Парвандаи Шералӣ Нажмуддинов (аснод ва мадорик)

Парвандаи №2Ҳ-8м/16 № 2ҲК-27м/16

Баррасӣ намудааст: Аблулҳақов М. маърузачӣ: Шарифзода А.Н.

ТАЪИНОТИ КАССАТСИОНӢ

Номаи Шералӣ Нажмуддинов ба Прокуратураи генералӣ

Ба Прокуратураи генералӣ

Аз номи махкумшуда Нажмудинов Шерали Сайдаҳмадович.

с.т.24.03.1959, бо моддаҳои 187 қисми 2; 32 қисми 3, 309 қисми 2 «б»; 306 КҶ ҶТ ба муҳлати 22 сол аз озоди маҳрум.

Саршавии ҷазо: 02.12.2015

Охири ҷазо:02.12.2037

15- ноябри соли 2017 аз номи махкумшуда Нажмудинов Шералӣ Сайдаҳмадович Шикояти назоратӣ ба қисми махсуси муассисаи ислоҳии Яс 3/1 дода шуд аммо то хол ба Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон равон карда нашуд. Аз шумо хокиш мекунам, ки барои онро бо дигар хучатҳои зарурӣ, мутобик ба моддаи 406 КМЧ ҶТ аз муассисаи номбурда равон кардан мусоидат намояд. 5/17-105 аз 30.11.2017.

Шикоят

Шералӣ Нажмуддинов

Бо Ҳукми Коллегияи Ҳарбии Суди Олии ҶТ аз 08 апрели 2016 ман 6о моддаҳои 187 қисми 2; 32 қисми 3, 309 қисми 2 банди «б»; 306 КҶ ҶТ гунаҳгор дониста шуда ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтанд аз озодӣ ба муҳлати 22 (бисту ду) сол бо мусодираи молу мулк, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таин карда шудааст.

Ман аз болои ҳамин ҳукми судӣ ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷҷиноятии Суди Олии ҶТ шиҳояти кассатсиони навиштаам, аммо онро боз Коллегияи харбии СО ҶТ дар ҳайати нав баррасӣ карда беканоат монд.

Ҳукми Коллегияи ҳарбии СО ҶТ аз 08 апрели соли 2016 ва таъиноти кассатсионии Коллегияи харбии СО ҶТ аз 22 июли соли 2016 6о сабабҳои зерин ғайриқонунӣ ва ноодилона мебошад:

1. Тафтишоти пешакӣ бо вайронкориҳои дағалонаи қонунгузории ҶТ гузаронида шудааст.

1.1. Ғайриконунӣ ба ҳабс гирифтан ба максади гирифтани нишондодҳои бардуруғи худикрорӣ. Бо истифодаи фиреб ва таҳдидҳо аз тарафи РМ3ҶМ ВКД ҶТ (УБОП МВД ҶТ) манро аз 2б ноябр то 02 декабри соли 2015 гирифтанд.

1.2. Маҷбур сохтан ба додани нишондодҳои бардуруғи худикророна 6о роҳи азобу шиканҷа таҳдидҳо, таҳкир ва серъоб аз 2б ноябр то 01 декабри соли 2015 бо максади гирифтани нишондодҳои бардуруғи худикрорӣ аз он ҷумла: гуё ман камераҳои назоратии хонаи Назарзода А.М. -ро оварда насб кардам, ратсияҳо ва телефонҳои алокаи кайҳонии «Сураё», дигар дастгоҳҳои алокаи радиоиро ба у фурухтам. Вахте, ки ман ба корманди РМ3ҶМ ВКД ҶТ гуфтам, ки инро муаян кардан осон аст, кӣ чучин дастгоҳҳоро ба Тоҷикистон ворид кард ва ба Назарзода А.М. фурухт, у дигар сенарияро пешниҳод кард. 27 августи соли 2015 Назарзода А.М. аз ман накшаи пайвасти камераҳои назоратии кисмҳои ҳарбӣ бо вазорати мудофиа барои тендер дархост кард чун, ки ширкати мо ҶДММ «Ҳамал — Т » бо ин масъала сару кор дошт.01 сентябри соли 2015 ман накшаи умумии пайвасти камераҳо ба воситаи шабакаҳои телефонҳои симӣ ва мобилӣ дар ду саҳифа ба у пешниҳод кардам. Мувофики корманди РМЗҶМ накшаи додагии ман гуё барои аз кор баровардани алокаи телефонии симӣ ва мобилӣ бо роҳи буридани кабелҳои оптикӣ равона будааст . Аз 26 то 30 ноябри соли 2015 ман ин сенарияро ба гардан нагирифтам. Аммо баъди азобу шиканҷаи такрорӣ аз лату куб дар кабинети сардори РМЗҶМ ВКД ва муовини у субҳ ва бегоҳӣ 01 декабри соли 2015 манро маҷбур карданд, ки чунин нишондоди бардуруғи худикрориро имзо кунам. Ба ин ҳонеъ нашуда сахари 07 декабри соли 2015 дар таҳхонаи РМЗҶМ ВКД 6о истифодаи кувваи барк манро азобу шиканҷа доданд, то, ки бар зиди генерал Искандаров Шоҳ ва полковник Шехов Солеҳ нишондоди бардуруғ диҳам, ки онҳоро 01 сентябри соли 2015 дар хонаи Назарзода А. дидаам ва боз гуё Назарзода А. ба ман вазифаи вазири алокаро ваъда кард. Ба азобу шиканҷа нигоҳ накарда ман дигар розӣ нашудам, чунки фахмидам, ки онҳо боз нишондодҳои нави бардуруғро ба гардани ман заданианд. Бегохи 07 декабри соли 2015 боз азобу шиканҷа дода таҳдид карданд, ки агар акалан вазифаи вазири алокаро ба гардан нагирам зану духтаронамро меёранд ва ман маҷбур шудам инро ҳам ба гардан гирам.

2. Дидаву дониста ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси бегyноҳ 6о роҳи сохтакории далелҳо ва далелҳои сунъӣ.

2.1. Дар саҳифаи 19 ҳукми судӣ омадааст, ки ман гуё :… дар давоми солҳои 2014-2015 ҳамчун тарафдори акидаҳои собик Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик мунтазам ба манзили истиҳоматии Назарзода А. М. бо баҳонаи «маърака» ва «оши худои» ҳозир гашта, оид ба максаду мароми иттиҳоди ҷҷинояти таъсис додан охирон ва роҳбарону фаъолони ҲНИТ, ки барои бо роҳи зуроварӣ ҳасб намудани ҳокимият, тағйир додани сохти ҳонститутсионии ҶТ ва дар заминаи он барпо кардани давлати исломӣ равона буд, маълумотдор шуда, максаду мароми иттиҳоди ҷиноятиро дастгири карданашро изҳор намуда аст.

Ин гyнаҳгоркунӣ пурра сохтакорона ва беасос мебошад. Дар ҳама баёнотҳояам ман гyфтам, ки дар давоми солҳои 1998- августи 2015 ман танҳо як маротиба соли 2012 бо даъвати бародараш Ҳаёт дар ҷанозаи падараш ба манзили истиҳоматии Назарзода А. М. рафта будам. Дар рафти мурофиаи судӣ ман чандин бор аз раиси суд хоҳиш кардам, ки бародарони Назарзода А. М. ва писарони Назаров Б.А. ҳамчун шоҳидон даъват ва пурсида шаванд, ҳарчанд номи оно дар айбнома набуд, аммо раиси суд ҳамаи ин дархостҳоро рад мекард. Дар айбнома танҳо як шохид- Муродов С. Б. нишон дод, ки манро мешиносад, ки дар вазорати алока муовини вазир кор кардам. Дар ҳукми судӣ бошад нишондоди у тағйири ҷиддӣ шуда, боз ду шоҳиди нав баъд аз анҷоми мурофиаи судӣ пайдо шуд: Назарзода Б.А. ва Шарипов С.К. ва хар сеи онҳо гуё ҳангоми тафтишоти пешакӣ нишон доданд, ки ман гуё хонаи Назарзода А. М. мерафтам, муносибат доштам. Пас чаро ин шоҳидон бо чунин нишондодҳо дар айбнома набуданд ва дархости ман барои даъвати Назарзода Б. А ва дигарон ҳамчун шоҳидон аз тарафи суд рад карда мешуд? ҷавоб осон аст- ин шоҳидон дар мурофиаи судӣ тасдиқ мекарданд, ки ман ба хонаи Назарзода А. М тамоман намеомадам ва 6о у ягон муносибат надоштам ки ин ба манфиати суд мувофиқ набуд. Бар хилофи ин ваҷҳи худи суд дар саҳифаи 32 ҳукми судӣ тасдиқ мекунад, ки ман то соли 2015 ҳамагӣ як маротиба ба хонаи Назарзода А. М. рафта будам: «… У як маротиба ба хонаи Назарзода А. Хангоми вафоти падараш рафтааст.»

2.2. Дар саҳифаи 20 ҳукми судӣ омадааст, ки ман гуё «… уҳдадор гаштам, ки барои фалаҷ гардонидани фаолияти сохторҳои қудратӣ нақшаи аз кор баровардани воситаҳои алокаи телефонҳои шаҳрӣ ва мобилӣ дар ҷумҳурӣ фаъолияткунандаро омода намоям.»

Хулосаи экспертиза, ки дар вақти тафтишоти пешакӣ гузаронида шуд, ваҷҳои судро пурра инкор карда тасдик кард, ки ду нақшаи ман ба Назарзода А додагӣ ва чортои дигар, ки дар корхонаи мо ёфтанд, сирри давлатӣ надоранд ва барои тағрибкорӣ истифода бурдан ғайриимҳон аст.

27 августи соли 2015 Назарзода А. М ба ман занг зада, суроғаи офисамонро пурсид ва гуфт, ки камераи назоратиро барои таъмир равон мекунад. Бегоҳ у занг зада аз ман хоҳиш кард, ки ба хонааш воқеъ дар хлебзавод биёям. Ман пурсидам, ки ин ҳамон ҷое, ки ҷанозаи падараш буд ва у тасдиқ кард. Вахте ба хонаи Назарзода А рафтан, роҳгум задам чунки роҳро фаромуш кардам. Ба зангҳои телефонии ман у ҷавоб надод, чунки намози шом мехонд. Ман аз одамони атроф пурсида, хонаи Назарзода А-ро бо мушкилӣ ёфтам. Дар вохурӣ у гуфт, ки тендер оид ба пайвасти камераҳои назоратии кисмҳои ҳарбӣ 6о вазорати мудофиа баргузор мегардад. Барои омода кардани дархост тендерӣ нақшаи умумии пайвасти камераҳоро пешниҳод кардан даркор. Ман гуфтам, ки камераҳои назоратиро мешавад бо истифодаи хатҳои телефонҳои симӣ ва мобилӣ ба як компютери марказӣ пайваст шаванд. 01 сентябри соли 2015 ман нақшаи умумии тарзи пайвасти камераҳои назоратӣ ба воситаи хатҳои телефони ба Назарзода А дар ду саҳифа пешниҳод кардам. У пурсид, ки чи метавонад ба устувор будани пайвасти камераҳои назоратӣ таъсир расонад. Ман ҷавоб додам, ки АТС — ҳои шаҳро бояд на кам аз ду кабели оптикӣ аз ду тараф (ҳамагӣ чорто) бо ҳамдигар пайваст бошанд ва якто аз онҳо кифоя аст, ки алоқаро байни АТС -ҳо таъмин мекунад. Дар ҳолати истифодаи хатҳои телефонҳои мобилӣ агар як база аз кор барояд, камераҳо ба таври автоматикӣ ба базаи дигар пайваст мешаванд. Корманди РМ3ҶМ ВКД ҶТ ҳамаи инро шунида гуфт, ки ҳеҷ кас ба ту бовар намекунад ва сенарияи худро фалаҷ гардонидани алокаи телефонии симӣ ва мобилӣ пешниҳод кард. Ман рози нашудам аммо баъди азобу шиканҷаи такрорӣ ман маҷбур шудам, ки чунин нишондоди бардуруғи худикрориро имзо кунам. Дар рафти мурофиаи судӣ ман чандин бор дархост кардам экспертҳоро, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ истифода бурданд, даъват кунанд, аммо суд онро рад мекард. Чунки онхо беасос будани ин иттиҳомоти судиро ва бегуноҳии манро исбот мекарданд, ки ин ба манфиати суд набуд. Ҳар мутахассиси соҳаи алока медонад, ки барои аз кор баровардани алокаи телефонҳои симӣ паквасти як флешкорт 6о вирус ба сервери ГТС кифоя аст. Барои алокаи телефонии мобилӣ бошад ду генератори махсусро, дар болои боми биноҳои баландошёна ҷойгир кунанд кифоя аст. Яъне барои буридани кабелҳои оптикӣ, ки кори хеле мушкил ва печида мебошад, ягон зарурат набуд. Аз инҷо бар меояд, ки ваҷҳои айбнома ва ҳукми судӣ, ки дар боло оварда шудаанд инчунин як ваҷҳи дигар дар саҳифаи 31 ҳукми судӣ, ки ман гуё: «…рузи 01 сентябри соли 2015… ба хонаи Назарзода А. М. даромада… накшаи АТС — ро ба у дода, боз фаҳмондааст, ки агар кабелҳои оптикаро буранд, телефони шаҳрӣ аз кор мебарояд,» ягон асос ё мантиқи техники надорад.

2.3. Дар саҳифаи 30 ҳукми судӣ омадааст, ки ман гyё » бо Назарзода. А муносибати хуб доштам.» Ман соли 2001 бинои ошхонаи ДОК — ро, вокеъ дар ш. Душанбе, к. Зебуниссо, 5 харида, замини назди онро бо девор маҳкам кардам. Тахминан солҳои 2004 -2005 Назарзода А. М. корхонаи ДОК — ро харид ва бо бахонае, ки ман гуё замини зиёдатӣ гирифтам, огоҳ накарда, деворамро вайрон кард, кати оби хунук ва ташнобро аз тарафи ДОК қать кард. Соли 2012 Назарзода А. М. ба бародараш Ҳаёт супориш дод, ки сими хати баркро аз тарафи ДОК ба бинои ошхона бурида партояд. бо ҳамин роҳ Назарзода А. М. ба ман фишор оварда, мехост маҷбур кунад, ки ман бинои ошхонаро бо пули ночиз (панҷ ҳазор доллари ИМА) ба у фурушам. Дар баёнот ва мурофиаи судӣ ман ин далелҳоро оварда будам, аммо онҳо ҳатто ҳуҷҷатгyзорӣ нашудаанд.

2.4. Дар саҳифаи 32 ҳукми судӣ се ҳодиса, ки ба солҳо ва руйдодҳои гyногyн марбут мебошад, дидаву дониста бо максади сохтакории далелҳо тағъир дода бе нишон додани санаҳо думболи якдигар овардаанд: » Назарзода А.М ҳангоми дар вазорат кор кардан мавҷкабулкунак харидааст, у рафта онро васл кардааст, ки Назарзода А ба у нисбат ба маблағи васлкардааш зиёдтар маблағ додааст. У як маротиба ба хонаии Назарзода А пайиҳам пеш аз ҳангоми вафоти падараш рафтааст. Баъди бо Назарзода А дар хонааш ҳамсуҳбат шудан максадашро фаҳмидааст, ки кори бадеро карданист.»

Хариди мавҷабулкунакҳо соли 1998 аз ширкати «Техника», ки ман дар он кор мекардам шуда буд, Назарзода А бошад ба вазорат соли 2014 таъин шуд. Ҷанозаи падараш соли 2012 буд ва ҳамсуҳбат шуданамон моҳи авгyсти соли 2015 буд. Ин се рёйдоди гyногyнсола ва гyногyнсабабро суд дидаву дониста, якҷоя, бе нишон додани санаҳо суд ба он максад кард, ки ҳукми гайриқонунии худро аққалан бо чунин далелҳои сунъи асоснок карда тавонад.

Боз дар ҳамонҷо омадааст, ки : «дар як маҷлиси ҲНИТ чанд сол пеш иштирок кардааст.»

Ин маҷлис моҳи апрели соли 2003 бо сабаби ҷашни 30-солагии ташкили ҲНИТ буд ва дар он аз бисёр вазорату идораҳои давлатӣ намояндаҳо иштирок доштанд. Аз он ҷумла ман аз тарафи вазорати алока иштирок кардам ва дар баёнот инро овардаам. Ишораи суд ба ин ҳодиса бо пинҳон кардани сабаби он боз як мисоли равшани сохтакории далелҳо буда, кушиши нишон додани робитаи ман бо ҲНИТ будааст.

2.5. Дар саҳифаи 68 ҳукми судӣ боз як мисоли сохтакории дагалона ва ошкори далелҳо оварда шудааст: » у аввалҳои моҳи сентябри 2015 ду маротиба ба хонаи Назарзода А рафтааст.»

Ин ваҷҳи суд бо баёноти ман, айбнома далелҳои шаъӣ ва дигар бандҳои худи ҳукми судӣ мухолифат мекунад, ки дар ҳамаи онҳо исбот шудааст,ки ман моҳи сетябри соли 2015 танҳо як маротиба — 01 сентябр ба хонаи Назарзода А рафтаам (нигаред ба саҳифаи 32 ҳукми судӣ).

2.6. Дар айбнома ва ҳукми суди омадааст, ки дастгоҳи кабул ва ирсоли мавҷ (репитер), ки ман аз маҳкумшуда Шехов С.П гирифтам, гуё барои фалаҷ гардонидани алокаи радиоии сохторҳои кудратии ҶТ равона карда шудааст.

Дар таиноти кассатсионӣ бошад ин ва алакай тағири ҷиддӣ барои халалдор сохтани мавҷи радиодастгоҳҳои мақомоти кудрати …», ҳарчанд ин ваҷҳ ҳам аз нигоки техникӣ ва шоҳидони мутахассис, аз он ҷумла собик сардори шуъбаи алокаи КДАМ ҶТ Шарипов Субҳӣ тасдик карданд, ки ин ғайриимкон аст.

Ман аз соли 1999 аъзои ҲХДТ мебошам ва то моҳи феврали соли 2006 раиси ташкилоти ибтидоии «Алоқа» дар вазорати алока будам. Соли 2001 бо ифтихорномаи Раиси ҲХДТ сарфароз гаштам.

Асосгyзори Сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумкурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вакти дар вазорати алока кор карданам чандин маротиба дар маҷлисҳои ҳукумат ба кори ман баҳои баланд доданд. Чи тавр баъд аз ин ман гуруҳи муташакили ҷиноятиро гyё дастгирӣ мекардам ва боз аъзои он мешудам?

Дар вакти муовини якуми вазири алока кор карданам сарпарасти телевизион ва радиошунавонӣ, шабакаҳои компютерӣ, алокаи кайҳонӣ, қонунгyзорӣ дар соҳаи алока ва сарпарасти алокаи почта будам. Таҳиягар ва масъули иҷрои барномаи «Мавҷи Сомон-2005» будам, ки бо дастур ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва иҷро шуд. Дар Конфаронси байналмилалии алокаи радиоӣ дар шаҳри Женева МКР -2004 муовини Раисӣ кумитаи техникии он интихоб шудам, ки дониши баланд дар соҳаи алока ва забони англисиро донистан ҳатмӣ буд. Роҳбари гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба ворид кардани забони тоҷикӣ ба барномаҳои компютерии «Виндовз» ширкати Майкрософт ва дигар масъулиятҳоро бар душ доштам. Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии роҳбари Комисияи татбики қонуни 3абони назди Хукумати ҶТ профессор Ғаффор Ҷураев иҷрои қонуни забони давлатиро дар вазорати алока ба роҳ мондам. Чандин ҳуҷатҳои соҳаи алока ва иттилоотиро, хусусан барои сохторҳои кудратӣ аз забони русӣ ва англисӣ ба забонӣ тоҷики бепул тарҷума кардам, барои мутахасисони он дарсҳо ва семинарҳо гyзаронидам.

Бо маблағи худӣ луғати электронии русӣ-тоҷикӣ омода кардаам. Таъмини барномаҳои литсензионии компютерӣ аз он ҷумла зидди-вирусӣ ва амнияти иттилоотӣ барои сохторҳои кудратӣ ва вазоратy идораҳои давлатӣ ба роҳ монда будам.

Дар рузи якуми мурофиаи судӣ ман ба суд гyфтам, ки маро дар вакти тафтишот чандин бор лату куб карда 6о кувваи барк азобу шиканҷа доданд, ки нишондоди бардуруғи худикрориро имзо кунам, аммо аз тарафи суд ягон аксу амал дида нашуд.

Тибки талаботи моддаи 373 КМҶ ҶТ таҳқиқ тафтишоти пешакӣ ё судӣ яктарафа нопурра ба ҳисоб меравад ба шарте, ки зимни анҷом додани он ҳолатҳои барои баровардани ҳукм аҳамияти ҷидди дошта муайан карда нашуда бошанд. Аз тарафи суд риоя накардани ин меъёри қонунгузории мурофиавии ҶТ равшану возеҳ бо ваҷҳу далелҳои дар боло оварда шуда исбот гардидааст.

Тибки талаботи банди 5 карори Пленуми Суди Олии ҶТ №33 аз 24.12.2010 сол «Дар бораи ҳукми судӣ» ва моддаи 333 КМҶ ҶТ ҳукми айбдоркунанда бояд бо тахминҳо асос наёбад ва бо шарте бароварда мешавад, ки дар ҷараёни муҳокимаи судӣ гyнаҳкор будани судшаванда дар содир намудани ҷиноят бо маҷмуи далелҳои таҳқиқшуда тасдик гардад. Инчунин суд бар хилофи ин талабот кушиш кард, ки ягон шоҳиди калиди ба экспертҳо, ҳатто ба дархости чандин каратаи ман ба мурофиаи судӣ роҳ наёбанд. Ҳарчанд тарафи айбдоркунанда ва суд тахминҳо ва далелҳои бемантику сохтакоронаро васеъ истифода бурданд, гyнаҳкории манро исбот карда натавонистанд. Дар ҷои бартараф кардани мухолифатҳои дар парвандаи ҷиноятӣ ҷой дошта худи суд ба сохтакории далелҳои нав даст задааст, ки онҳо ҳатто бо дигар далелҳои айбнома ва ҳукми судӣ пурра мухолифат мекунанд. Чи тавре, ки ман дар боло кайд кардам ваҷҳои айбнома ва ҳукми судӣ пурра мухолифатӣ ҷиддӣ мекунанд.

Ғайриқонунӣ будани ҳукми судӣ ҳамчунон дар он ифода меёбад, ки дар рафти мурофиаи судӣ маълум гашт, ки барои бароварданӣ ҳукми айбдоркунанда нишондоди бардуруғи худикрории ман асос ва кифоя шуда наметавонад ва нишондодҳои тасдиқкунандаи гyноҳам шоҳидон вуҷуд надорад, ки инро ҳимоят гирам ва ман дар охири суханонамон кайд кардем. Ин ҳолатро дарк намуда суд се шоҳиди нав ва нишондодҳои нави бардуруғ аллакай баъд аз мурофиаи судӣ худсарона ба ҳукми худ илова кард.

Суд ҳангоми мурофиаи судӣ бемасъулият нишон дода кушиш намудааст, ки бо ҳар роҳу воситае набошад нисбати ман ҳукми гyнаҳгоркунанда барорад. Хама фактҳо ва далелҳои дар боло овардашуда асос барои бекор кардани ҳукми судӣ ва таъиноти кассатсионӣ мебошад.

Бинобар ин бо дастрассии моддаҳои 76 қисми 2, 881 333, 365-366, 373 КМҶ ҶТ аз Суди Олии Ҷтумҳурии Тоҷикистон.

ХОҲИШ ДОРАМ:

Ҳукми Коллегияи Ҳарбии Суди Олии ҶТ аз 08 апрели соли 2016 ва таъиноти кассатсиони Коллегияи Ҳарбии Суди Олии ҶТ аз 22 июли соли 2016 бо моддаҳои 187 қисми 2; 32 қисми 3, 309 қисми 2 банди «б» ва 306 КҶ ҶТ бо сабаби риоя накардани талаботи қонунгузории мурофиавӣ- ҷиноятии ҶТ аз тарафи суди марҳилаи аввал ва кассатсиони ва исбот намудани гyноҳи ман дар рафти мурофиаи судӣ бекор карда шавад. Бо сабаби дар кирдорҳоям набудани аломатҳои ҷиноят аз Шумо эҳтиромона хокиш мекунам, ки 6о ҳукми боадолатонаи суди бароварда сафед карда шавам.

Маҳкумшуда: Нажмудинов Ш. С.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s