Абусаттор Бобоев
Баъд аз интихоботи порлумонии соли 2010, вазъи диндорон бавежа онҳое, ки амалан аркони динии худро риоя ва аз он ҳифозат мекарданд, бад шуда, фишорҳои афзоянда ба ришдорон ва хоҳарону модарони руймолпӯшу ҳиҷобдор ба вуҷуд омад.
Баъд аз фош ва паҳн шудани протоколи 32-20, ки диндорон бахусус онҳоеро, ки мусалмони амалаиянду барои камбудиву беназмӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ҳукумати феълиро мавриди интиқод қарор медоданд, ҳадаф қарор дода, фишорҳои гуногунро болои онҳо амалӣ мекарданд.
Соли 2015 баъди мунҳал сохтани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, якбора фишор ба мусалмонҳо бахусус хоҳарону модарони ҳиҷобпӯшу руймолдор оғоз гардид. Агар дар аввал пушидани ҳиҷоб ё рӯсариро дар мактабу кӯдакистонҳо ва колеҷу донишгоҳҳо мамнӯъ карда бошанд, баъдан онро дар бемористонҳо, варзишгоҳҳо, коргоҳҳои хусусиву давлатӣ, хиёбону кӯчаҳо, марокизи фарҳангиву фароғатӣ манъ намуда, як ҷанги басо ноҷавонмардона таҳти унвони «мубориза бо фарҳанги бегона”-ро оғоз карданд, ки он хилофи ҳамаи қавонин ва меъёрҳои пазируфта дар ҷаҳони муосир аст.
Таҳти «мубориза бо фарҳанги бегона» ҳазорон хоҳару модаронро дар Тоҷикистон таҳқиру тавҳин карда, ошкоро ҳуқуқу озодиҳои онҳоро маҳдуд намудаанд, ки садҳо навиштаву гузоришҳои дохиливу хориҷӣ дар ВАО баёнгари он аст.
Ҳукумати Тоҷикистон таҳти “мубориза бо фарҳанги бегона» гӯё як навъ ҷанг алайҳи фарҳангҳои бегона дар шароити ҷаҳонишавӣ роҳандозӣ карда, ки хилофи тамоми меъёрҳои байналмиллалӣ буда, бояд дар арсаи ҷаҳонӣ ба он посух гуфта шавад. Мутаассифона ин ҷанги тамомайёр бар зидди рӯймолу сатру ҳиҷоб дар кишваре иттифоқ меафтад, ки мардумаш 93 дарсад пайрави дини мубини Исломанд. Таърихан фарҳанги ин миллат бо фарҳанги ноби исломӣ омезиш ёфта, ба торупуди ин мардум омехта шудааст. Ва ингуна бархӯрди ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқиро ба ҷуз эълони ҷанг алайҳи мусалмонони воқеъии ин сарзамин наметавон чизи дигар унвон кард, ки охираш ба як таркиши бузург шояд анҷом шавад.
Боздошти Нилуфар Раҷабова — духтари Раҳматуллои Раҷаб, зиндонии сиёсӣ ва хоҳари рӯзноманигор Шӯҳрати Раҳматулло рӯзи 14 декбр ҳамроҳи чанд хоҳару модари сатрпӯшу рӯймолдор дар похйтахти Тоҷикистон, шаҳодат аз он дорад, ки ин рейдҳо пайваста ташкил шуда вазъият аз солҳои қабл вахимтар шудааст.
Ҷараёни ин боздошт, ки сабту расонаӣ шуд, нишон медиҳад, ки як мақомдори баландпояи Вазорати Корҳои Дохила, Исматзода Машраф, ки ҳамзамон муовини ШВКД Сино -2 будааст, чӣ гуна бо ин хоҳарону модарон муносибати дағалона намуда, аз ҳадди ваколатҳои хидматияш берун рафта, бо поймол кардани тамоми қонунҳо ва меъёрҳои конститутсионӣ ин хоҳарро дашному ҳақорат ва ҳатто таҳдид ба таҷовуз кардааст. Аз ин рафтори кормандони сатҳи боло бармеояд, ки онҳо як навъ дастур ва чароғаки сабзро гирифтаанд, то ба хоҳарону модарон чунин бархӯрде анҷом бидиҳанд.
Ингуна боздошту рейдҳо қариб ҳамарӯза анҷом мешаванд. Тарсу ҳарос ва набудани ВАО-и мустақил ба низоми адолати судӣ ва дигар институтҳои ҳомии қонун дар Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки то ҳамаи он чи, ки аз сари ҳазорон мусалмони тоҷик имрӯз мегузарад, расонаӣ ва ба самъи ҷомеаи байнанлмилалӣ расонда шавад.
Боздошт ва рейди ахир хилофи қонунҳои кишвар аз ҷумла Сарқонун буда, чандин моддаи Қонуни Асосиро поймол ва дағалона вайрон кардааст. Ингуна рейдҳо низоми демократӣ ва дунявии кишварро зери суол мебарад.
Тибқи моддаи 5 Конситутсия, “ҳайёт, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд”, дар ҳоле ки ба ҳайёт ва номуси модарону хоҳарон ҳар рӯз дахолат мешавад.
Бар пояи моддаи 17, “Сарқонун баробарии зану мардонро кафолат медиҳад”, дар ҳоле, ки занҳо наметавонанд мисли мардҳо ба масҷид бираванд ё ба фаризаи динии худ яъне пӯшидани ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамиятӣ, муасисаҳои таълимӣ, варзишгоҳҳо ва ғайра амал кунанд.
Тибқи моддаи 18, “дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад”, дар ҳоле, ки боздошту соатҳо нигоҳ доштани хоҳарону модарони сатрпӯшу боҳиҷоб ин дахолати ошкор ба ҳаёти онҳост.
Бар асоси моддаӣ 22, “манзили шахс далнопазир аст”, дар ҳоле, ки имрӯз гурӯҳи кории ба ном «мубориза бо фарҳанги бегона » гурӯҳ-гурӯҳ бидуни огоҳии пешакӣ, ба манзили шаҳрвандон зада даромада онҳоро барои пӯшишҳои диниву имонияшон таҳдид мекунанд.
Тибқи моддаи 26, “Сарқонунуни Тоҷикистон иҷоза додааст, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад ҳар динеро интихоб кунад ва тибқи он амал намояд”, ҳол он ки оё занҳо дар Тоҷикистон, ки барои худашон Исломро дин пазируфтаанд ҳақ надоранд пӯшишашон тибқи дастуроти динашон бошад?!
Тибқи моддаи 30, Сарқонун “ба ҳар кас озодии суханро кафолат додааст”, аммо вақте хоҳари мусалмон аз вазъияти ба сараш омада ба ВАО ё дигар ҷой шикоят кунад, ӯро таҳдид мекунанд ва хоину терраристаш медонанд.
Бар асоси моддаи 34, “модару кӯдак таҳти ҳимояи давлатанд”, дар ҳоле, ки як хоҳари муҳаҷҷаба, ки ҳамзамон модари чанд тифли хурдсол аст, мехоҳад ба беморхона равад, аммо танҳо ба хотири пӯшиши исломияш ин модару кӯдак азият мешаванд. Оё ҳамин аст ҳимояи давлат аз модару кӯдак?!
Тибқи моддаи 40, “ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа… озодона иштирок намояд”, аммо хоҳарони ҳиҷобпӯшу рӯймол ба сар ин ҳуқуқро надоранд.
Бар асоси модддаи 46, ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, давлат онро ҳимоя мекунад, аммо ҳамарӯза ба ҳуқуқу озодиҳои мисли хоҳар Нилуфар Раҷабова ва садҳо хоҳари сатрпӯш таҳдидҳои воқеъӣ сурат мегирад ва давлат куҷост, то бо истифода аз меъёрҳои Сарқонунаш, ки онро муқаддас медонад, ин хоҳарону модаронро ҳимоя кунад?!
Бояд созмонҳои ҷаҳонӣ ва ҷомеаи байналмиллалӣ бидонанд, ки ҳамон гуна дар қазияи ба сари Нилуфар Раҷабова ба хотири ҳиҷобаш омад ва модаҳои 5, 8, 19, 17, 26, 30, 34, 40, 41, 46 ва дигар меъёрҳову санадҳое, ки Тоҷикистон онро пазируфтааст дағалона поймол шудааст, нисбати дигар занони ҳиҷобпӯш низ ҳамарӯза поймол мегардад.
Ин равандро як раванди нангин, хушунатзо, бераҳмӣ ва ғайриахлоқӣ медонем. Ва аз созмонҳои ҷаҳониву минтақаӣ хоҳонем, то бо ҳимоя аз қонун битавонанд сари роҳи ин беҳуқуқӣ ва бебандубориро бигиранд.
Дар баробари ин ҳама кафолатҳои қонун ҳиҷоб як фаризаи илоҳӣ буда ҷомеаи мусалмони тоҷикро дар бархӯрди ҳукумат ва мақомот ба ин фаризаи илоҳӣ шадидан нигарон кардааст.
Агар имрӯз ин хоҳарону модарон аз ҳимоя ва ҳифозати қонун бавежа Сарқонуни кишвар бархӯрдор набошанд, пайёмадҳои нохуш ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам ба минтақа ба дунбол дорад. Зеро ҳазорҳо ҷавонмардон вақте мебинанд, ки роҳҳои қонунӣ ва бархӯрди мусолиҳатомез бо мухолифони ҳиҷоб дар ин ҷанги эълоннашуда созгор нест, онҳо абзорҳо ва шеваву роҳҳои дигарро барои ҳимоят аз номуси худ яъне хоҳарону модаронашон пайдо хоҳанд кард.
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёси дар Тоҷикистон
Добавить комментарий