Ҳодисаи хунини зиндони ноҳияи “Ваҳдат” (Кирпичный), ки дишаб (19 май) ба вуқӯъ пайваст ва дар пайи он шумори зиёде аз ҳамватанони мо кушта ва захмӣ гардиданд, дили ҳар тоҷикеро ба дард меоварад.
Мутаассифона, дар ин навбат низ ҳукумати Тоҷикистон мисли ҳодисаи хунини зиндони Хуҷанд, бо гузоришҳои зидду нақиз, ҳанӯз як гузориши мувассақ ва мустанад барои ҷомеа ва шаҳрвандон ироа накардааст.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ), дар ҳоли ҳозир, дар пайи ҷамъоварии маълумот оид ба ин фоҷеа ва шумори дақиқи кушташудаҳо ва захмиҳои ин ҳодисаи хунин ва низ решаёбии иллатҳо ва сабабҳои аслии ин фоҷеа аст. Дар ҳоли омода шудани ин маълумот, зимни баёнияи дигаре, аз ҷузъиёти ин ҳодиса шаҳрвандони азизи Тоҷикистонро огоҳ хоҳад намуд.
Феълан, КШНГЗ ба бозмандаҳо ва бастагони кушташудаҳои ин ҳодиса, чи зиндонбонҳо ва чи зиндониён ба хусус Эшони Қиёмуддин, Махдуми Абдусаттор ва Шайх Темур таслияти амиқи худро арз карда ва ба онҳо сабри ҷамил хоҳон аст, ва ба захмиҳо ва маҷрӯҳон шифои оҷил таманно дорад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ)
20 майи 2019
Добавить комментарий