Баргузории ҳамоиши “Ёдбуди шуҳадои зиндон” дар Варшава

Рӯзи якшанбе, 16 июн, дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон (Полша), бо ташаббуси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗ), ҳамоиши “Ёдбуди шуҳадои зиндон” баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши сайти Зиндониён, пойгоҳи иттилоърасонии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗ), дар санаи 16 июни соли ҷорӣ, дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон, ҳамоиши “Ёдбуди шуҳадои зиндон” бо ташаббуси КШНГЗ баргузор хоҳад шуд.

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, дар як гуфтугӯи кӯтоҳ бо сайти Зиндониён, зимни даъват аз тоҷикони муқими Аврупо барои ширкат дар ин ҳамоиш, гуфт: “Ин ҳамоиш ҷиҳати ёдбуди шаҳидоне, ки дар зиндони Ваҳдат ба дасти авбошони ҷинояткор ба сурати фаҷеона ба қатл расиданд ва низ қурбониёни зиндонҳои дигар мисли зиндони Хуҷанд баргузор мешавад.”

Вай афзуд: “Дар ин ҳамоиш, ки ба сурати мустақим дар фазои маҷозӣ пахш хоҳад шуд, ба иловаи тоҷикони муқими Аврупо, меҳмонони хориҷӣ ва рӯзноманигорон ҳам ширкат хоҳанд варзид.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: