Ба гузориши сайти Ахбор, ҳафтаи гузашта мақомот се сокини деҳаи Рукнобод (собиқ Советобод ва Шӯрча)-и Панҷакент, аз ҷумла ду ноболиғро бо гумони ҳамкорӣ бо гуруҳҳои ифротӣ дастгир кардаанд. Рӯзи 14 ноябр аввал Меҳрофарин Наҷеуллоев, хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 64 ва рӯзи 18 ноябр имоми собиқи яке аз масҷидҳои панҷвақтаи Рукнобод Қорӣ Шоҳон Қосимов ва боз як хонандаи мактабро боздошт кардаанд. Сабаби боздошти ду нафари охир ҳанӯз рӯшан нест, вале Меҳрофарини 17-сола, ба гуфтаи сокинон, барои дар Интернет пахш кардани тугмаи «класс” дар зери кадом матлаби марбут ба гуруҳҳои ифротӣ дастгир шудааст.

Сокинони деҳаи Рукнобод (собиқ Советобод ва Шӯрча)-и Панҷакент мегӯянд, ки тайи чанд рӯзи охир се сокини ин деҳа, аз ҷумла ду хонандаи мактаб барои тарафдорӣ аз ақидаҳои ифротии мазҳабӣ дастгир шудаанд. Ин бори аввал аст, ки сокинони Рукнобод бо чунин иттиҳом дастгир мешаванд ва ин мардумро дар ин минтақаи Панҷакент нигарон кардааст.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, нахустин шуда, рӯзи 14 ноябр Меҳрофарин Наҷеуллоев, соли таваллудаш 2001, хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 64 дастгир шуд. Гуфта мешавад, ки Меҳрофарин гӯё дар Интернет зери кадом матлаби мазмунаш ифротӣ тугмаи «класс”-ро зер кардааст.
Ҳамсӯҳбатони сомонаи «Ахбор” гуфтанд, ки Меҳрофарин бачаи намозхон буд ва ӯро қаблан як дафъа мақомот ҳангоми адои намоз дар масҷид дастгир карда, огоҳӣ дода будаанд. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, дар намозҳои масҷид иштирок кардани нафарони то синни 18, ба истиснои намозҳои таровеҳ дар моҳи Рамазон, мамнӯъ мебошад.
Рӯзи 18 ноябр мақомоти милиса аз деҳаи Рукнобод боз ду нафар – Қорӣ Шоҳон Қосимов, имоми собиқи яке аз масҷидҳои панҷвақтаи ин деҳаро ҳамроҳ бо боз як хонандаи мактаб омада бурдаанд. Сокинон дар бораи ба чӣ муттаҳам шудани ин ду нафар иттилоъ надоранд, вале тахмин мезананд, ки имкон дорад, инҳоро бар асоси баёноти Меҳрофарин Наҷеуллоев бурда бошанд. Хонандаи дуюми боздоштшуда низ, ба гуфтаи сокинон, намозхон буд.
Аммо Қорӣ Шоҳон то замоне ки масҷиди панҷвақтаи яке аз маҳаллаҳои Рукнобод фаъол буд, имоматии онро ба ӯҳда дошт. Вале ин масҷид баъдан бо қарори мақомот баста шуд.
Деҳаи Рукнобод, ки қаблан Шӯрча ва Советобод ном дошт, дар ҷамоати деҳоти Ворӯи Панҷакент ҷойгир шудааст. Дар ин деҳа, бино ба маълумоти нашршуда дар Википедия, қариб 7 ҳазор нафар, ҳама тоҷикон зиндагӣ мекунанд.
Добавить комментарий