Номаи саркушода

Ба Омбудсмени Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Умед Бобозода

Нусха ба:

Созмони Афви байналмилал (Amnesty International)

Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch)

Аз ҷониби Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ)

Бо салом.

Боиси таассуф аст, ки ҳанӯз дар Тоҷикистон шаҳрвандон ва низ хонаводаҳо ва бастагони онҳо ба хотири фаъолиятҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи башариашон мавриди таъқибу озору азияти ниҳодҳои қудратӣ бахусус Вазорати корҳои дохила (ВКД) ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) қарор мегиранд.

Муддате аст, ки хонавода ва бастагони Абдусаттор Бобоев — раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ), ки дар берун аз қаламрави кишвар ба сурати расмӣ ва комилан муолиматомез фаъолият мекунад, аз тарафи ин ниҳодҳо мавриди таъқибу озору азият қарор гирифтаанд, аз ҷумла:

1) Бародари бузурги ӯ, Бобоев Саидаҳмад аз тарафи ниҳоди мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (УБОП ВКД) таҳти фишор қарор дорад. Соли гузашта (2018) кормандони ин ниҳод ӯро сари қабри модараш бурданд ва бо иҷбор водораш карданд, то ба бародараш (Абдусаттор Бобоев) муроҷиат кунад ва аз ӯ бихоҳад, ки ба кишвар баргардад. Ӯро таҳдид карданд, ки дар сурати сарпечӣ, зану духтару хоҳаронашро меоваранд ва дар ҳузураш урёнашон мекунанд. Баъд аз ин ҳодиса, Бобоев Саидаҳмад ба бемории фишори хун ва диабети қанд мубтало шуд.

2) Бародари дигари ӯ, Бобоев Фазлиддинро мақомоти амниятии маҳаллаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ баъди 3 рӯз аз даргузашти модараш бурда ва мавриди озору шиканҷа қарор додаанд, ки дар натиҷа ӯ натавониста чанд рӯз роҳ биравад. Ӯ имрӯзҳо аз тарафи ниҳодҳои КДАМ ва ВКД шадидан таҳти фишори руҳӣ-равонӣ қарор дорад.

3) Хоҳари ӯ, Бобоева Моҳишамс чанд бор аз тарафи кормандони КДАМ ва ВКД даъват шуда ва мавриди анвои таҳқиру тавҳинҳо қарор дода шуд.

4) Модари ӯ, Нуридинова Мамлакатро баъди ҳодисаҳои сентябри соли 2015 кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (УБОП) бо фармони роҳбари он вақтааш Девонаев Сафиало ба муддати як рӯз боздошт ва пурсуҷӯ карданд. Фардои ҳамон рӯз ҳамсари ӯ, Раҳимова Наргисро низ ба муддати ду рӯз боздошт карданд ва аз ӯ маҳалли иқдомати шавҳараш (Абдусаттор Бобоев)-ро пурсиданд. Баъди таҳқири зиёд, бо ситондани маблағи муайян аз онҳо (модару ҳамсараш), раҳояшон карданд.

5) Бародари дигари ӯ, Бобоев Саидисҳоқро кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (УБОП) дар моҳи ноябри 2015 ба мудати 21 рӯз боздошт карда ва мавриди анвои шиканҷа ва озору азият қарор доданд. Ба гуфтаи худи Саидисҳоқ, ӯро 4 маротиба зери қувваи барқ қарор доданд, то маҳалли иқомати бародарашро ошкор кунад. Сипас аз ӯ 30 ҳазор доллари америкоӣ барои озодиаш талаб карданд. Саидисҳоқ маҷбур шуд бо фурӯхтани хонааш, ин маблағро пардохт ккарда ва озод шавад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) аз Омбудсмени Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Умед Бобозода талаб менамояд, ки агар дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистонро, новобаста аз мансубияти онҳо ба кадом гурӯҳу ҳизб, рисолати худ медонад, пас, бо таваҷҷӯҳ ба ин нома – ки нусхаи он ба ду созмони Афви байналмилал (Amnesty International) ва Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) низ ирсол мешавад – дар зудтарин фурсат афроди дахлдор дар ин ҷиноятҳоро ба додгоҳ бикашад. Мо мунтазири натиҷаи иқдомҳои шумо мемонем.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ)

11 октябри 2019,

Варшава, Лаҳистон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s