Махдуми Абдусаттор, узви зиндонии Раёсати Олии ҲНИТ, ба далели худдорӣ аз сӯҳбат дар баробари дурбин (камера) алайҳи раҳбарияти ҲНИТ ва даъвати мухолифон барои бозгашт ба кишвар, ба ШИЗО мунтақил карда шуда ва дар шадидтарин шароит дар зиндон ба сар мебарад.
Бино бар ахбори расида аз наздикони Каримов Саттор Самадович маъруф ба Махдуми Абдусаттор — узви зиндонии Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар зиндони шумораи 6 (“Кирпичный”)-и шаҳри Ваҳдат қарор дорад, ӯ дар ҳоли ҳозир дар ШИЗО (штрафной изолятор = утоқи ҷарима) қарор дода шудааст. Зиндониёне, ки ба ШИЗО интиқол дода мешаванд, дар бадтарин ва шадидтарин шароит қарор дода шуда ва аз ҳамаи озодиҳое, ки бақияи зиндониён аз он бархӯрдоранд, маҳрум карда мешаванд.
Ва ин дар ҳоле аст, ки Махдум Абдусаттор ба тозагӣ (ду рӯз пеш) амали ҷарроҳӣ ба хотири бемории грижа дошт.
Наздикони ӯ дар бораи иллат ва сабаби қарор дода шудани Махдуми Абдусаттор дар ШИЗО гуфтанд, муддате аст, ки мақомоти амниятӣ аз Махдуми Абдусаттор — ба хотири ҷойгоҳе, ки дар назди мухолифон дорад ва аз эҳтироми хоссе, ки дар назди онҳо бархӯрдор аст — хостанд дар баробари дурбин (камера) қарор гирифта эълон кунад, ки ӯ аз кардаҳои худ пушаймон аст ва ҲНИТ-ро гурӯҳи террористӣ хонда ва аз раҳбарияти кишвар афв пурсад ва ҳамчунин аз мухолифон, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд бихоҳад, ки даст аз идомаи мубориза бардоранд ва ба кишвар баргарданд, то мавриди “афви президентӣ” қарор бигиранд.
Аммо – бино бар гуфтаи наздиконаш — Махдуми Абдусаттор аз анҷоми ин амал худдорӣ мекунад, ва ба ҳамин далел, ба унвони муҷозот, ӯро дар ШИЗО (утоқи ҷарима) мунтақил карданд.
Лозим ба ёдоварӣ аст, Каримов Саттор Самадович маъруф ба Махдуми Абдусаттор, аз ҷумлаи шахсиятҳое аст, ки ҳанӯз дар поёни солҳои 70 ба Ҳизби наҳзати исломӣ пайваста ва яке аз аъзои Раёсати Олии ин ҳизб ба шумор меравад.
Дар моҳи сентябри соли 2015, дар пайи моҷарои генерал Ҳоҷӣ Абдуҳалим Назарзода, Махдуми Абдусаттор ҳамроҳ бо 13 нафар аз раҳбарони ҲНИТ боздошт ва бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2016 бидуни иҷрои як маҳкамаи одилона ва шаффоф, ба 28 сол зиндон маҳкум гардид. Ва ин дар ҳоле аст, ки худи Махдуми Абдусаттор тамоми иттиҳоми воридшуда алайҳи ӯ дар ин парвандаро рад кардааст.
Добавить комментарий