Абдусаттор Бобоев, раиси Кумита шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ зимни ташреҳи вахомати авзои зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, изҳор дошт, имрӯз ҳатто вукалои дифоъ ҳам дар Тоҷикистон зиндонӣ ҳастанд.
Вазъияти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон аз соли 2015 ба баъд вахомати шадиде ёфт. Бо сипарӣ шудани таҳаввулоти сентябри он сол, давлати Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо кудето номидани он вақойеъ, баҳонаи бисёр муносибе барои поксозии кишвар аз мухолифон барои эҷоди як кишвари такҳизбӣ ва ё ба баёни дақиқтар “хонаводагӣ” ба даст овард. Ҳизб наҳзати исломии Тоҷикистон дар конуни ин бархӯрдҳо буд. Ин шароит бо гузашти 4 сол мӯҷиб шуд, то Тоҷикистон ба яке аз бузургтарин зиндонҳои сиёсии ҷаҳон табдил шавад, ки ҳеч дидгоҳи мухолифе дар он вуҷуд надошта бошад. Нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ он аст, ки дар ин фароянд, илова бар рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсӣ, вукалои мудофеи зиёде низ ба чашм мехӯранд, ки таҳти унвони зиндонии сиёсӣ, аҳкоми худро сипарӣ мекунанд. Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов аз ҷумлаи матраҳтарин вукалое ҳастанд, ки дар ин миён номашон ба чашм мехӯрад ва ахиран мавриди тахфифи 6 ва 4-сола (аз аҳкоми 28 ва 21 сола) аз тарафи раисиҷумҳур қарор гирифтаанд. Ба ҳамин баҳона, хабаргузории Тасним мусоҳибаеро бо оқои Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ тартиб дода, ки дар зайл меояд:
Тасним: Лутфан аз вазъияти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон бигӯед. Оё омори дақиқе аз шумори зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?
Бобоев: Тоҷикистон то ба имрӯз адади зиндониёни сиёсиро эълом накардааст. Балки ҳукумат ҳатто иддао мекунад, ки дар Тоҷикистон ҳеч зиндонии сиёсӣ вуҷуд надорад. Аммо хуб ин як дурӯғи маҳз аст ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ҳама медонанд, ки дар Тоҷикистон зиндониёни сиёсии зиёде вуҷуд дорад. Бар асоси омори аввалие, ки мо дар ихтиёр дорем, ки метавонад бисёр бештар ҳам бошад, акнун беш аз 1500 зиндонии сиёсӣ аз ҳамаи аҳзобу гурӯҳҳои мухталиф ба аҳкоми тӯлонимуддат дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳастанд ва ранҷ мебаранд. Мо соли гузашта як маҷаллаеро мунташир кардем, ки тавонистем дар он теъдоди 200 нафар аз зиндониёни сиёсиро муаррифӣ ва бо эъломи номи онҳо мунташир кунем. Имсол ҳам мо маҷаллаи дигареро дар КШНГЗС нашр намуда ва номи шумори дигаре аз зиндониёни сиёсиро ҷамъоварӣ кардаем, ки 259 нафар аст. Аксари ин афрод аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ, аъзои Гурӯҳи 24, рӯзноманигорон ва вукало ҳастанд.
Тасним: Ахиран шоҳиди як афви умумӣ ба муносибати Рӯзи қонуни асосӣ дар Тоҷикистон аз сӯи раисиҷумҳур будем. Оё дар миёни онҳое, ки шомили афв шуданд, зиндониёни сиёсӣ ҳам ҳузур доштанд?
Бобоев: Бале, дар Рӯзи қонуни асосӣ буд, ки ҳукумат шумори зиёдеро афв кард. Албатта ба иқрори ҳукумати Тоҷикистон, танҳо 500 нафар аз ин афрод, ки аз зиндон озодшуданд шояд битавон ба навъе зиндонии сиёсӣ номид. Ҷурми инҳо ҳам умдатан лойк гузоштан зери постҳои мухолифин дар шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Албатта ба ақидаи мо инҳоро наметавонем зиндониёни сиёсӣ биномем.
Тасним: Бузургмеҳр Ёров ҳам аз ҷумлаи зиндониёни сиёсии шинохташуда аст. Лутфан дар бораи вакил Бузургмеҳр Ёров бигӯед.
Бобоев: Парвандаи вакил Бузургмеҳр Ёров ҳам ба соли 2015 бозмегардад. Баъд аз вақойеъи сентябри 2015, ки ҳукумат бо як саҳнасозӣ эълом кард гӯё генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифои вақт хоста, ки як кудето ба роҳ биандозад, таҳаввулоти бисёре рух дод. Албатта то ба имрӯз дигар мушаххас шуда, ки он иқдомот саҳнасозӣ буда ва ҳеч асаре аз кудето вуҷуд надоштааст. Ба ҳар ҳол, дар натиҷаи ин таҳаввулот шумори зиёде аз чеҳраҳо ва фаъолони сиёсӣ дастгир ва зиндонӣ шуданд, ки 13 нафар аз аъзои Риёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ миёни онҳо буданд. Бузургмеҳр Ёров вакили мудофеъ ва ҳомии ин фаъолони сиёсӣ буд, ки бе далел равонаи зиндон шуда буданд. Ҷурми Бузургмеҳр Ёров ҳам ҳамин буд, ки ӯ аз опозисиюни сиёсӣ ва аъзои аршади Ҳизби наҳзат хост дифоъ кунад. Дар ниҳоят оқои Ёров 28 сол ҳукм гирифт. Медонем, ки барои афроде, ки болотар аз 40 сол син доранд, ин ҳукм дар мақоми як ҳабси абад аст.
Тасним: Нуриддин Маҳкамов ҳам вакили мудофеи дигаре аст, ӯ авф шуд? Ҷурми ӯ чӣ буд?
Бобоев: Хуб, баъд аз дастгирии Бузургмеҳр Ёров ба унвони як вакили мудофеъ, шуморе аз вукалои дигар низ хостанд аз ӯ дифоъ кунанд. Як созмони ҳуқуқии муташаккил аз вукалои барҷаста дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки ном он “Сипар” аст. Нуриддин Маҳкамов низ яке аз аъзои “Сипар” буд, ки хост барои озодии Бузургмеҳр Ёров иқдом кунад. Ӯ ва шуморе дигар аз вукалои матраҳ, ваколати Ёровро бар ӯҳда гирифтанд. Баъд аз чанд вақте инҳо ҳам равонаи зиндон шуданд. Худи Нуриддин Маҳкамов ҳам 21 сол ҳукми зиндон гирифт. Ӯ низ вакили дифои вакили дифои зиндониёни сиёсӣ буд.
Тасним: Оё дар Тоҷикистон собиқае аз дастгирӣ ва зиндонӣ кардани вукалои дигар ҳам вуҷуд дорад?
Бобоев: Бале, шумори вукалое, ки дар зиндон ҳастанд ва ба иттиҳомоти воҳӣ ба ҳабсҳои тӯлонимуддат маҳкум шудаанд, зиёданд. Чанде қабл аз Бузургмеҳр Ёров, вакили шинохташудаи дигари тоҷик, Шӯҳрат Қудратов ҳам равонаи зиндон шуда буд, ки билохира 24 августи 2018 аз зиндон озод шуд. Ҳамон вақт ҳам яке аз бародарони Бузургмеҳр Ёров (Ҷамшед Ёров), ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад, ӯ ҳам вақте хост аз муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, Муҳаммадалӣ Ҳаит дифоъ кунанд, ӯро низ равонаи зиндон карданд. Аммо баъд аз дархости созмонҳои байналмилалӣ ва афзоиши фишорҳо, ҳукумат маҷбур ба озодии вай шуд ва ӯ низ аз кишвар фирор кард. Ҳамчунин вакили дифои дигаре хонум Муаззама Қодирова буд. Ӯ низ ваколати Бузургмеҳрро бар ӯҳда гирифта буд ва ӯ низ баъд аз фишор ва таҳдидҳои шадид маҷбур шуд аз кишвар фирор кунад ва дар хориҷ аз кишвар ба унвони паноҳандаи сиёсӣ ба сар мебарад. Ҳамчун хонум Қодирова вукалои дигаре ҳам дар Урупо имрӯз ҳузур доранд. Исҳоқ Табаров низ вакили дифои Зайд Саидов буд, ки писаронашро равонаи зиндон карданд ва баъд аз шиканҷаҳои зиёд ва фишорҳо ӯ низ ба сактаи қалбӣ мубтало шуд ва дар ниҳоят даргузашт. Дар солҳои қабл низ вукалои дигаре равонаи зиндон шуданд. Яке аз ин афрод Бону Файзинисо Воҳидова буд, ки ба рағми озодӣ, ба шиддат таҳти фишор ва озору азиятҳои шадиде аз сӯи ҳукумат буд. Эшон низ соли гузашта ба тарзи машкуке аз дунё рафтанд. Бархе коршиносон мӯътақиданд эшон низ масмум шуданд.
Тасним: Ба назари шумо ин афви умумӣ, ки дар он тахфифи муҷозоти вукалои дифои зиндониёни сиёсӣ аст, метавонад як нишонаи беҳбуди шароит бошад?
Бобоев: Бубинед, инҳо ҳамагӣ як саҳнасозии моҳирона аст. Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад ба созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон бидиҳад, ки шахси одил аст ва дар муқобили “ҷинояткорон” низ афву бахшиш дорад. Албатта мо ҳам медонем, ки соли 2020 дар Тоҷикистон интихоботи риёсати ҷумҳурӣ аст ва бори чандум худаш биёяд ё писарашро сари қудрат бигузорад. Ин дар ҳоле аст, ки дар 28 соле, ки ӯ қудратро қабза кардааст, ҳар кадом аз мухолифони сиёсӣ, ки кучактарин эътирозе ба ӯ кардааст, то кунун дастгир ва зиндонӣ шудааст. Ин афроде ҳам, ки афв гирифтаанд ва озод шудаанд, умдатан дуздҳо ва мутаққаллибин ва аъзои ҲХДТ буданд ва ҳастанд, ки ба ҷурми ришва ва фасод равонаи зиндон шуда буданд. Хулоса метавон гуфт, ки ҳеч зиндонии сиёсӣ дар Тоҷикистон то кунун мавриди афв қарор нагирифтанд. Ҳатто ҳукумат ба тарафдорони худаш ҳам раҳм намекунад, чӣ расад ба мухолифини сиёсӣ.
Тасним: Магар аз наздикон ва атрофиёни раисиҷумҳур ҳам акнун касоне ҳастанд, ки дар зиндон ба сар мебаранд?
Бобоев: Бале, афроде буданд аз ҲХДТ, ки ӯро ҳатто бар сари қудрат оварданд низ имрӯз равонаи зиндон шуда ва ё ба қатл расидаанд. Ҳеч кадом аз инҳо низ то кунун мавриди афв қарор нагирифтанд. Чанд нафаре ҳам, ки озод шуданд, кулли давраи маҳкумияти худро сипарӣ карда буданд. Яке аз он афрод, вазири собиқи дохила, Ёқуб Салимов аст, ки солҳои пеш вақте хост ҳукумати Раҳмонро маҳкум кунад равонаи зиндон шуд. Ӯ баъд аз итмоми маҳкумияташ озод шуд, ки ҳудудан 15 сол буд. Нафари дигар ҳам Ғаффор Мирзоев аст, ки ӯ низ генерал ва фармондеҳи горди раисиҷумҳур буд ва дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ алайҳи озодихоҳон, исломгароён ва демократҳо меҷангид ва Раҳмонро сари қудрат овард. Аммо ӯ ва бародараш низ акнун бо ҳукми ҳабси абад равонаи зиндон шудаанд. Афроди зиёди дигаре ҳам ҳастанд аз ҲХДТ. Яке аз маъруфҳои онҳо писар ва домоди Сангак Сафаров аст, ки ҳанӯз беш аз 20 сол ҳукм гирифтанд ва акнун дар зиндон ҳастанд.
Тасним: Чӣ нақшаҳое? Лутфан тавзеҳи бештаре диҳед.
Бобоев: Бубинед, соли гузашта дар Тоҷикистон эълом шуд, ки яке аз рӯҳониюни барҷастаи кишвар, эшони Қиёмуддини Ғозӣ қарор аст аз зиндон озод шавад. Қаблан ба ӯ гуфта буданд, ки агар ҷароимро бар ӯҳда бигирӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эронро мавриди нақд қарор диҳӣ ва мусаббиби ноамниҳои пас аз истиқлол бидонӣ, аз зиндон озод мешавӣ. Баъдан ҳам хонаводааш инро эълом карданд. Аммо дар соли ҷорӣ шоҳид будем, ки дар зиндони шаҳри Ваҳдат тайи як шӯриши сохтагӣ афроди зиёде кушта шуданд ва аз ҷумла Сайидқиёмуддини Ғозӣ ҳам миёни онҳо буд. Дар ҳоле, ки ваъда иафв ва озодӣ дода шуда буд ба онҳо, дар зиндон кушта шуданд.
Ҳар вақт, ки ҳукумати Тоҷикистон як ҳукме эълом мекунад мо дар ташвиш ҳастем, ки нақшаи дигаре дар сари ҳукумат аст. Маъмулан як нақшаи ҳамешагӣ ҳазфи физикии афрод аст. Чаро, ки медонем дар таърихи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аҳаде аз зиндониёни сиёсӣ натавонистаанд озод шуда ва озодона дар кишвар зиндагӣ кунанд.
Тасним: Дар мавриди Бузургмеҳр Ёров ҳам чунин иттифоқе афтода буд?
Бобоев: Бале, дар ҳамин соли ҷорӣ шоҳид будем, ки бародари Бузургмеҳр Ёров ҳам эълом кард дар расонаҳо, ки ҳукумат аз Бузургмеҳр дархост карда, ки гуноҳи худро иқрор кунад ва дархости афве бинависад. Аммо Бузургмеҳр Ёров инро рад карда ва гуфта, ки инсони бегуноҳ ҳеч дархости афве намекунад. Инҳо саҳнасозиҳое аст, ки аз тарафи ҳукумат иҷро мешавад.
Тасним: Қаблтар дар хабарҳо шунида будем, ки Созмони Милали Муттаҳид ҳам хостори озодии Бузургмеҳр Ёров шудааст. Оё натиҷае дошта ин дархостҳо?
Бобоев: Бале, ин мавзӯъ дар натиҷаи пайгирии мо ва бародаронамон буд. Номаи аввали мо ба Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Муҳаммадали Ҳаит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакил Бузургмеҳр Ёров ва тоҷири шинохташуда ва вазири собиқи санъати кишвар, Зайд Саидов буд. Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал ҳам таҳқиқ кард ва ба ин натиҷа расид, ки ин афрод бидуни ҷурм ва бегуноҳ равонаи зиндон шуданд. Ва дар ниҳоят аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кард, ки сареъан озод шаванд ва ғаромат низ ба онҳо пардохт шавад. Аммо ҳукумат таваҷҷӯҳе накард. Мо умедворем ин дархостҳо дар ниҳоят натиҷабахш бошад ва ин ҳукумат низ дар ниҳоят дар назди ин созмонҳо, мардум ва муҳимтар аз ҳама Худованд посух хоҳанд гуфт.
Ба ҷуз ин се нафар, ки номи онҳоро гуфтем, боз дигар бародарони мо 13 нафари дигар аз зиндониёни сиёсиро, ки аксарашон аз аъзои Шӯрои раҳбарии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳастанд, парвандаи онҳо ба Кумитаи ҳуқуқи башар ирсол шуда ва дар дасти баррасӣ аст. Ба зудӣ натиҷаи онҳо низ эълом хоҳад шуд.
Добавить комментарий