Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон (КШНГЗТ) аз вазъи саломатӣ ва пайваста зери шиканҷа қарор гирифтани Муҳаммадалӣ Ҳайитов — муовини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амиқан нигарон аст. Ба таври доимӣ шиканҷа шудани ин зиндонии сиёсӣ, аз он дарак медиҳад, ки шараф ва ҳуқуқи инсон дар зиндонҳои Тоҷикистон поймол шуда, зиндонбонон бо маҳбусон рафтори ғайриинсонӣ мекунанд.
Ҳарчанд ВАО — и дохилӣ ва хориҷӣ ин масъаларо борҳо инъикос намуда, созмонҳои ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон дархости тағйири рафтори худ бо зиндониёнро талаб карда бошанд ҳам, вазъият беҳбудӣ наёфтааст ва баръакс баъди шикояти хешу табори маҳбусон, онҳоро бештар зери шиканҷа қарор медиҳанд. Аз ин нодида гирифтанҳои шикоятҳо маълум мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон дар паси ин ҳама меистад ва муборизаи бевиҷдононаро нисбати мухолифони ҳукумат пеш гирифтааст.
Созмонҳои байналмиллалӣ аз ҷумла, United Nations Human Rights Committee, Human Rights Watch, Amnesty International, Freedom Now, Committee Norwegian Helsinki, Freedom Hause, Global Advocates, International Partnership for Human Rights ва Association for Human Rights in Central Asia бо сиёсӣ хондани қазияи Муҳаммадалӣ Ҳайит, аз мақомоти Тоҷикистон талаби озодии фаврӣ ва бидуни шарти ӯро намуданд. Аммо мутаассифона ҳукумати Тоҷикистон на танҳо ин дархостҳоро ба назар нагирифт, балки бар азобу шиканҷаи Маҳмадалии Ҳайит афзуд.
Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ) ба ҳукумати Тоҷикистон ҳушдори ҷиддӣ медиҳад, ки фавран даст аз шиканҷаи Муҳаммадалӣ Ҳайит ва дигар зиндониёни сиёсӣ бардорад. Дар сурати иҷро нагардидани ин талаб, КШНГЗТ роҳҳои дигари фишорро дар назар дорад; аз роҳ андохтани пикетҳо дар назди бинои сафоратхонаҳо ва намояндагии СММ дар Аврупо то нома ба баландтарин мақомҳои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ.
Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ) ба ирсоли номае ба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва сафоратҳои муқими Тоҷикистон, аз онҳо дархост намуд, то ба ҳукумати Тоҷикистон дар ин хусус ҳушдор диҳанд ва ҳукумат фавран иҷозаи мулоқоти хонаводаҳо бо Муҳаммадалӣ Ҳайит ва дигар зиндониёни сиёсиро бидиҳад.
Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ)
9 сентябри соли 2019,
Варшава, Лаҳистон
Добавить комментарий