Шурӯъи корзори даъват ба гирдиҳамоӣ дар Берлин (видео ва тасвир)

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗТ) даъвати худ аз шаҳрвандони тоҷики муқими Аврупо барои ширкат дар гирдиҳамоӣ дар баробари сафорати Тоҷикистон дар Берлинро оғоз кард.

КШНГЗТ эълом кардааст, ки дар санаи 10 декабри соли 2018, соати 10 ба вақти маҳаллӣ, гирдиҳамоии шаҳрвандони Тоҷикистон дар баробари Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон баргузор мегардад.

КШНГЗТ дар эъломияи матбуотии худ, дархости гирдиҳамӣ аз мақомоти Тоҷикистонро чунин баён доштааст: “ҳукумати Тоҷикистон бояд фавран дархости Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси озодии зиндониёни сиёсӣ: асосгузори ҳизби сабти ном нашудаи “Тоҷикистони нав” ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов, муовини раҳбари ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки аз 28 сол то ҳабси абад ба зиндон маҳкум шудаанд.”

Баёния афзудааст: “Мо ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон тақозо менамоем, то феҳристи комили ҳамаи кушташудаҳо ва захмиҳои зиндони рақми 3/3 Хуҷандро нашр кунанд. Мо дархост мекунем, то ҳамаи омилони ин ҷиноят ва афроде, ки дастури қатли инсонҳои ғайримусаллаҳро додаанд муҷозот шаванд.”

Кумита зимни даъват аз ҳамаи тоҷикони муқими Аврупо бароит ширкат дар ин гирдиҳамӣ ёдовар шудааст: “Аз ҳамаи тоҷикистониёни муқими Аврупо ва ҳизбҳо ва ҷунбишҳо ва алоқамандон ба сарнавишти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ва низ расонаҳои гурӯҳӣ ва хабарнигорон хоҳиш ба амал меояд бо иштирок дар ин гирдиҳамоӣ, саҳми худро дар раҳоии зиндониёни сиёсӣ бигузоранд.”

Видеоҳо ва тасвирҳои даъвати КШНГЗТ:

 

Баргузоркунандагони ин гирдиҳамоӣ, ҳамчунин ҳамдилии шуморе аз шаҳрвандони хориҷӣ бо дархостҳои тоҷиконро низ дар фазои маҷозӣ мунташир кардаанд, ки баъзе аз онҳо меояд:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: