Озоди муборак Ҷунайдулло!

Ҷунайдулло Худоёров, блогнавис аз ноҳияи Рашт, ки дар пайи нашри чанд мақолаи интиқодӣ дар бораи мақомоти ин ноҳия боздошт ва бо ҷурми “салафигарӣ” ба 5 сол зиндон маҳкум шуда буд, баъди сипарӣ кардани 22 моҳ дар зиндони тангу торик, рӯзи 27 октябр ба озодӣ баромад. Дар ин бора Фарҳод Худоёров бародари Ҷунайдуллоҳ дар сафҳаи шахсии фейсбукияш хабар додааст.

Хурсандии мо, аъзо ва масъулони КНШГЗ, нисбати ҳар як ҳамватани бегуноҳ бахусус Ҷунайдуллоҳи мубориз ҳадду канор надорад.

КНШГЗТ бори дигар аз мақомоти тоҷик қотеъона талаб мекунад, ки ҳамаи зиндониёни сиёсӣ, ки бо тӯҳматҳои бофтаву сохта дар зиндонҳои Тоҷикистон вақти худро сипарӣ мекунанд озод карда шуда ва аз онҳо маъзарат хоста ҷубронпулӣ пардохта шавад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ

29.10.2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: