Бародару хоҳари Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон дар Тоҷикистон аз тарафи мақомоти интизомии Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.
Ба гузориши сайти Паём, пас аз тазоҳурот дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин, ки бо ташаббуси КШНГЗСТ ташкил шуда буд, Бобоев Фазлиддин ва Бобоева Моҳишамс, бародар ва хоҳари раиси ин кумита ба шӯъбаҳои ВКД даъват ва бозпурсӣ шудаанд.
Бобоев Фаздиддини 39 сола рӯзи 15-уми декабр ба шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурда шуда, то шом мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Мохи августи соли 2017 ҳам кормандони Кумитаи амниияти миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ду рӯз баъд аз даргузашти модараш Фазлиддинро боздошт ва мавриди шиканча қарор дода буданд, дар натиҷаи он ӯ ду рӯз роҳ рафта наметавонист.
Бооева Моҳишамси 43 сола низ ҳамон рӯз, 15 декабр аз тарафи кормандони ВКД-и н Рудакӣ ба шӯъбачаи наздики маҳаллаи Шарора қарордошта бурда шуд ва мавриди пурсиш қарор гирифт. Баъди як соати пурсуҷӯ, бинобар баланд шудани фишори хун ва даъвои шавҳараш озод шуд. Моҳи июли соли 2017 Моҳиҳамс Бобоева мехост барои дидорбинии модараш, ки дар хориҷа дар бемористон бистарӣ буд биравад, аммо аз тарафи кормандони КДАМ аз ҳавопаймо баргардонда шуд
Чанд моҳ қабл Фазлиддин Бобоев хостаст ки ҳамроҳи дӯстонаш барои саёҳат Ӯзбекистон биравад, аммо аз тарафи марзбонон аз марзи байни ноҳияи Масчохи Тоҷикистон ва марзи Бекободи Ӯзбекистон баргардонда шуд.
Тибқи гуфтаи раиси КШНГЗСТ, на танҳо бародару хоҳар ва наздиконаш, балки хешовандони дураш ҳам ҳақи хурӯҷ аз Тоҷикистонро надоранд.
“Як хеши дурамон, ки модараш духтари амаки падарам аст, ба исми Ятимов Заробидин чанд моҳ қабл мехостаст ба Ӯзбекистон ба саёхат биравад, дар марзи ноҳияи Турсунзода аз тарафи мақомоти Точикистон пас гардонида шудааст. Сабабашро мақомот хешу табор буданаш ба ман мегӯянд” — гуфт Абдусаттор Бобоев.
Добавить комментарий