Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндоониёни Сиёсӣ (КШНГЗ) фарорасии иди саиди рамазонро ба тамоми мусулмонон, ба вижа ҳамватанони азизамон ва махсусан хонавода ва наздикони шуҳадои азиз табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованд саъодати рузгор, хушӣ ва иззати дорайнро таманно дорем.
Тоҷикистон ҷумҳурии демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст, вале дар он бар асари ҳуқуқпоймолшавӣ, мардум таҳти анвоъи фишор, шиканҷа ба сар мебаранд. Боиси таассуф аст, ки дар ин росто, аз ҳама бештар зиндониён осебпазиртар мебошанд.
Зиндонҳо дар Тоҷикистон пӯшидатарин ниҳоди давлатӣ мебошад, ки барои ҷомиъаи шаҳрвандӣ ва байналмиллалӣ огоҳӣ аз аҳволи зиндониён ва таҳқиқу баррасии ҳаводиси ба вуқуъмеомада дастнорас мебошад. Дар камтар аз як соли ахир дар ду зиндони Тоҷикистон ду ҳодисаи куштори дастаҷамъӣ рух дод, ки дар натиҷа даҳҳо зиндонӣ бо шумули зиндонбонон кушта ва садҳо захмӣ бар ҷо гузошт, ки дар байни онҳо зиндониёни сиёсӣ ҳастанд.
Мебоист дар кишвар мотами миллӣ эълон мешуд, вале мақомоти кишвар на ин, ки дархост ва эътирози мардумро нодида гирифтанд, то ба ҳол ҳеҷ далеле барои тасдиқ ва омили “ошуб” будани ин ҳаводис дарқдим накарданд.
Бояд ёдовар шуд, ки ин ҳодисаҳо ҳеҷ касро бетараф нагузошт; занҳо дар сари гаҳвораи тифлони худ, муҳоҷирини корӣ дар сари кор, шайху суфӣ дар тасбеҳу зикри худ, адибон шоирон ва аҳли қалам дар шеъру навиштаи худ, ин ҳодисаи нангинро маҳкум ва ҳамдардии худро ба хонадони мусибатдидагон тақдим намуда, сабабгорони онро лаънат карданд.
Ҳуқуқшиносон, ҳизбҳои сиёсӣ, андешмандон ва мутафаккирону андешмандони мустақил дар якҷоягӣ инро қатли ом номида, аз ҷомиъи шаҳрвандӣ, ташкилоти ҳуқуқӣ ва додгоҳҳои ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи инсонӣ талаб карданд, то ин ду ҳодисаҳоро таҳқиқ ва дар баробари муҷозоти сабабгорон, аз тақдири ояндаи дигар маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон бетараф наистанд.
Наздикон ва бозмондагони шарифи шуҳадои азиз! Барои шумо сангин аст, аммо аз даст додани наздикони худро барои худ бад қабул накунед, зеро ин хости Парвардгор дар ҳаққи онҳо мебошад. Худо хоста онҳоро дар аввалин дидорашон шаҳид қабул кунад. Онҳо шаҳиди ҳақ мебошанд, зеро бо зулуму фитна ба қатл расонида шуданд. Онҳо барои ҷанг бо касе ё барои ҷонҳои худро аз даст додан ба он ҷо нарафта буданд. Онҳо ба худои худ бовар доштанд, солиҳ ва корҳои шоиста анҷом медоданд. Бисёри онҳо бо фитна, туҳмат зиндонӣ ва дар ниҳоят бо баҳонаи ошуб ба қатл расонида шуданд. Ҳамватанони азиз биёед дар ин рузи Саид дар ҳаққи зиндониёни фавтида, дуогу бошем.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндоониёни Сиёсӣ аз рузи аввали вуқуъи ин ҳодиса дар паҳулуи мусибатдидагон истод. Даъвои мазлумони онҳоро ба гуши оламиён расонид. Ва то тавон дорад барои таҳқиқу барраси он талош менамояд. КНГЗСТ бори дигар иди саиди рамазонро барои тамоми ҳамватанони худ муборакбод намуда, ба хонаводаҳои мотамзадаи зиндониён сабри ҷамил ва аҷри азим мехоҳад.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндоониёни Сиёсӣ (КШНГЗ)
03.06.2019
Варшава, Поланд
Добавить комментарий