Мухолифи тоҷик Шарофиддин Гадоев, ки 15 феврали соли 2019 аз тарафи режими Эмомалӣ Раҳмон дар Русия рабуда шуд, аз 09.03.2016 дар Шоҳигарии Ҳолланд мақоми паноҳандагӣ дорад ва бино бар таъқибҳо бо далоили сиёсӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам, бино бар таҳдидҳои фароминтақаӣ, тавассути ҷомеъаи ҷаҳонӣ зери ҳимоя гирифта шудааст.
Бо ин одамрабоии хушунатомез, ки дар борааш чор созмони номвари байналмилалии ҳуқуқи башар низ изҳорот доданд, режими 26 сол сари қудратбудаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муъоҳидот ва конвенсиюни байналмиллалиро, ки худи Тоҷикистон низ шомили онҳост, бори дигар зери по кард.
Дар ҳоли ҳозир муборизи рабудашуда алайҳи фасод, дар дасти КДАМ-и Тоҷикистон қарор дорад ва ба ҳайси гаравгони сиёсӣ нигаҳдорӣ мешавад. Ба назди ӯ пайвандонаш ва вакилони дифоъро роҳ намедиҳанд. Шавоҳиде мавҷуданд, ки Гадоев мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтааст. Ӯ зери фишори шадиди равонии хадамоти амниятии Тоҷикистон қарор дорад.
Кӯшиши онҳо барои бозгашти ихтиёрӣ ба ватан нишон додани одамрабоӣ ва собитсозии пушаймонии Шарофиддин Гадоев аз фаъолияти сиёсӣ ва зиддикоррупсиониаш, тавассути изҳороти видеоии сабтшуда пеш аз сафари Гадоев оиди имкони дуздида ё кушта шудан, нақши об шуд.
Ин аввалин ҷинояти фаромиллии одамрабоӣ ва ҳатто куштори мухолифон аз тарафи хадамоти махсуси режими Эмомалӣ Раҳмон дар берун аз Тоҷикистон нест. Аз пурсарусадотарин чунин ҷиноятҳо мешавад чанд мисол зад: дар санаи 15.04.2005 рабуда шудан ва сипас ба 25 соли зиндон маҳкум шудани раҳбари Ҳизби демократ Маҳмадрӯзӣ Искандаров, барои 17 сол равонаи зиндон кардани Мақсуд Иброҳимов, ки санаи 20.01.2015 дар Маскав рабуда шуда буд, куштори раҳбари ҳаракати мухолифи “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов санаи 05.03.2015 дар Истамбул. То ҳанӯз тақдири блогнавис Эҳсон Одинаев, ки хадамоти махсуси Тоҷикистон дар паи шикораш буданд ва санаи 23.05.2015 дар Санкт-Петербург ғайб зад, маълум нест.
Мо аз мақомоти Шоҳигарии Ҳолланд, Вазорати корҳои хориҷа, ҷомеъаи шаҳрвандии Ҳолланд, кишварҳои урупоӣ ва ҳама кишварҳои демократӣ, созмонҳои байналмилал, ҳамаи инсонҳои некхоҳ даъват мекунем аз мақомоти Тоҷикистон дастрасии бидуни таъхири вакилони дифоъ ва дипломатҳо ба рабудашударо талаб кунанд.
Мо аз шумо даъват мекунем ҳамаи механизмҳои имконпазири ҳимояи байналмиллалӣ, ки аз тарафи ҷаҳони мутамаддин барои наҷоти қурбониҳои режимҳои худкома пешбинӣ шудааст, роҳандозӣ намоед ва озодии бидуни таъхири асири сиёсии режим ва бозгашти бемамониати ӯ ба Ҳолландро талаб намоед.
27.02.2019
Варшава
Добавить комментарий