Баъзе анвоъи шиканҷа ва ришва дар зиндонҳои Тоҷикистон

Баъди ошӯб ва қатли дастаҷамъии зиндониён дар маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд, ки гуфта мешавад бар асари шиканҷаи тоқатфарсои маҳбусон сар задааст, гуфтугӯҳо дар бораи шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон бештар шудааст.

Қаблан ҳам чанд хабару мақола дар бораи шиканҷа ва қатли амдии маҳбусон дар зиндонҳо нашр шуда буд. То имрӯз қатли амдии наздик ба 20 нафар дар зиндонҳои Тоҷикистон расонаӣ шудааст, аммо коршиносон бар ин назаранд, ки шумори воқеъии кушташудагон дар натиҷаи шиканҷа бамаротиб бештар аст.

Анвоъи шиканҷаҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон  

Ба Паём муяссар шуд як зиндониеро, ки панҷ сол дар ҳамин зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд маҳбус будааст, пайдо кунад. Ӯ баъзе аз анвоъи шиканҷаҳои асосиеро, ки дар ин зиндон ва зиндонҳои Тоҷикистон истифода мешавад, номбар кард.

— Урён нигоҳ доштан рӯи бетон дар ҳавои сард, зери барфу борон ва дар ҳавои гарм зери тобиши мустақими офтоб;

— Хобонидан болои бетон бо шикам ва пушт ва қадам задани зиндонбонҳо аз рӯи зиндониҳо;

— Маҷбур ба нишасту бархост дар ҳолати урён;

— “Склонка” — тафтиши даҳкаратаи (ҳар ду соат) зиндониҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ дар тӯли рӯз бо баҳонаи пешгирӣ аз фирор бо нишастан рӯи бетони сард ва зери барфу борон ва офтоби сӯзон;

— Надодани ғизо ва либос;

— Латукӯб барои каме баланд шудани мӯйсар ва риш;

— Ҳабс кардан дар ҳуҷраи махсус (сиёҳчол), ки зимистон бисёр сард ва тобистон хеле гарм аст, тиреза надорад ва имкони хоб рафтан вуҷуд надорад;

— Манъи табобат дар ҳолати беморӣ. Бемористони зиндон ҳамчун истироҳатгоҳи зиндониҳои пулдор ва ё VIP истифода мешавад на барои табобати беморон;

— Латукӯби шадид дар камтарин ҳолати нақзи қоида, ё гапгардонӣ ба зиндонбонҳо. “Нақзи қоида” ҳам бештар ба онҳое нисбат дода мешавад, ки талаби пардохти пулро иҷро карда наметавонанд;

— Задани мисвоки дандоншӯӣ ба мақъад;

— Вазъи хеле бади хӯрок ва либос;

* * *

Ришва ва системаи пулситонии роиҷ ва дар зиндонхо

Тибқи гуфтаи ин маҳбуси собиқ, зиндонбонҳо мекӯшанд бо ҳар баҳона аз зиндониён пул ситонанд. Тамоми умур дар зиндон танҳо тавассути пардохти ришва анҷом мешавад. Масрафи баъзе зиндониён то 1000 доллари амрикоӣ мерасад.

Намуд ва ҳаҷми баъзе аз ришваҳое, ки аз зиндониён ситонида мешавад:

— Барои дидори кӯтоҳ муддати 1то 2 соат — 100 сомонӣ;

— Барои мулокот бо ҳамсар ва наздикон рӯзона 300 сомонӣ;

— Зиндагӣ дар бахши тиббӣ: гирифтани ҷой барои як сол 500 то 1000$ ва аз 100 то 300$ “иҷора”-и моҳона;

— Барои хориҷ шудан аз листи зиндониёни маҳкумшуда ба “склонка” аз 4000$ то 6000$ солона;

— Барои риш ё мӯйсари расида —  400 сомонӣ;

— Камбуд дар либос — 300 сомонӣ;

— Телефони дастӣ — 1500  сомони

* * *

Бемориҳои роиҷ дар зиндонҳо, ки мақомот барои пешгириву табобаташ коре анҷом намедиҳанд:

— норасоии маснӯъии бадан (СПИД)

— сил (туберкулез)

Ҳамчунин тибқи иттилоъи манбаъ, солона даҳҳо зиндонӣ дар натиҷаи шиканҷа ё сардиву беморӣ дар сиёҳчолҳо ҷон медиҳанд, вале қисмати хеле ками онҳо расонаӣ мешаванд. Бештари наздикони кушташудаҳо аз тарси қасоси мақомот хомӯширо авло медонанд.

Баъди ҳодисаи 7 ноябр, вазъияти зиндониҳо ва шароити маъишат ва буду-бошашон хеле нигаронкунанда мебошад. Зиндониҳои сиёсиро ҳодисаи Хуҷанд ба шиддат нигарон кардаст ва мегӯянд ҳар лаҳза эҳтимол меравад бо чунин ҳамлае онҳоро низ ба қатл бирасонанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: