Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон (КШНГЗ), нигаронии амиқи худро аз идомаи шиканҷаи зиндониҳои сиёсӣ иброз менамояд.
Тибқи маълумоти ба дасти мо расида, ахиран ду узви Раёсати олии ҲНИТ баъд аз латӯкӯби шадид ва истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ нисбат ба онҳо, ба бемористон интиқол дода шудаанд. Мувофиқи маълумоти ба мо расида, ин ду нафар, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ва Ҷалолиддин Маҳмуд мебошанд.
Манобеъ гузориш доданд, ки кормандони амниятӣ аввал бо розӣ кардан, сипас бо фишор, онҳоро водор ба ин менамуданд, ки алайҳи ҲНИТ ва раҳбарияти он изҳорот пахш кунанд. Шиканҷакунандаҳо мехостанд, то ин ду нафар алайҳи фаъолиятҳои ҲНИТ ва раҳбари он, Муҳиддин Кабирӣ, сухан гӯянд; мисли ҳамон изҳороте, ки узви собиқи ҲНИТ, Аёмиддин Сатторов, дар баробари дурбин анҷом дода буд.
Ин гуна фишорҳо бар рӯи маҳкумон барои изҳороти сиёсӣ, ки бе ҳеч иттиҳоме зиндон гардидаанд, нишон медиҳад, ки тамоми баёноти мақомот мабнӣ бар ин ки дар Тоҷикистон ҳеч зиндонии сиёсӣ вуҷуд надорад, дурӯғ будааст. Агар мақомот мехостанд, ки мухолифони зиндонӣ изҳори назар намоянд, ин имкониятро ба онҳо дар ҳангоми додгоҳ дар ҳузури расонаҳо ва вакилони дифоъ медоданд.
Идомаи бархӯрдҳои ғайриинсонӣ бо зиндониёни сиёсӣ ва шиканҷа намудани онҳо, ба ин шаҳодат медиҳад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ дар ҳоли вайрон кардани Конститутсия, ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар зиндон, қонунҳои Тоҷикистон, ба иловаи ӯҳдадориҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон пазируфтааст, мебошанд.
Мо аз мақомоти Тоҷикистон талаб менамоем, ки рафторҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ нисбат ба зиндониёни сиёсиро бас кунанд. Ҳамчунин, диққати созмонҳои байналмилалиро ба ин нукта ҷалб менамоем, ки мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба таври ошкор ҳуқуқҳои асосӣ ва конвенсияҳои байналмилалиро вайрон мекунанд.
Мо талаб мекунем, ки ба хешовандони маҳкумон ва вакилони дифоъи онҳо иҷоза дода шавад, то бо маҳкумон вохӯрӣ намоянд. Пештар расонаҳо гузориш дода буданд, ки ду узви Раёсати олии ҲНИТ, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ва Ҳикматулло Сайфуллозода, аз зиндон ба СИЗО мунтақил карда шудаанд, аммо сабаби он тавзеҳ дода нашуда буд.
Ҷалолиддин Маҳмуд дар соли 2015 ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд ва бояд ба ҳамин зудиҳо пас аз поён ёфтани мӯҳлат ба озодӣ барояд.
Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ҳамроҳи 13 узви Раёсати олии ҲНИТ дар сентябри 2015 боздошт шуда, ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон
30 октябри 2018