Хонаводаи Сулаймон Давлатов, яке аз фаъолони сиёсии дар Аврупо қарор дошта, се рӯз инҷониб аз тарафи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (РМЗҶМ — УБОП )-и Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мавриди пурсиш ва озору азият қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи манбаъи пойгоҳи иттилоърасонии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, падари Сулаймон, Ҳоким Давлатов (мутаваллиди 1949), ки 70 сол син дорад, чанд бор ба УБОП бурда шуд ва дирӯз субҳ (3 декабр) низ бори дигар ин пирамарди 70-соларо бурданд, хостанд, ки модарашро ҳам бубаранд.
Вале ба далели ин ки модари Сулаймон, Ҳикоят Нозимова (мутаваллиди соли 1958) се рӯз боз аз тарс ва фишорҳои мақомот ба бемории сактаи мағзӣ мубтало шудааст, натавонистанд, ки модарро ҳам бо худ бубаранд ва муйсафедро танҳо бурданд.
Ногуфта намонад, ки ин боздошти хонавода дар пайи баромадҳои сабти видеоии Сулаймон сурат гирифтааст.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНЗТ) ба мақомоти кишвар ҳушдор медиҳад, ки даст аз ҳама гуна хушунат ва қонуншиканиҳо нисбати хонаводаҳои фаъолони сиёсӣ бардоранд. Агар балое ба сари падару модари Сулаймон Давлатов биёяд, КШНГЗТ бо муроҷиа ба созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ, аз болои ҳукумати Тоҷикистон шикоят хоҳад бурд.
Добавить комментарий