Борис Ярошевич, мудири дафтари Осиёи Марказии Иттиҳодияи Аврупо, дар посух ба номаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон (КШНГЗС), изҳор дошт, ки ҳуқуқи инсон ва ҷилавгирӣ аз шиканҷа яке аз бахшҳои аслии ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо бо Тоҷикистон буда, ин масоил дар сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ ҳамеша мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ин мақоми олирутбаи Иттиҳодияи Аврупо дар номаи худ афзудааст: “Мо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, ки ислоҳот дар бахши ҳуқуқи инсон ва ҷилавгирӣ аз шиканҷаи боздоштшудаҳоро ҳарчи зудтар ба иҷро дароварад.”
Ярошевич дар ҳоле ба номаи КШНГЗС посух менависад, ки чанде пеш масъалаи мавриди шиканҷа қарор гирифтани яке аз зиндониёни сиёсӣ дубора мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳо қарор гирифт. Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини роҳбари ҲНИТ ва зиндонии сиёсии тоҷик ду моҳ мешавад, ки аз тахти хоб ва родиюи худ маҳрум буда, ба илова мавриди шиканҷаи равонӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтааст.
Савриниссо Ҷӯраева, ҳамсари ҷаноби Ҳайит мегӯяд, ки баъд аз шаш моҳи интизорӣ дигарбора ҳаққи дидор ба шавҳараш фаро расид, ки чун одат ду соат пушти шиша гуфтугӯ кард. Ба гуфтаи хонум Ҷӯраева, масъулони боздоштгоҳи 1 (СИЗО) камокон шавҳарашро зери шиканҷа қарор дода, дастрасии ӯ ба табобат ва ё расонидани доруҳояшро манъ кардаанд.
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини роҳбари ҲНИТ, моҳи сентябри соли 2015 дар хонаи худ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи “фирор накардан” боздошт ва дар натиҷаи додгоҳи пушти дарҳои баста ба ҳабси абад маҳкум гардид.
Бори аввал хабари мавриди шиканҷа қарор гирифтани эшон моҳи марти соли ҷорӣ ошкор гардида буд. Он замон Маҳмадалӣ Ҳайит ҳангоми сӯҳбат бо модар ва ҳамсараш аз пушти панҷара лабу сари кафидаву изи шиканҷа дар шиками худро нишон дода гуфта буд, ки эҳтимол то дидорҳои дигар зинда намонад.
Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ҳайит, моҳи феврали соли ҷорӣ ӯ ба сактаи қалбӣ дучор шуд, ки масъулони боздоштгоҳ ёрии тиббӣ ё гирифтани доруро барояш иҷоза надода буданд.
Добавить комментарий