Баёнияи КШНГЗ оиди боздоштҳои муваққатӣ, шиканҷаҳои равонӣ ва ҷисмонии хоҳарону модарони сатрпӯш

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) боздоштҳои муваққатӣ ва аз ин тариқ шиканҷаҳои равонӣ ва ҷисмонии хоҳарону модарони сатрпӯшро маҳкум мекунад.

Модарону хоҳароне, ки бо кафолати ҳуқуқҳои конститутсионии худ либосҳои миллӣ-мазҳабӣ мепӯшанд, бо камоли таассуф, имрӯз дар Тоҷикистон тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва иддае аз мақомоти иҷроия, аз ҷумла маъмурони Кумитаи дин, Кумитаи занон ва кормандони ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мисоли модари ду маъюб Нилуфар Раҷабова зери таҳдиду фишор ва ҳамлаҳои физикӣ қарор гирифтаанд.

КШНГЗС ин амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва иддае аз кормандони мақомоти иҷроияро на танҳо хилофи Конститутсия, қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҳукумати Тоҷикистон зери онҳо имзо гузоштааст, медонад, балки ин кори онҳоро ҷиноятҳои муташаккилона баҳо медиҳад.

Мушоҳида ва мутолеаи рафторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва кормандони мақомоти иҷроия нишон медиҳанд, онҳо ҳама рӯза дар вақти анҷоми «корҳои фаҳмондадиҳии худ» дар нисбати хоҳарону модарони ҳиҷобпӯш дасти кам 10 моддаи Қонуни асосии Тоҷикистон-Конститутсия, бахусус модаҳои 5, 8, 19, 17, 26, 30, 34, 40, 41, 46 ва дигар меъёрҳову санадҳое, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф ва зери онҳо имзо гузоштаастро дағалона ва муташаккилона вайрон мекунанд.

Биноан, КШНГЗС аз президент Эмомалӣ Раҳмон, Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон талаб мекунад, ки бар асоси вазифаҳои давлатиии худ ба ин ҳама бадрафторӣ ва қоншиканиҳо поён диҳанд.

Ҳамзамон КШНГЗС аз тамоми созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва берун аз он даъват мекунад, ки дар нисбати ин ҳама рафторҳои хашин, қонуншикании муташаккилона алайҳи хоҳарону модарони ҳиҷобпӯши тоҷик бетараф набошанд ва тибқи рисолати касбӣ ва кории худашон аз ин ҷабрдидаҳо ҳимоят кунанд.

КШНГЗС ин ҳама ҷиноятҳоро яке аз гунаҳои ваҳшатофаринӣ ва ифротгароии давлатӣ дониста, дар навбати худ талош мекунад дар зудтарин фурсат «Феҳристи афроди алоқаманд ба терроризм ва экстремизми давлатӣ»-ро тартиб медиҳад ва дар он тамоми афроде, ки дар анҷоми чунин ҷиноятҳои муташаккилона саҳмгузорӣ карда, қисме аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон маҳрум мекунанд, ҷой дода, барои муаррифии ин афроди ҷиноятпеша феҳристро ба ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар ва дигар муассисаҳо ирсол хоҳад кард.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Варшава-Лаҳистон

18.12.2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: