Номаи КШНГЗСТ Ба Раиси Шӯрои Аврупо

Мӯҳтарам Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо, мо аз тариқи расонаҳо огаҳ шудем, ки рӯзҳои наздик бо як барномаи махсусе вориди кишварҳои Осиёи Марказӣ мешавед. Ин сафари шумо дар замоне рост меояд, ки вазъияти ҳуқуқи башар ба хусус вазъи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон хеле нигаронкунанда аст.

Мӯҳтарам Доналд Туск, вақте вориди кишвари Тоҷикистон мешавед, шояд нахустин чизе, ки он ҷо мушоҳида хоҳед кард, фазои хафақонро эҳсос намоед ва дар чеҳраҳои шахсони мулоқот мекардаатон лабхандҳои дурӯғинеро мушоҳида мекунед, аммо умедворем, ки дасти кам ҳангоми қадам задан дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе бо хеле чеҳраҳои маҳзун ва афроди азияткашида, ҷафокашу мазлуме ҳам во бихӯред, ва аз воқеъитҳое огаҳ хоҳед шуд, ки онҳо ҳама як бахши зиндагии ҳаммиллатони мост, ки амалан ҳаққу ҳуқуқашонро поймол кардаанд.

Бар илова дар ҳамин пойтахте, ки як шаҳри нисбатан он қадар бузург ҳам нест, дар атрофи он 4-5 зиндон вуҷуд дорад, ки аксари зиндониён бо тӯҳмат ва парвандаҳои сохта ва дурӯғини мақомоти фасодзада вориди зиндонҳо шудаанд. Дар байни онҳо зиёда аз 400 нафар зиндониёни сиёсӣ ҳаст, ки ҳолати саломатии аксари онҳо нигаронкунанда аст, зеро онҳо мазлумтарин қишри зиндониёнро ташкил медиҳанд ва ҳамеша бо шеваҳои мухталиф мавриди шиканҷаҳои ҷисмонӣ ва равонӣ қарор мегиранд. Чанд рӯз пеш, санаи 19.05.2019 дар зиндони шаҳри Ваҳдат беш аз 30 нафар зиндониён, ки аксарияташон бо сабаби фаъолиятҳои сиёсиашон зиндон шуда буданд, бераҳмона ба қатл расонида шудаанд. Дар байни онҳо се нафар аз чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ динии кишвар низ буданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки пеш аз ин ҳодисаи нангин, ҳанӯз ҳафт моҳ қабл, 8.11.2018 мақомоти Тоҷикистон дар зиндони шаҳри Хуҷанд наздик ба 50 зиндонии дигарро бераҳмона ба қатл расониданд. Мо нигарони он ҳастем, ки куштори зиндониён бо баҳонаи ошуб ба як амри оддӣ барои мақомоти кишвар табдил шавад.

Ҳамзамон дар Тоҷикистон натанҳо хонавода ва ҳамсарону фарзандон, балки хеле аз наздикону пайвандони зиндониёни сиёсӣ ҳам пайваста зери фишорҳои мақомоти кишвар қарор доранд, ки амалан аз нигоҳи равонӣ ҳукумат онҳоро ҳам дар зулм ва муҳосираи худ қарор додааст. Ҳукумат дар умум фазоро дар кишвар тавре сохтааст, ки мардум ба таври умум ва фарзандону пайвандони зиндониёни сиёсӣ ва мухолифин ба таври хос аз аксари ҳуқуқҳои конститутсионии худ маҳрум шудаанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ) аз шумо ин тақозоро дорад, ки вақте бо масъулони ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти он мулоқот кардед, масъалаҳои фишору шиканҷа ва қатлу кушторҳои оммавӣ ва инфиродии зиндониёнро низ лутфан дар миён бигзоред.

Ба хотири ҳимоят аз ин қишри осебпазири ҷомеа КШНГЗСТ аз шумо хоҳиш дорад, ки:

1) Худатон бевосита бо зиндониёни сиёсӣ дидору мулоқотҳо анҷом диҳед, агар чӣ онҳо дар ҳузури маъмурони зиндонҳо ҳама воқеиятҳоро ба шумо гуфта наметавонанд, аммо умедворем бо анҷоми мулоқотҳо хеле аз воқеиятҳо бароятон рӯшан хоҳад шуд.

2) Агар бо баъзе хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ ва фарзандони онҳо, ки муқими пойтахт ҳастанд, низ дидору мулоқотҳо анҷом диҳед, хеле аз ин воқеиятҳои нақзи ҳуқуқҳои онҳо ва зиндониёни сиёсиро ба шумо хоҳанд расонид.

3) Барои такмили иттиллоот дар хусуси нақзи ҳукуқҳои зиёндониёни сиёсӣ ва наздикону пайвандони онҳо дар Тоҷикистон як мулоқоти махсус низ бо баъзе фарзандону ҳамсарони зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки ҳамчун паноҳанда дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ҳузур доранд  анҷом диҳед.

4) Таҳдидҳо болои зиндониёни сиёсӣ зиёд аст. Аммо пас аз ҳодисаи хунини зиндони Ваҳдат, таҳдидот ба шахси Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ, рӯз ба руз афзуда истодааст. Худи ӯ пештар низ ҳушдор дода буд, ки нақшаи аз байни бурдани ӯ дар дохили зиндон вуҷуд дорад. Хеле хуб мешавад, ки ба таври махсус дар мавриди амнияти ҷонӣ ва саломатии ҷаноби Ҳаит бо мақомоти тоҷик суҳбат кунед. Мутаассифона чунин фазои хатарноке нисбати ҳама зиндониёни сиёсӣ, бахусус Зайд Саид, раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав» низ вуҷуд дорад.

5) КШНГЗСТ дар заминаи ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ омодаи ҳамагуна ҳамкорӣ бо ИА ҳаст ва омода аст маълумотҳои бештареро дар ихтиёри ҳамаи созмонҳо ба хусус ИА қарор диҳад.

Бо эҳтиром,

Кумитаи шаҳрвандӣ ва наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Варшава 28.05.2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: