Ба гузориши сайти Паём, саду бист нафар зиндониёни сиёсӣ ва мазҳабӣ аз зиндонҳои ҷануби Тоҷикистон ба зиндони рақами 3-и Хуҷанд интиқол дода мешаванд. Қарори интиқоли шуморе аз онҳо аллакай содир шудааст.
Тибқи иттилоъи ин манобеъ, 120 нафар зиндониёне, ки бо иттиҳоми терроризму экстремизм маҳкум ба зиндон шудаанд, ба зиндони рақами 3-и Хуҷанд, гузаронида мешаванд. 7-уми ноябр дар ин зиндон баъди шиканҷаи чанд зиндонӣ ошӯб сар зад ва баъди тирборори маҳбусини бесилоҳ аз тарафи гурӯҳи “Алфа”-и КДАМ, беш аз 50 нафар кушта ва 186 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Манобеъи Паём мегӯянд, ҳоло бо супориши сардори нави Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Мансур Умаров онҳоеро, ки бо иттиҳому терроризму экстремизм ҳукмҳои тӯлонии ҳабс доранд, барои интиқол ба зиндони “машҳур”-и Хуҷанд омода мекунанд. Шуморе аз маҳбусин аллакай амр гирифтаанд ба “кӯчидан” омода шаванд.
Чаро 120 нафар?
Дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд, ки барои 750 нафар пешинӣ шудаст, тибқи иттилоъи қаблан расонаишуда 850 нафар нигаҳдорӣ мешуданд. Манобеъи Паём аз кушта шудани 53 нафар ва ҷароҳат бардоштани 186 нафар иттилоъ дода буданд. Дертар як манбаъи дигар гуфт, ки чанд нафар аз маҷрӯҳон низ дар беморхонаҳо ҷон додаанд.
Ҳанӯз на Сарраёсати иҷрои ҷазо, на додситонӣ ва на ҳукумат расман шумори кушташудагонро эълон накардаанд. Аз мақомоти расмӣ танҳо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин (Аслов) дар Брюсел ба ҷамъи хабарнигорон шумори кушташудагонро 21 нафар гуфт.
Дар сурати интиқоли боз 120 нафар ба ин зиндон, шумори зиндониён дар он бо дарназардошти кушташудаҳо тибқи иттилоъи вазири корҳои хориҷа, ба 950 нафар мерасад. Суоле ба вуҷуд меояд, ки чаро мақомот мехоҳанд шумори зиндониён дар зиндонеро, ки таҳти дурбини тамоми расонаҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмиллалӣ қарор дорад, аз меъёр 200 нафар бештар кунанд?
Вале агар ба шумори воқеъии кушташудагону маҷрӯҳон назар карда шавад, масъала рӯшан мешавад. 186 маҷрӯҳ ва 53 кушта — 239 нафаре, ки аз ин зиндон хориҷ шудаанд. Бо дарназардошти ин ки зиндони рақами 3 дигар таҳти назорати ҷомеъаи ҷаҳонӣ қарор дорад ва ҳар лаҳза имкон дорад созмонҳои байналмилал тафтиши онро талаб кунанд, маҷрӯҳон низ ба ин зиндон баргардонида намешаванд. Ба ҷуз аз онҳое, ки тир нахӯрдаву ягон захми дигар бардоштаанд, ҳоло онҷо 600-610 мавҷуданд ва баъди интиқоли 120 нафари дигар шумор ба меъёр хеле наздик мешавад.
Аммо чаро зиндониёни сиёсиву мазҳабӣ?
Мақомот даъво доранд, ки ошӯб кори дасти доишиҳову дигар афроди муттаҳам ба терроризм буд. Ин даъвояшон танҳо ҳамон вақт эътибор пайдо хоҳад кард, ки шумори зиндониёни муттаҳам ба терроризму экстремизм дар зиндони рақами 3 зиёд бошад.
Бо интиқоли 120 муттаҳам ба терроризму экстремизм зоҳиран мақомот мехоҳанд ин “мушкил”-ро ҳал кунанд. Ҳар вақте тафтише сурат гирифт, кофист, ки рӯйхати зиндониён дар ихтиёри тафтишгарон қарор гирад — ҳади ақал 120 нафари муттаҳам бо ин парвандаҳо.
Зоҳиран ба раёсати зиндонҳо расидани ҷонишини раиси КДАМ ҳам тибқи ҳамин нақша тарҳрезӣ шудааст. КДАМ масъулияти тирборон кардани ҷаҳоряк ҳазор одамро ба дӯш дорад. Танҳо террорист муаррифӣ кардани зиндониён метавонад тамғаи ниҳоди террор будани ин кумитаро аз он дур нигоҳ дорад.
Добавить комментарий