Ҷаноби Домулло Муҳаммадиқбол Садруддин, узви мӯҳтарами КШНГЗТ
Хабардор шудем, ки дишаб (21 марти 2019) падари бузургворатон, Ҳоҷӣ Қаландар Садруддинзода, узви Раёсати Олии ҲНИТ ба раҳмати Худо пайвастанд.
Даргузашти падаратон бароямон чунон сангину ҷонсӯз аст, ки ба душворӣ ба бовар менишинад, вале дар баробари тақдири ҳазрати Парвардигор чорае ҷуз таслиму ризо нест.
Ин мотами ҷонгудозро ба шумо ва модари гиромиятон ва низ кулли хонаводаи мӯҳтараматон самимона таслият арз намуда ва бароятон сабри ҷамил ва барои он марҳум раҳмату мағфирати илоҳӣ масъалат мекунем.
Бо эҳтиром,
Аъзо ва фаъолони Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ
22 марти 2019
Добавить комментарий