Изҳори ташаккури КШНГЗТ аз тоҷикони сокини Аврупо

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни Тоҷикистон (КШНГЗТ) аз ҳамаи бародарону хоҳарони сокини Аврупо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, созмону ҳаракатҳо ва дигар ашхоси алоҳида, ки дар тазоҳуроти рӯзи 10. 12. 2018 дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон ва ҳамчунин дар назди Бендустаг (парлумони Ҷумҳурии Федероли Олмон) ширкат варзиданд, изҳори сипос менамояд.

Инчунин аз тамоми касоне, ки дар рафти ин чорабиниҳо аз зиндониёни сиёсии бегуноҳи Тоҷикистон ҳимоят ба амал оварда, барои озодии онҳо садои худро баланд карданд, изҳори миннатдорӣ мекунад.

Умедворем, ки бо инояти Худованд кӯшишу талоши шумо, азизони дилу дида ва муборизини ҷонбаркаф, ба зудиҳои зуд ҳамаи мардуми мазлуми дарбанд озод хоҳанд шуд. Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аз зулму ситам ва ҷавру ҷафои ин ҳукумати худкома наҷот хоҳанд ёфт.

Зулми золимон ба поён хоҳад расид ва ин ситамгорон дар назди таърих ва миллат барои ҳамеша бадном хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки КШНГЗТ дарди дили шумо, ҳамватанони азиз ва садои эътирозҳоятонро ба ҳамаи созмонҳои бйналмилалӣ, ки дар ростои таъмини ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд фаъолият мекунанд, расонид.

Ҳамзамон нусхаи баёнияҳо ба тамоми сафоратхонаҳои мавҷуд дар Тоҷикистон, СММ, Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамаи парлумонҳои кишварҳои демократӣ ирсол шуд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни Тоҷикистон (КШНГЗТ)

16.12.2018

Варшава, Полша

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: