Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ), зимни ибрози нигаронии амиқи худ аз боздошти Наимҷон Самиев, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ва истирдоди ӯ ба кишвар, баён медорад:
1) Боздошти Самиев дар Русия як амали комилан ғайриқонунӣ ва истирдоди ӯ ба Тоҷикистон як навъ рубоиш ба шумор меравад. Зеро бино ба маълумоти мо, Самиев ҳеч гуна ҷинояте, на пеш аз муҳоҷираташ ба Русия ва на пас он, анҷом надодааст. Бинобар ин, боздошт ва нигаҳ доштани ӯ, хилофи қонун ва ҳамаи меъёрҳои байналмилалӣ дар хусуси ҳуқуқи башар ҳисобида мешавад.
Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки созмони Human Rights Vision Foundation, дар изҳороте, боздошти Наимҷон Самиев дар Русия ва истирдодаш ба Душанберо “дуздӣ” номида, изҳор доштааст, ки “ин корро мақомоти махсуси Тоҷикистон бо кӯмаки намояндагони фасодзадаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия анҷом додаанд.”
2) Узви ҲНИТ будани Наимҷон Самиев дар гузашта низ, наметавонад далели боздошти ӯ қарор бигирад; зеро ки дар замоне, ки Самиев узви ҲНИТ буд, ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳизби расмӣ шумурда мешуд.
Наимҷон Самиев пеш аз он, ки мақомот фаъолияти ҲНИТ-ро мамнӯъ созанд, аз узвияти он хориҷ шуда, дар соли 2014 ба Русия муҳоҷират намуда буд.
3) КШНГЗТ ин гуна рафторҳо ва амалкардҳои мақомоти Тоҷикистонро, ки дар гузашта низ шоҳиди намунаҳое аз будем, ҷуз идомаи фишору таъқиби дигарандешон намедонад; таъқибу фишорҳое, ки мо чандин бор ёдрас шуда будем, чунонки бо раҳбари Ҷунбиши ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон, Мақсуд Иброҳимов, ҳамчунин бо узви собиқи ҲНИТ, Қиёмиддин Ғозиев — ки хеле барвақттар аз мамнӯъ шудани ҲНИТ аз он хориҷ шуда буд — ин гуна бархӯрд шуда буд.
4) КШНГЗТ мӯътақид аст, ки ин амалкарди мақомоти Тоҷикистон тавтиа будани эълони афви ҳар шаҳрванди паноҳандае, ки ба Тоҷикистон баргардад, ифшо месозад. Зеро вақте шаҳрванде, ки ҳеч ҷинояте анҷом надодааст тавассути мақомоти амниятӣ рабуда шуда, дар боздоштгоҳ қарор дода мешавад, дар ин сурат, оё касе бовараш мешавад, ки паноҳандагоне, ки бо ихтиёри худ баргарданд, мавриди “афв” қарор мегиранд?!
5) КШНГЗТ, дар сурати озод нашудани шаҳрванд Наимҷон Самиев, бо муроҷиа ба ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ ва мудофеи ҳуқуқи башар, тамоми саъю талоши худро ба харҷ хоҳад дод, то Наимҷон Самиев, ки ба ноҳақ боздошт шудааст, озод гардад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон
Варшава, Лаҳистон (Полша)
17.12.2018
Добавить комментарий