Мақсуд Иброҳимов 40 сола шуд

Дирӯз (4 ноябр) зодрӯзи Мақсуд Иброҳимов, раҳбари зиндонии ҷунбиши “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” буд. Ӯ дар январи соли 2015 тавассути мақомоти амниятии Тоҷикистон рабуда шуда ба Тоҷикистон оварда шуд ва сипас ба 17 сол ба зиндон маҳкум гардид.

Гуфтанист, Мақсуд Иброҳимов, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия ва сокини вилояти Ростов аст. Ӯ дар таърихи 20 январи соли 2015 дар Маскав нопадид шуд ва баъди чанд ҳафта мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ӯ ба Тоҷикистон мунтақил шудааст. Сипас чанд моҳи дигар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе Мақсудро ба 17 сол зиндон маҳкум намуд. Ва ин дар ҳоле аст, ки ҳам рабудани ӯ ва ҳам маҳкум шуданаш дар Тоҷикистон комилан ғайриқонунӣ буд.

Пеш аз он, дар таърихи 26 ноябри соли 2014, Мақсуд дар Маскав аз тарафи афроди номаълум, ки гуфта мешавад муздурони мақомоти амниятии Тоҷикистон будаанд, мавриди сӯиқасди мусаллаҳона қарор гирифт.

Вазорати дохилаи Русия дар шаҳри Маскав дар он замон эълон кард, ки ҳодисаи сӯиқасд ба Мақсуд, 26-уми ноябри 2014 соати 22.55 ба вақти Маскав дар кӯчаи Севанская рух додааст ва Мақсуд аз шиллики гулӯла ва зарбаҳои чоқу захмӣ шудааст.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон (КШНГЗ), зимни табрики Мақсуд Иброҳимов ба зодрӯзаш, аз мақомоти Тоҷикистон талаб мекунад, ки ҳар чи зудтар ин зиндонии сиёсӣ, ки ҳеч гуноҳе надорад, озод карда шавад. Ҳамзамон, КШНГЗ тамоми талошу кӯшиши худро барои озодии ин зиндонии сиёсӣ ба харҷ хоҳад дод.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: