Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, аз кушта шудани беш аз 27 нафар ва захмӣ шудани беш аз 100 нафар дар зиндони Хуҷанд, ки шаби 7-уми ноябр рух дод, ибрози таассуф намуда, ба хонаводаҳои кушташудагон таслият арз мекунад.
Бино ба гузоришҳо аз дохили кишвар, ин шӯриши зиндониён дар натиҷаи бадрафторӣ ва шиканҷаи рӯҳиву физикии зиндониён аз тарафи зиндонбонҳо ба вуқӯъ пайвастааст. Бадрафториву таҳқир ва шиканҷаву азоби зиндониён дар ҳама зиндонҳои Тоҷикистон ба як амале рӯзмарра ва роиҷ табдил ёфтааст, ки садҳо мавориди он сабт шудааст, аммо мақомот мисли ҳамеша аз ислоҳи ин аъмоли номатлуб чашмпушӣ мекунанд ва омилони шиканҷаву бадрафторӣ муҷозот намешаванд.
Мавриди зикр аст, ки агар пеши роҳи шиканҷа ва бадрафториҳои зиндонбонҳо ва масъулини ин ниҳодҳо ба таври ҷиддӣ гирифта нашавад, чунин ҳодисаҳои нохуш ва андуҳбор мумкин аст дар ҳар зиндони дигаре рух диҳад.
КШНГЗТ аз ҳукумати ҶТ талаб мекунад, ки ба зиндониён ҳаққи манъи таҳқиру бадрафторӣ ва манъи мавриди шиканҷа қарор гирифтан дар ҳар сурате ва ба ҳар далеле тазмин кунад, ба гузоришҳои созмонҳои маҳалливу байналмилалӣ оиди вуҷуди шиканҷаи систематикӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос диҳад.
Кумита даъват мекунад, як комиссияи муташаккил аз намояндагони мақомот, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хонаводаҳои маҳбусин таъсис шавад, то сабабҳои пайдоиши шӯриши зиндониёни хашмгин, амалкарди нирӯҳои АЛФА дар ҳамла ба зиндон, ба ҷазо кашидани зиндонбонҳое, ки бадрафтории онҳо боиси сар задани ин фоҷеа шуд ва масоили дигари қазияро баррасӣ кунанд, то чунин ҳодисаи нохуш такрор нашавад.
КШНГЗТ
08.11.2018
Добавить комментарий