Ба сарфармондеҳи Горди марзӣ, генерал-майор С.Г. Томаш Прага
Ва Раиси дафтари умури хориҷиҳо, Ярослав Шайнер
Бо салом.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон (КШНГЗС) ба воситаи ин нома, ба шумо мерасонад, ки Мустафо Ҳаётов, масъули бахши таблиғотии “Гурӯҳи 24” – яке аз созмонҳои сиёсии мухолифи режими Тоҷикистон, ки раҳбарият ва бештари фаъолонаш имрӯз дар Урупо ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, аз июни соли 2018 дар Лаҳистон ба сар мебарад ва дар интизори ҳаллу фасли парвандааш аст.
Мустафо Ҳаётов, ки дар ҳоли ҳозир дар зиндони урдугоҳи паноҳҷӯён қарор дорад, дар санаи 6 августи соли ҷорӣ, дар пайи эҳтимоли истирдодаш ба Тоҷикистон ва таҳвили ӯ ба Душанбе тавассути мақомоти лаҳистонӣ, эълони гуруснанишинӣ намуд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон (КШНГЗС) бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар сурати истирдоди Ҳаётов ба Душанбе, ӯ бо сарнавиште монанди сарнавишти боқии истирдодшудагон ба Тоҷикистон яъне азобу шиканҷа ва ҳабси тӯлонӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд, аз Шумо ҷиддан хостори ин аст, ки нагузоред ӯ ба Тоҷикистон истирдод ва ба дасти ҷаллодон супурда шавад.
Лозим ба ёдоварист, Мустафо Ҳаётов на узви ягон гурӯҳи террористӣ аст ва на ягон бор даст ба ҷиноят задааст. Ҷурми ӯ аз назари мақомоти Тоҷикистон фақат узвияти ӯ дар “Гурӯҳи 24” аст; гурӯҳе, ки фаъолияташ мусолиматомез буда ва ҳамасола намояндагонаш дар нишастҳои САҲА дар Варшава ширкат ва суханронӣ мекунанд.
Пешопеш аз ҳамкории шумо миннатдорем.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон (КШНГЗС)
8 августи 2019
Варшава, Лаҳистон
Добавить комментарий