Эъломияи матбуотии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНЗТ)

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон эълом мекунад: дар санаи 10 декабри соли 2018, соати 10 ба вақти маҳаллӣ, гирдиҳамоии бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон дар баробари Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон баргузор мегардад.

Дархости ин гирдиҳамоӣ аз мақомоти Тоҷикистон иборат аз ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд фавран дархости Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси озодии зиндониёни сиёсӣ: асосгузори гурӯҳи “Тоҷикистони нав” ва вафири собиқи саноат Зайд Саидов, муовини раҳбари ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки аз 28 сол то ҳабси абад ба зиндон маҳкум шудаанд.

Мо ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон тақозо менамоем, то феҳристи комили ҳамаи кушташудаҳо ва захмиҳои зиндони рақми 3/3 Хуҷандро нашр кунанд. Мо дархост мекунем, то ҳамаи омилони ин ҷиноят ва афроде, ки дастури қатли инсонҳои ғайримусаллаҳро додаанд муҷозот шаванд.

Мо аз созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал меоварем, то аз мақомоти тоҷик дархост намоянд, ки гузориши комил дар бораи ин парванда ва ин ки чӣ касоне дар ин ҷинояти зидди башарӣ гуноҳкор буданд ва тибқи қонунҳои Тоҷикистон муҷозот гардиданд, ироа кунанд.

Мо аз шарикони ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо дархост менамоем, то кӯмакҳои иқтисодӣ ва молии худ ба режими Эмомалӣ Раҳмонро қатъ кунанд; кӯмакҳое, ки барои таҳкими демукросӣ ва барқарории амният дода мешаванд, аммо ҳукумат онро дар саркӯби опозистсия ва дигарандешон сарф мекунад.

Аз ҳамаи тоҷикистониёни муқими Аврупо ва ҳизбҳо ва ҷунбишҳо ва алоқамандон ба сарнавишти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ва низ расонаҳои гурӯҳӣ ва хабарнигорон хоҳиш ба амал меояд бо иштирок дар ин гирдиҳамоӣ, саҳми худро дар раҳоии зиндониёни сиёсӣ бигузоранд

Бо эҳтиром Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ)

03.12.2018

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: