Санаи 4 январи соли 2019 бояд дар таърихи Тоҷикистон ба унвони як рӯзи ғамангез сабт шавад, зеро дар ин рӯз касе аз дунё чашм пӯшид, ки яктана бар зидди ноадолатӣ мубориза мекард ва аз ҳеч чиз ҳарос надошт; на таҳдидҳои мақомоти амниятӣ ӯро метарсонданд ва на таҳқиру дашномҳои дунболаравонашон.
Дар ин рӯз бону Файзинисо Воҳидова, садои адолат ва ростӣ дар ҷомеае, ки адолату ростӣ имрӯзҳо гумшудаи он аст, дунёро тарк гуфт.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ) зимни арзи таслият ба бастагон ва наздикони бону Файзинисо Воҳидова ва низ ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҷиҳати даргузашти нобаҳангоми ин бону, аз ҳукумат тақозо менамояд, ки дар мавриди марги мармузи ин бонуи шуҷоъ як таҳқиқи комил ба амал оварад. Зеро ба гуфтаи наздикони вай, бемории ӯ ба ҳадде набудааст, ки ба марг анҷомад. Умед меравад, ин таҳқиқ ҳарчи зудтар ба иҷро дарояд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ)
5 январи 2019
Добавить комментарий