Ғарибова Мавҷигул Шукуровна, модари Ҷунайдулло Худоёров, дар як муроҷиатномаи видеоӣ, ки дар ихтиёри Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ гузошт, зимни изҳори миннатдории худ ба фаъолони фазои маҷозӣ, хитоб ба мақомоти додгоҳ гуфт: “Баччаи ман ягон гуноҳ кардагӣ нест, хоҳиш мекунам ӯро озод кунед!”
Ӯ дар ин муроҷиатнома, хитоб ба фаъолони фазои маҷозӣ изҳор дошт: “Ман аз шумо бисёр миннатдорам, ки дар ин рӯзҳои сахт барои мо, ғамшарики мо шудед, ҳазор раҳмат ба шумо!”
Вай афзуд: “Ҷунайдулло марди ҷасур, марди поквиҷдон аст, ӯ ҳаромхӯриро бисёр бад медид, ӯро ба хотири ин ки ду се ҷумла дар шабакаи интернетӣ дар бораи ғоратгарии инҳо навишт, ӯро турма карданд.”
Модари Ҷунайдулло сипас хитоб ба мақомоти додгоҳ гуфт: “Ман аз суд хоҳиш мекунам, ки баччаи маро судашро одилона дида, ӯро ҳуй (озод) кунад. Баччаи ман ягон гуноҳ кардагӣ нест, ягон ҷиноят содир кардагӣ нест дар умраш.”
Ӯ, раисиҷумҳури Тоҷикистонро низ мавриди хитоби худ қарор дод ва гуфт: “Ҷаноби Олӣ ва суд! Аз шумо хоҳиш мекунам, суди баччаамро одилона саросема нашуда дида бароед, баччаамро ҳуй кунед, сари фарзандош биёяд!”
Қарор аст имрӯз (31 октябр) суди кассатсионӣ ҳукми худро оиди парвандаи Ҷунайдулло Худоёров эълон кунад. Ҷунайдулло Худоёров ба интиқодҳояш аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Рашт ва мақолаҳое, ки дар бораи фасодкории онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ менавишт, маъруф шуда буд. Вале додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт дар 31 августи соли ҷорӣ ӯро ба ҷурми “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистии Салафия”, ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ва ин дар ҳоле аст, ки ҳам худи Ҷунайдулло ва ҳам наздиконаш, ба шиддат ин иттиҳомро рад кардаанд.
Лозим ба зикр аст, ки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон (КШНГЗ), аз як ҳафта пеш корзореро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои озодии фаъоли иҷтимоии тоҷик, Ҷунайдулло Худоёров роҳандозӣ кардааст.
Муҳаммадиқбол Садриддин, узви Шӯрои Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, дар барномаи видеоие, ки дирӯз мунташир кард, зимни ироаи гузориш аз раванди корзори ин кумита, гуфт, ки агар суди кассатсионӣ дар мавриди Ҷунайдулло як ҳукми одилона набарорад ва ӯ озод нашавад, ин кумита ба корзори худ идома дода ва ба иқдомҳои дигаре рӯй хоҳад овард, аз ҷумла ин ки тамоми ҳақоиқро дар бораи мақомоти маҳаллии ноҳияи Рашт, ки пушти ин ҳукми ноодилона қарор доранд, ифшо хоҳад набуд.
Добавить комментарий