Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) зимни нигаронӣ аз баргузории додгоҳ барои Наимҷон Самиев ва эҳтимоли зиндон карда шудани вай ба иттиҳомоте, ки худи ӯ ва хонаводааш ба шиддат онҳоро рад мекунанд, изҳор медорад:
1) Ҳукумати Тоҷикистон замоне ки Наимҷон Самиевро аз Русия рабуда ва ба Тоҷикистон бурд, эълон кард, ки ӯ мавриди афв қарор мегирад, аммо бо гузашти ҳудуди 4 моҳ аз интиқоли вай ба кишвар, имрӯз ӯро додгоҳ ва ба эҳтимоли зиёд маҳкум ба зиндон хоҳад намуд. Ва ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи худи ӯ ва хонаводааш, пеш аз он ки ҲНИТ аз сӯи ҳукумат фаъолияташ мутаваққиф гардад, Самиев аз узвият дар ин ҳизб берун шуда ва ба фаъолиятҳои тиҷории худ дар Русия машғул будааст.
2) КШНГЗ, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Наимҷон Самиев ҳеч гуна айбу гуноҳе надорад, то зиндонӣ шавад, ва додгоҳи ӯро як додгоҳи сирф сиёсӣ медонад, аз ҳукумат тақозо менамояд, ки ӯро фавран ва бидуни ҳеч қайду шарте озод кунад.
3) Дар ғайри ин сурат, КШНГЗ бо дар назар гирифтани баёнияҳо ва изҳороти созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дар бораи бегуноҳии Наимҷон Самиев ва ба сурати ғайриқонунӣ мунтақил карда шуданаш ба кишвар, аз тариқи ин созмонҳо ва ҷомеаи байналмилалӣ парвандаи Наимҷон Самиевро пайгирӣ намуда ва барои озод намудани ӯ тамоми созмонҳои ҳуқуқи инсони байналмилалиро ҷалб хоҳад кард, ки ин бори дигар Тоҷикистонро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ хамчун кишвари худкома ва зидди арзишҳои умумибашарӣ муаррифӣ хоҳад намуд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
05.04.2019
Добавить комментарий