ҳатто баъзе аз расонаҳо мисли Радиои Озодӣ бознашр карда, бо такя ба хабару танқидҳои созанда ва зидди фасоди Ҷунайдулло Худоёров хабарҳои таҳқиқӣ навиштаанд.

Дар бораи қазияи Ҷунайдулло Худоёров ва вокуниши мақомдорони ноҳияи Рашт нисбати фаъолияти блогерии ӯ дар дасти мо маълумотҳои зиёде ҷамъ шудаанд, ки дар фурсати муносиб пешкаши хонандагон мегардад.

Тибқи маълумоти дақиқе, ки дастраси мо шудааст, нишон медиҳад, ки пеш аз ҳама, Ҷунайдулло Худоёров қурбони дасисаҳои Лоиқ Қаноатзода, раиси феълии Мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии ноҳияи Рашт шудааст. Як нафар ҳатто аз худи мақомоти ноҳияи Рашт ба мо навиштааст, ки сабаби асосии ба зиндон рафтани Ҷунайдулло, ин муборизаҳои беамони раиси ноҳия алайҳи хонадони Худоёровҳо аст. “Бародарон Худоёровҳо дар бозор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бисёр ҳақталошӣ мекарданд. Нуфуз ва обрӯи хубе ҳам дар байни мардум доштанд. Новобаста аз он ки чӣ касе ноҳаққӣ мекунад, мақомдор аст, амалдор аст, фарқ надошт, гапашонро дар рӯба рӯяшон мегуфтанд. Ин кори онҳо ба раиси ноҳия маъқул набуд. Чунки пеш аз ҳама гап ба ӯ мерасид ва ноҳия моли ӯст ва ҳарчӣ хоҳад мекунад. Бетартибиҳои зиёдро дар ноҳия беш аз ҳама бародарони раиси ноҳия,ки ҳашт бародаронанд мекунанд”. — мегӯяд манбаъи мо аз МИҲД ноҳияи Рашт.

Як сокини ҷамоати деҳоти Тагобаи ноҳияи Рашт тавассути паёме ба мо навиштааст, ки шикояти Ҷунайдулло Худоёров нисбати қонуншиканиҳо дар ноҳияи Рашт аз баҳр як қатра аст. Ӯ мегӯяд: “Асли масъала ин аст, ки Қаноатшо Лоиқзода баъди раиси ноҳия шуданаш дар мақомоти прокуратураи генералии Тоҷикистонро барои худ “криша” карда, ҳар номаъқулие дилаш мехоҳад, кардан мегирад. Касе норизоиятӣ кард, бо ҳар ҷурме ба зиндон “гусел” мекунад. Рости гап ман Ҷунайдуллоро ин қадар хуб намешиносам ва хабари зиндон шуданашро аз интернет хондам. Аммо ҳама гапаш ҳақиқат аст. Бечораи Ҷунайдулло бисёри гапро нанавиштааст. Вай гапҳояш дар бораи қонуншиканиҳои раис аз баҳр як қатра аст. Ман метавонам ба далел чанде аз он қонуншиканиҳояшро ба Шумо нависам. Аммо хоҳиш, номамро нанависед, ки инҳо мисли бандит ҳастанд.

Ин сокини ҷамоати деҳоти Тагобаи ноҳияи Рашт чандин далелҳои раднашаванда дар бораи қонуншиканиҳо ва ҷиноятҳои Қаноатшо Лоиқзода, раиси ноҳияи Раштро ба мо навиштааст, ки ин баҳси дигар аст ва бо таҳқиқи муфассале дар мақолаи алоҳида хоҳем навишт.

Маълумоте, ки дар дасти мо қарор дорад, аз он шаҳодат медиҳад, ки дуздиву ғоратгариҳо, талаву тороҷ кардани моликияти давлатӣ, заминфурӯшӣ, зинокориву сабуксарӣ, зулму истибдоди Қаноатшо Лоиқзода ва ҳафт бародаронаш дар ноҳияи Рашт ҳадду канор надорад,дар дасти мо аснод ва далеҳои кофии радношавандае вуҷуд дорад.

Аз ин лиҳоз дониста мешавад, ки сабаби асосии зиндонӣ шудани Ҷунайдулло Худоёров ҳам бастагӣ ба ҷиноятҳои раиси ноҳияи Рашт дорад.

Тавре ёдовар шудем, мақсади ягонаи Лоиқзода аз зиндонӣ кардани Ҷунайдулло, ин пеш аз ҳама тарс додани дигарон ва бо ҳамин роҳ бастани даҳони мардум ва дигарандешон ва ононе, ки бо фасод мубориза мехоҳанд бубаранд мебошад.

Аммо, тибқи маълумоти ба мо расида маълум шуд, тавре Лоиқзода бовар дорад, ки бо ҳамин роҳи пешакардааш даҳони мардумро баста, ҳарчи хоҳад карда гаштан мегирад, дур аз воқеъият мебошад. Зиндонӣ шудани Ҷунайдулло Худоёров дар қалби мардум ангеза эҷод намуда, аллакай чандин сокинони ин ноҳия бо расонаҳо ҳамкорӣ карда истодаанд ҳатто аз худи деҳаи Лоиқзода. Яъне Ҷунайдуллоҳо дар ҳоли зиёд шудан ҳастанд.

То он ҷо, ки мо иттилоъ пайдо кардем, Фаридун Муродов, Қаноташо Лоиқзода ва тамоми тими ҷиноятиаш то он корманди воломақоми прокурори генералии Тоҷикистон дар талаву тороҷи моликияти ноҳияи Рашт даст доранд ва Ҷунайдулло Худоёров қурбони дасисаҳои ин тим шудааст.

Мо тасмим гирифтем, то рӯзи 31.10.2018 мунтазири ҳукми одилонаи додгоҳ дар қазияи Ҷунайдулло Худоёров бошем. Пас аз он, ҳамаи омилоне, ки дар зиндон намудани ӯ дасти мустақим ва ғайримустақим доранд, дар силсиламақолаҳо бидуни парда ҳама ҷиноятҳояшонро менависем ва бо барномаҳои видеоӣ ба мардум мерасонем. Бинобар ин, пойгоҳи таҳлилии Ислоҳ тасмим гирифтааст, ки минбаъд ба ҷинояткориҳои мақомдорон дар ноҳияи Рашт диққати махсус дода, маълумотҳои ҷамъшударо таҳлилу таҳқиқ намуда, пешкаши хонандагон мегардонад.

Махсус барои сайти “Зиндониён”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: