Баррасии ҳуқуқии парвандаи Муҳаммадалӣ Ҳаит

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос ва узви Шӯрои олии ПМТ

Инак як моҳе сипари шуд, ки ҳамсари Маҳмадали Ҳаитов ба мақомотҳои қудратӣ бо ариза оиди шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати шавҳараш муроҷиат кард. Муроҷиат ҳам хатӣ ва ҳам аз тариқи шабакаҳои интернетӣ карда шуда буд. Вале дар ин муддат ягон мақомот, ки вазифадор буданд хабар оиди ҷиноятро санҷанд вокунише нишон надоданд. Ҳатто бинобар маҳбуси сиёси будани Маҳмадали Ҳаит зарур нашумориданд, ки ба аризадиҳанда ҷавобе нависанд. Ягон гурӯҳ ё комиссия барои тафтиши ваҷҳои овардаи ҳамсари Маҳмадали Ҳаит ташкил накарданд. Чизеро, ки ҚОНУН барои санҷидани аризаҳо талаб мекунад анҷом надоданд. Фақат барои ором кардани афкори ҷомеа ва ҳисобот дар назди хоҷагонашон сардори СРИЧЧ Вазорати адлия Умаров М. ба хабарнигорон гуфта гузашт, ки у Маҳмадали Ҳаитро моҳи январ хабар гирифта будааст ва у ягон шикоят надорад. Тамом, ҳамин кофи буд, ки аризаи ҳамсари у бебараси монад. Ҳатто ба ҳамсараш оиди дар кадом марҳила будани аризааш ахборот ҳам намедиҳанд.

Сарчашмаи ҳамаи ин қонуншиканӣ ва ҷиноятҳо аз вазъи ҳуқуқии Маҳмадали Ҳаит бармеояд. Маҳмадали Ҳаит — маҳбуси сиёсист! Ҳабси у фармоишӣ ва ғарази сиёсӣ дошт. Ҳам дар рафти мурофиаи судӣ ва ҳам айни ҳол, дар маҳбас, мақомот кушиш мекунад, ки бо воситаи ҷиноятҳои хизматӣ, шиканҷа, лату куб ва таҳқирҳо руҳияи Маҳмадали Ҳаитро шиканад. Умедворем, ки ин кор ба онҳо муяссар намешавад.

Айни ҳол қисмати аввал ва дуюми шикояти кассатсионии Маҳмадали Ҳаитро ба шумо пешкаш менамоям. Худ хонда қазоват кунед, ки то кадом дараҷа тафтишот қонуни гузаронида шудааст, чаро тафтишоту прокуратура ва суд фақат ба тахминҳо такя мекарданд. Чаро онҳо «далелҳои сунъӣ» меҷустанд.

* * *

ШИКОЯТИ КАССАТСИОНИИ МАҲМАДАЛИ ҲАИТ

(Қисмати аввал)

Аз болои ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 02.06.2016 сол бо парвандаи ҷиноятии № 85138 нисбати Ҳаитов М.Р. ва дигарон. Мурофиаи судӣ нисбати ман ва дигарон санаи 02.06.2016 сол, ки тули зиёда аз 3 моҳ дар маҳкамаи тафтишотии КДАМ ҶТ паси дарҳои пушида мегузашт, бо баровардани ҳукми ноадолатона, ғайриқонунӣ ва боғараз, бо вайрон кардани тамоми талаботҳои мавҷудаи қонунгузории мурофиавӣ ва моддӣ ба итмом расида, мутобиқи он ба ман Ҳаитов М.Р. ҷазо дар намуди якумра маҳрум кардан аз озоди таъин карда шуд.

Нусхаи ҳукми судиро санаи ____________ дар маҳкамаи тафтишотии КДАМ ЧТ гирифтам.
Аз ин ҳукми баровардаи судяи суди Олии ҶТ Сатторзода А. тамоман норизо буда, нисбати он мутобиқи талаботи моддаи 357 КМҶ ҶТ шикояти кассатсионӣ ба коллегияи Суди Олии ҶТ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ оварда мешавад.

Тибқи талаботи моддаи 372 КМЧ ЧТ барои ба тартиби кассатсионӣ бекор кардан ё тағйир додани ҳукм инҳо асос шуда метавонанд:

— яктарафа ё нопурра будани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ;

— мувофиқат накардани хулосаи суд, ки дар ҳукм баён шудаанд, ба ҳолатҳои воқеии парванда;

— ба таври ҷиддӣ вайрон карда шудани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ;

— нодуруст татбиқ карда шудани қонуни ҷиноятӣ;

— номувофиқии ҷазои таъиншуда ба вазнинии ҷиноят ва шахсияти маҳкумшуда.

Тамоми асосҳои номбаркардашуда барои бекор кардани ҳукми судӣ дар парванда мавҷуд мебошад. Вале ба ҳамаи ин асосҳо судя Сатторзода А., умуман диққат надода, нисбати ман ва дигарон ҳукми айбдоркунӣ баровадааст.

Бояд қайд кард, ки парвандаи мо парвандаи ҷинояти нею балки парвандаи сиёсӣ ва фармоишист. Он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи мақомотҳои таъқиби ҷиноятӣ сохта шудааст. Дар рафти тафтишоти пешаки ва суди ягон далели боэътимод оиди гунаҳгории ман дар содир кардани ин ҷиноятҳои ба ман мансуб дода шуда, тасдиқи худро наёфтааст.

Тибқи талаботи моддаи 333 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1. Ҳукми суд бояд қонунӣ, асоснок ва одилона бошад.

2. Ҳукм ҳангоме қонунӣ эътироф карда мешавад, ки он бо риояи талаботи қонун ва дар асоси қонун бароварда шуда бошад.

3. Ҳукм ҳамон вақт асоснок эътироф карда мешавад, ки он дар асоси таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи далелҳое, ки ба суд пешниҳод гардида, дар маҷлиси суд муҳокима шудаанд, бароварда шуда бошад.

4. Ҳукми суд ба шарте одилона дониста мешавад, ки дар он ҷазои ба гунаҳгор таъингардида мутобиқи моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир намудани ҷиноят пешбинӣ мекунад, бо назардошти шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои вазнинкунада ва сабуккунандаи ҷазо таъин шуда бошад.

5. Ҳар шахси бегуноҳ бояд сафед карда шавад.

Тафтиши пешакӣ аз аввал ғаразнок ва яктарафа бурда шуда буд, бо ҳар роҳ аз тарафи роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ва худи роҳбари гуруҳи тафтишотӣ муфаттиш Иброҳимзода И. ҳуқуқ ва манфиатҳои ман ва дигарон дағалона вайрон карда мешуд. Ҳаракатҳои тафтишотӣ аз қабили кофтукоби манзилҳои истиқоматӣ, рӯбарӯкунӣ, пурсиши шоҳидон ва ғайра бар хилофи талаботҳои қонуни мурофиавӣ гузаронида шудаанд.

Ҳуқуқи ҳимоя дағалона поймол карда шуда буд. Мутобиқи талаботи қисми 3 моддаи 20 КМҶ: — тарафи айбдоркунанда ва ҳимоя дар мурофиаи судии ҷиноятӣ баробарҳуқуқанд ва барои ҳимояи мавқеи худ имкониятҳои баробар доранд.
Вале тафтишоти пешакӣ бар хилофи ин талаботи қонун амал намуда, ба ман имконияти вохурии яка ба яка ва бемаҳдудиятро бо адвокатам Ёров Ҷамшед намедод. Ҳатто барои рӯпуш намудани ин амалашон онҳо тамоми дархостҳоро оиди вохурии ману адвокатам аз парванда гирифта партофтаанд.

Ҳамин тариқ, тафтишот зарур нашуморид, ки дар чунин парвандаи фармоиши ҳимоятгар бо зерҳимояаш мутобиқи талаботи моддаи 53 КМЧ вохӯрад. Ба ғайр аз ин бо дастур ва фармоиши бевоситаи роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон он иқтибосҳое, ки аз Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон адвокат барои дуруст ба роҳ мондани ҳимоя ва фаҳмонидани ҳуқуқ ва уҳдадориҳоям, барои фаҳмонидани моҳияти айби эълоннамуда ба ман равон менамуд, ба дастам намерасид.

Мутобиқи талаботи моддаи 300 КМҶ ҶТ, нусхаи фикри айбдорӣ ба судшаванда бояд сари вақт супорида шавад, то ин ки ӯ ба ҳимояи худ тайёрӣ бинад. Вале дар мисоли мо тафтишот ва Прокуратураи генералии ҶТ инро раво надид. Мо имконияти пурра шинос шудан бо маводҳои оварда дар фикри айбдоркуниро надоштем. Ба мо фақат ҳангоми мурофиаи судӣ фикри айбдоркунӣ супорида шуда пас аз анҷоми мурофиа он бозпас гирифта мешуд. Ба ғайр аз ин мутобиқи талаботи моддаи 245 қисми 1 КМҶ : Ба фикри айбдоркунӣ руйхати айбдоршаванда, ҷабрдида, шоҳидон, коршинос, ки бояд ба маҷлиси суд даъват карда шаванд замима мегардад. Ин талаботи қонун низ аз тарафи муфаттишони Прокуратураи генералӣ дағалона вайрон карда шуд.

Тарафи ҳимояи оиди он, ки КИ ба суд ба сифати шоҳид ва ё ҷабрдида даъват шудааст, ва аз ин лиҳоз имконияти тайёрӣ ба саволу ҷавоб бо онҳоро надошт. Ин ҳолатҳо боз як бори дигар оиди яктарафа бурдани тамоми мурофиаи ҷинояти шаҳодат медиҳад. Ин як роҳи маҳдуд кардани ҳуқуқ ба ҳимоя мебошад. Вале аз чи сабаб бошад, ки ба ин хатогиҳо на прокурор ва на суд диққат накарданд. Гуё, ки маҳдуд кардани ҳуқуқҳои мо ва вайрон кардани талаботҳои мурофиави ин кори оддист ва иҷроиши он ҳатмӣ нест. Чунин хулоса кардан мумкин аст, ки фикри айбдорӣ дар ду намуд аст, яке барои барои ҳайати суд ва дигаре бо ихтисороташ барои мо. Ин яке аз роҳҳои маҳдуд кардани ҳимоя мебошад.

Савол ба миён меояд, ки чаро ин тавр карда шуд? Наҳод, ки роҳбари гуруҳи тафтишотӣ муфаттиш Иброҳимзода И. ва дигарон ба чунин ҳуқуқвайронкунӣ роҳ доданд. Нотарсида, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, саросемавор парвандаро ба итмом расонида онро ба суд бо тартиб додани фикри айбдоркунӣ ирсол намуданд. Ба фикри ман маҳз фармоиши ва сохтакорӣ будани тамоми парванда сабаб шуд, ки касе аз роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ба ин кор аҳамият намедоду ҳатто баръакс, онро дастгирӣ мекард. Ҳангоми музокираҳои судӣ ҳимоятгари ман Ёров Ҷамшед оиди он қайд кард, ки ҳабси ман ғайриконуни мебошад. Дар қабати маводҳои парванда ҷиноятӣ Қарори муфаттиш Иброҳимзода И. оиди зарурияти татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс нисбати ман вуҷуд дорад.

Дар ҷилди 25-и парванда дар саҳифаи 4-и он айнан навишта шудааст:«Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб хамчун гумонбаршуда дар содир намудани ҷиноят дастгир шуда, айни ҳол дар муассисаи тафтишотии КДАМ нигоҳ дошта мешавад. Бо назардошти он, ки Ҷобир Р.Р. ҷинояти махсусан вазнин содир кардааст, метавонад аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ пинҳон шавад, даделҳоро нобуд созад, ба шоҳидон фишор орад ва…»

Дар қисми хулосавии қарори ғайриконунии мазкур оварда шудааст: «муфаттиш Қарор кард – Ба Суди ҳарбии гарнизони Душанбе барои интихоби чораи пешгири дар намуди ҳабс нисбати гумонбаршуда Ҳаитов Маҳмадали Раҳмонович, соли таваллудаш 20.10.1957 дархост пешниҳод шавад». Ҳол он ки мутобиқи талаботи моддаи 9 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1. Суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ вазифадоранд, ки муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар қонунҳоро ба таври дақиқ, якхела риоя намоянд.

2. Муқаррароти мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки дар дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мешаванд, бояд ба муқаррароти Кодекси мазкур мутобиқ бошанд.

3. Ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ риоя накардани талаботи қонун, сарфи назар аз он ки дар кадом асос роҳ дода шудааст, иҷозат дода намешавад ва боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун гардида, санадҳои ғайриқонунӣ қабулшуда беэътибор дониста, бекор карда мешаванд.

Дар ин ҷо аниқ риоя накардани талаботи қонун ҳангоми тартиб додани дархост барои татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс нисбати ман вуҷуд дорад. Муфаттиш дар қисми асосноккунии дархосташ ба суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе зарурияти ба ҳабс гирифтани Раҳматуллои Раҷабро бинобар имконияти фирори ӯ аз мақомоти тафтишот ва суди, фишор овардан ба шоҳидону ҷабрдидагон ва инчунин пинҳон ва ё нест кардани далелҳои муҳим ба парванда оварда, дар қисми хулосави бошад талаби ҳабси манро дорад! Агар зарурияти ҳабси ман мебуд, чаро муфаттиш исми манро дар қисми асоснокунии дархосташ наовард?

Бояд, ки ҳангоми баррасии дархости мазкур судя Маҳмадзода Х.Б., ки дархостро қонеъ кард ва судяи Суди Олӣ Сатторзода ба ин амали ғайриқонунии муфаттиш Иброҳимзода диққат медоданд ва ба он баҳои ҳуқуқӣ медоданд. Вале боз такрор мекунам, аз сабаби он ки на мақомоти ташфтишотӣ, на прокуратура ва на суд мустақил нестанд, онҳо ҳатто тарсиданд, ки ин масъаларо дар рафти мурофиаи судӣ муҳокима кунанд. Ҳамин тариқ, аз руи қонунҳои амалкунандаи Ҷумхурии Тоҷикистон, айни ҳол ман ғайриқонунӣ дар ҳабс қарор гирифта шудаам.

Ин хатогии техники нест! Дар қабати ҳамин дархост оид ба зарурияти ҳабси ман дар саҳифаи 10-ум дархости маркази ахборотии ВКД ба номи ман нею ба номи Ҳисайнов У. мавҷуд аст. Ин гуна навиштаҷот чиро исбот мекунад? Исботи он аст, ки дархостҳои татбиқи чораҳои пешгири дар намуди ҳабс қолабӣ буда нисбати ин дархостҳо муфатишон мушахасс кор накардаанд. Яъне агар ҳуҷҷати мурофиавие, ки дар асоси он қарори судя оиди ҳабси пешаки бароварда шудааст, нодуруст ва бо хатогӣ тартиб дода шуда бошад, пас худи қароре, ки дар асоси он қабул шудааст –ғайриқонунист.

Ин навиштаҷотҳоро на суди санкция дода ва на прокурори онро тасдиқ карда гуё надидаанд. Агар ин вайрон кардани ҳуқуқ ва озодиҳои мо набошад, пас чист? Ва ё ба ин гуна тартиб навиштани дархостҳоро онҳо муқаррарӣ мешуморанд? Ҳамин тарик, бар хилофи талаботҳои моддаҳои 9, 101, 102 ва 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонугузории амалнамуда ман бе ягон асоси қонуни то айни ҳол дар ҳабс қарор дорам.

* * *

(Қисмати дуюм)

Мақомоти Тафтишоти пешакӣ манро бо 14 моддаи Кодекси ҷинояти мутаҳҳам мекунад. Яке аз онҳо он аст, ки гуё ман бо Назарзода А. иттиҳоди ҷиноятӣ ташкил намуда даст ба ҷиноятҳои вазнин зада бошам.

Муҳтарам аъзоёни коллегияи судӣ! Суд ҳангоми баровардани ҳукми худ мутобиқи талаботи моддаи 335 КМЧ ЧТ дар миёни дагар масъалаҳо бояд, ки масъалаҳои зеринро низ ҳал мекард:

— кирдоре, ки дар содир намудани он ман айбдор карда мешавам, ҷой дорад ё не?

— оё исбот шудааст, ки ин кирдорро ман содир кардаам;

— ин кирдор ҷиноят аст ё не, ва он маҳз бо кадом моддаи қонуни ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст;

— ба ман барои ҷинояти содирнамуда ҷазо додан лозим аст ё не, ва кадом намуди ҷазо ба ман равост.

Мутобиқи қонунгузории ҷиноятӣ айбдорӣ ва ё бегунохии судшавандагон бояд дар асоси таҳқиқи далелҳо дар мурофиаи суди муайян карда шавад.Руйхати «далелҳо» дар қисми дуюми моддаи 72 КМҶ оварда шудаанд, ки онҳо нишондодҳои ҷабрдидагон, шоҳидон, судшавандагон, хулоса ва нишондоди коршиносу мутахассиссон, далелҳои шаръи, протоколҳои амалҳои тафтишотӣ ва ғайра мебошанд.
Ҳар як далел бояд аз нигоҳи мансубият, имконпазири, саҳеҳ будан ва ҳамаи далелҳои ҷамъовардашуда дар маҷмуъ аз чиҳати кифоя будан барои ҳалли парвандаи ҷиноятӣ бояд баҳо дода шавад.

Вале аз тарафи судя Сатторзода А. талаботи қонуни мазкур пурра вайрон карда шудааст. Хулосабарории судя оиди саҳеҳ, мансубият, имконпазирии далелҳои парванда оиди гунаҳгории ман нодуруст ва ғаразнок мебошанд. Судя ҳатман бояд ба тарзу усули гирифтани ин гуна нишондодҳо диққати худро ҷалб мекард. Ҳарчанде, ки шоҳидон дар рафти мурофиаи суди оиди рафтору кирдори ношоистаи кормандони таҳқиқ ва тафтишот, оиди таҳқир ва зуроварӣ, шиканҷа сухан ронданд, ваде судя Сатторзода А. он нишондодҳои дар тафтишот додаи онҳоро дуруст шуморида нишондодҳои додаи мурофиаи судиро чун пуштибони аз ман ҳисоб мекунад.
Чи хеле, ки дар боло қайд кардам, тафтишоти пешакӣ манро дар содир кардани 14 ҷиноят мутаҳҳам мекунад. Яке аз ин айбҳо ва аз ҳама вазнин ин ташкили иттиҳодияи ҷинояти мебошад.

Мутобиқи диспозицияи моддаи 187 кисми 1 ва 2 КҶ : — Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё ҷиноятҳои махсусан вазнин, ҳамчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳод (ташкилот) ё ба ҷузъу томи таркибии онҳо, инчунин ташкили иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ё дигар намояндагони гурўҳҳои муташаккил бо мақсади таҳияи нақша ва фароҳамоварии шароит барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, — ва қисми дуюми ҳамин модда:

— Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурўҳҳои муташаккил,- ин ҷиноят аст.

Биёед аз руи далелҳои пешниҳодшудаи тафтишоти пешакӣ назар андозем, ки оё дар амалҳои ман таркиби ҷинояти мазкур дида мешавад ё не.

Бо кадом далелҳои мушаххас ва таҳқиқшуда дар мурофиаи судӣ гуноҳи ман дар содир кардани ин ҷиноят собит шудааст? 

Оё ба ғайр аз шоҳидии шубҳаноки Муродов Сарабек ва Аюбов Фозилбек, ки зери шиканҷа ин нишондодҳояшонро дар тафтишот додаанд, ягон далели дигар мавҷуд аст?
Оё мақомоти тафтишоти тоҷик табулограммаҳои зангҳои телефонии манро ба суд тавонист пешниҳод кунад, ки аз он маълум шавад, ки ман чун аъзои фаъоли иттиҳоди ҷинояти дар тамос бо Назарзода А. ва ё дигарон интироккунандагони иттиҳоди ҷиноятии у будам? 

Кай ва чанд маротиба ман бо онҳо вохурдаам?

Дар кучо?

Оиди чӣ суҳбат кардем?

Ягон далел ба ғайр аз нишондоди ин ду шоҳид-судшаванда мавҷуд аст?

Нест!

Дар фикри айбдоркунӣ оварда шудааст, ки –

— Кабирӣ М., Назарзода А., Ҳисайнов У.Ф., Ҳаитов М.Р. ва аъзоёни дигари Раёсати Олии ҲНИТ бо мақсади ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ дар манзилгоҳҳои истиқоматии аъзоёни ҷонибдорони фаъоли ҲНИТ дар минтақахои алоҳидаи ҷумҳури ва дар маҷлисҳои расмӣ, ғайрирасмӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбу, Ваҳдат, Қургонтеппа, Рудакӣ, Вахш, Бохтар, Панҷ, Қумсангир ва ноҳияҳои водии Рашт амалкунанда мунтазам бо баҳонаи «маърака», «оши худоӣ», «маросимҳои намозгузорӣ» ва ё омузиши таълимоти Қуръон бо аъзоён ва ҷонибдорони ҳизби мазкур воҳуриҳо гузаронида, барои созмон додани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳизбӣ ба таври махфӣ, иштирокчиёни ин маъракаҳоро роҳнамои намуданд.

Вале тафтишот аниқ муқаррар накардааст, ки Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович дар кучо, кай, бо кӣ ва дар хусуси чӣ ин гуна маъракаҳоро ташкил кардааст. Ҳатто зарур нашуморидааст, ки ин гуна вохуриҳоро номбар кунад, бо ишораи макон, замон, шахсони иштироккунанда, мавзуъи вохурӣ ва ё нишаст. Агар ин гуна маъракаҳоро дигар аъзоёни ҲНИТ ташкил карда бошанд, пас ман дар кадоми онҳо ва дар куҷо иштирок кардам, чӣ амали мушаххасро вобаста ба созмон додани гуруҳҳои мусаллаҳ ва роҳнамои намудани онҳо кардаам.

Аз зиёда аз 100 шоҳиду ҷабрдидагони дар суд пурсидашуда ягон нафаре дар бораи нақшаи ман дар ин гуна вохуриҳо ва саҳмам нишондоде надодааст. Дар ин ҷо тафтишоти пешаки такя ба тахмин ва хаёлот кардааст. Ин гуна тахминҳо дар рафти тамоми парвандаи ҷиноятӣ бисёр дида мешавад, ки гувоҳи бесаводӣ, нохурмати нисбати қонун ва фармоиши будани парванда мебошанд. Аз коллегияи судии Суди Олии ҶТ хоҳиш карда мешавад, ки ба ин диққати махсус дода шуда, шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар давоми фикри айбдоркунӣ вобаста ба ҳолати ташкили иттиҳоди чиноятӣ оварда шудааст, ки бо маслиҳати пешаки бо Кабирӣ, Ҳаитов, Ҳисайнов ва дигар аъзоёни Раёсати Олии ҲНИТ собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ Назарзода А. то моҳи сентябри соли 2015 асосан аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик, зиёда аз 23 гурруҳҳои ҷиноятии иборат аз 10 то 30 нафари ташкил намуда, дар заминаи ин гуруҳҳои ҷиноятӣ иттиходи чиноятӣ созмон дода, роҳбарии онро ба уҳдаи худ гирифтааст.

Ин хулосабарории тафтишот ва суд низ нодуруст ва нопурра мебошад. Дар рафти мурофиаи судӣ бояд, ки ҳамаи ҳолатхҳи парванда чӣ сафедкунанда ва чӣ сиёҳкунанда пурра ва ҳаматарафа санҷида шаванд. Мутаасифона дар парвандаи мо ягон ҳолати сафедкунанда аз тарафи тафтишот ҷаъм оварда нашудааст. Агар тафтишот ба чунин хулоса омада бошад, пас бояд санаи оғози ташкили гуруҳҳои ҷиноятиро муайян мекард. Бояд муайян мекард, ки кай, дар кучо, кихо ва чӣ гуна маслиҳат оиди ташкили ин хел гуруҳҳоро кардаанд. Ҳол он, ки ягон шоҳид ва ё судшаванда ин ҳолатро, яъне маслиҳат оиди таъсиси гуруҳҳои ҳарби-чиноятиро тасдиқ намекунад. Назарзода бошад дар қайди ҳаёт нест. Пас чӣ гуна тафтишот тавонист бо делелҳои кофӣ ин ҳолатро тасдиқ кунад? Шояд тафтишот «маслиҳати пешаки» гуфта маслиҳати бофтаи санаи 06.03.2015 солро дар назар дошта бошад, вале дар ин маврид низ мавқеъи тафтишот тамоман суст аст.

Якум ин ки дар кадом асос тафтишот ва суд ин гурӯҳҳоро «гуруҳҳои ҷиноятии муташаккил» номидааст. Дар қонун «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ» гуфта, гурӯҳи устувори шахсонро меноманд, ки пешаки барои содир кардани як ё якчанд ҷиноят мутаҳҳид шудаанд. То санаи 04.09.2015 сол ин гурӯҳҳои Назарзода чӣ ҷиноят содир кардаанд? Дуюм ин ки, аз маводҳои парванда аниқ дида мешавад, ки ин гуна гурӯҳҳои мусаллаҳи Назарзода А. аллакай солҳои пеш – 2011, 2012 ва 2013 ташкил шуда буданд ва дар амалиётҳои ҳарбӣ дар ноҳияҳои Рашт, Исфара ва шаҳри Хоруғ васеъ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон истофода бурда мешуданд. ҲНИТ нею, балки Ҳукумати кунунии Тоҷикистон ин гурӯҳҳоро ташкил ва истифода бурдааст.
Ин ҳолатро шоҳидон Муродов Сарабек, Ибронов Илҳомиддин, Сафаров Назрмаҳмад, генералон Шарифзода Шариф, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Чалов Абдулазиз ва дигарон дар рафти мурофиаи суди тасдиқ карданд. Агар ин гурӯҳҳои ҷиноятӣ солҳои пеш ва бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ташкил карда шуда бошанд, пас набояд, ки тафтишоту суд таъсиси онҳоро беасос ба зиммаи ҲНИТ зам ва бор кунанд.

Тамоми айби эълоннамуда нисбати ман дар асоси тахмин аст ва айбдоркунандагони давлати ягон далели боэътимоди гунахгории манро ба суд пешниход карда натавонистанд.

(Идома дорад)

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: