Озоди муборак Домуллои азиз!

Рӯзи 27 октябр Домулло Нӯъмонхон ба озодӣ баромаданд. Домулло Нӯъмонхон Файзуллозода, сархатиби собиқи масҷиди ҷомеи Муҳаммад Иқбол, яке аз уламои маъруфи Истаравшан аст. Ӯ писари руҳонии маъруф марҳум Эшони Файзуллохон ва амакзодаи Домулло Ҳамзахон Аъзамзода, сархатиби масҷиди Мавлоно Усмони Чархӣ аст. Домулло Ҳамзахон як сол пеш дар синни 46-солагӣ аз дунё чашм пӯшид. Домулло Нӯъмонхон дар шимоли Тоҷикистон бо суханрониҳо ва хутбаҳояш маъруф аст.

КШНГЗТ ҳамаи мардуми тоҷик бахусус Домулло Нӯъмонхон ва хонаводаи эшонро ба хотири озод шудани эшон табрику муборакбод мегӯяд.

Озод шудани яко-яки зиндониёни тоҷикистонӣ, барои Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗТ) мояи саодат ва хушбахтӣ аст. Мо умедворем, ҳамаи зиндониён бавежа зиндониёни сиёсӣ озод шаванд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ

29.10.2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s