Моҷарои боздошти хонум Нилуфар Раҷабова ба далел сатр ва фишорҳо ва таҳдид ба таҷовуз дар идораи пулис ва адами натиҷабахшии шикояти вай ва модараш нишондиҳандаи вазъияти номуносиби озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон аст.

Масъалаи сатр дар Тоҷикистон тайи моҳҳои ахир мавзӯи баҳсҳои расонаӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқи башарии густурдае шудааст. Тайи солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистон тамоюлотеро барои мамнӯъ эълом кардани сатр дар маконҳои давлатӣ аз худ нишон додааст. Чанд моҳ пеш низ лоиҳаи қонунӣ шудани ин асл ба порлумон матраҳ шуда буд. Бо ин ҳол эътирозоти мардум ва нухбагони фикрӣ ва бавежа бархе аз руҳониҳо мӯҷиб шуд, то ин тасмим ҳамчунон дар марҳилаи аввали қонунӣ шудан бимонад. Дар сурати тасвиби чунин қонуне, ҳеч зани тоҷике наметавонад дар маконҳои давлатӣ назири мадорис, бемористонҳо, донишгоҳҳо ва идороти давлатӣ бо сатр ҳозир шавад. Бо ин вуҷуд аммо хабарҳое тайи як соли ахир дар Тоҷикистон мунташир мешавад мабнӣ бар иҷрои ғайрирасмии чунин қонуне нисбат ба занони сатрпӯш.
Дар охирин намуна аз ин даст, парвандаи хонум Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб, узви Риёсати Олии Ҳизби наҳзати исломӣ ва хоҳари яке аз рӯзноманигорони фаъол ин кишвар матраҳ шудааст. Хонум Раҷабова замоне, ки барои мудовои фарзандаш ба бемористон муроҷеа мекунад, ба ҳамроҳи чанд зани дигар боздошт шуда ва дар ниҳоят ҷарима мешаванд.
Дар ҳамин замина хабаргузории Тасним гуфтугӯеро бо оқои Абдуссаттор Бобоев, фаъоли ҳуқуқи башарии тоҷик ва раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ тартиб додааст:
Боздошти занони сатрпӯш
Дастгирии занони сатрпӯш дар Тоҷикистон барои аввалин бор нест, ки иттифоқ меафтад. Мавориди бисёр зиёде тайи ин муддат гузориш шудааст. Ин бор аммо ин масъала ба шакли тундтаре барои хонум Нилуфар Раҷабова иттифоқ афтодааст. Хонум Нилуфар Раҷабова 2 фарзанди маълул дорад, ки наметавонанд роҳ бираванд. Эшон вақте, ки тасмим гирифтааст ба бемористон биравад барои мудовои фарзандонаш, бо боздошти пулис мувоҷеҳ мешавад. Иллати боздошт ҳам пӯшидани рӯсарӣ бар сар будааст. Мутаассифона бо таҳқиру тавҳин ҳамроҳи чанд зани дигар эшонро ба дафтари кории шӯъбаи пулиси ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе бурдаанд.
Ташдиди фишорҳо ва таҳдид ба таҷовуз ба далели нисбати хонаводагӣ бо фаъолони сиёсӣ
Нилуфар Раҷабова духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб, узви Риёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки акнун дар Тоҷикистон дар зиндон ба сар мебарад ва ба 28 сол маҳкум шудааст. Бародари хонум Раҷабова, Шӯҳрати Раҳматуллоҳ ҳам яке аз рӯзноманигорони мустақил аст, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунад. Як далели он ки ин масъала барои хонум Раҷабова тундтар ва шадидтар шудааст, ҳамин нисбати хонаводагӣ бо як фаъоли сиёсӣ ва рӯзноманигори мустақил аст.
Баъдан, ки дар идораи пулис фаҳмиданд, ки ӯ ҳам духтари зиндонии сиёсӣ, Раҳматуллоҳи Раҷаб ва хоҳари рӯзноманигор Шӯҳрати Раҳматуллоҳ аст, ӯро бештар таҳқир карданд ва ҳатто мавриди зарбу шатм қарор доданд. Дар ниҳоят низ эшонро бо вазъияти баде бурдаанд боздоштгоҳи Вазорати дохила дар ҳамон наздикӣ. Алфози бисёр ракике ба вай нисбат дода ва ҳатто эшонро ба таҷовузи дастаҷамъӣ ҳам таҳдид карданд.
Ҷарима ба хотири пӯшидани сатр
Дар ин муддат то замоне, ки модари хонум Раҷабова ба пулис муроҷеа мекунад, ҳудуди 14 соат эшонро бидуни обу ғизо ва дар шароити баде боздошт кардаанд. Мутаассифона вақте модари эшон низ дархости озодии вайро матраҳ мекунад, ӯро низ мавриди таҳқиру тавҳин қарор медиҳанд. Дар ниҳоят рӯзи пас аз он, модари хонум Раҷабова ба додрасии кишвар муроҷеа кард ва шикояте навишт. Дар ин шикоят дархост шуд, то ин афрод ба далели рафторҳои худ муҷозот шаванд.
Дар ниҳоят як рӯз баъд ду нафар намоянда аз додситонии ҳамон ноҳияи Сино ва додситонӣ аз маркази ҷумҳурӣ омаданд ва хонум Раҷабоваро бо ҳамроҳии модараш ба додгоҳ бурданд. Баъд аз чанд муддат мо огоҳ шудем, ки онҳоро ба маблағи беш аз 500 сомонӣ ҷарима ҳам кардаанд.
Мубориза бо сатр бо шиори “Мубориза бо фарҳанги бегона”
Таҳти шиори “Мубориза бо фарҳанги бегона” ҳазорон нафар аз хоҳарону модарони моро дар Тоҷикистон таҳқиру тавҳин карда ва ошкоро ҳуқуқу озодиҳои онҳоро маҳдуд кардаанд. Давлат ба баҳонаи “Мубориза бо фарҳанги бегона” як навъ ҷангро алайҳи ба истилоҳ, фарҳанги бегона ба роҳ андохтааст, ки хилофи тамоми меъёрҳои байналмилалӣ аст. Аз ин рӯ, бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ нисбат ба он посухгӯ бошад. Мутаассифона ин ҷанг алайҳи пӯшишу сатр дар кишваре иттифоқ меафтад, ки беш аз 97 дарсади мардумаш пайрави дини мубини ислом ҳастанд. Таърихи фарҳанги ин миллат бо фарҳанги исломӣ омехта шуда ва бо тору пуди ин мардум яке шудааст. Аз ин рӯ, ин иқдом алайҳи сатрро ҷуз эълони ҷанг алайҳи мусалмонони кишвар наметавон унвон кард.
Моҷарои ахири хонум Нилуфар Раҷабова ва чанд зани дигар дар шаҳри Душанбе дар таърихи 14 декабр нишон дод, ки ин вазъият тайи солҳои ахир нисбат ба қабл бисёр вахимтар шудааст. Навъи рафтори ин мақомот дар вазорати дохила бо занони сатрпӯш ва адами бархӯрд бо онон тавре аст, ки гӯӣ онҳо як дастур ва ё чароғи сабз аз боло дарёфт кардаанд.
Манъи сатр хилофи Қонуни асосии Тоҷикистон
Боздошт ва ҳамлаи ахир хилофи қавонини кишвар, аз ҷумла Қонуни асосӣ аст. Дар ҳақиқат ин гуна иқдомот чандин модда ва банд аз қонунро зери по мегузорад. На танҳо нисбат ба хонум Нилуфар Раҷабова, балки нисбат ба тамоми хоҳарон ва бонувоне, ки сатр доранд ва таҳти ин гуна рафторҳо қарор мегиранд. Ин авохир поймол шудани меъёрҳои қонунӣ ва аз ҷумла низоми демукротик ва дунявии кишвар ба каррот дида шудааст.
Моддаи 5 Қонуни асосӣ мегӯяд, зиндагӣ, номус ва дигар ҳуқуқи фитрии инсон халалнопазир ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин муддат ба зиндагӣ ва номуси хоҳарону модарони тоҷик ҳар рӯз дахолат мешавад. Моддаи 17, банди 3 Қонуни асосӣ низ баробарии зану мардро кафолат медиҳад, аммо имрӯз мебинем занҳо наметавонанд монанди мардҳо ба масҷид бираванд ва ё фароизи динии худ ҳамчун пӯшидани сатрро дар манотиқи пурҷамъият, муассисоти омӯзишӣ, варзишгоҳҳо ва дигар маконҳо анҷом диҳанд. Дар моддаи 18 низ тасреҳ мешавад, ки “халалнопазирӣ ба ҳуқуқи афродро давлат тазмин мекунад”. Боздошт ва соатҳо нигаҳ доштани хоҳарону модарони бо сатр дар зиндон ин аслро низ нақз мекунад.
Дар моддаи 22 низ мегӯяд, ки манозили мардум дахлнопазир аст. Аммо имрӯз мебинем, ки таҳти барномаи “Мубориза бо фарҳанги бегона”, бидуни огоҳӣ, ба манозил шаҳрвандон омада ва онҳоро барои пӯшишҳои динӣ ва имониашон таҳдид мекунанд. Дар моддаи 2 Қонуни асосӣ низ омадааст, ки ҳар кас ҳақ дорад ҳар динеро интихоб кунад ва тибқи он амал намояд. Оё занони тоҷик, ки барои худ исломро ба унвони як дин пазируфтаанд, ҳақ надоранд пӯшишашонро тибқи дастуроти диниашон танзим кунанд? Дар моддаи 30 низ озодии баёни ҳар шахс тазмин шудааст. Аммо вақте хоҳари мусалмон аз вазъияте, ки бар сараш омада ба додситонӣ ва ё ҷои дигар шикоят мекунад, ӯро таҳдид мекунанд ва хоину терурист мехонанд. Дар моддаи 34 низ эълон мекунад, ки модар ва кӯдак таҳти ҳимояти давлат ҳастанд. Аммо хоҳари сатрпӯш, ки ҳамзамон модари чанд кӯдаки хурдсол аст, мехоҳад ба бемористон биравад, танҳо ба хотири пӯшиши сатраш мавриди озору азият қарор мегирад.
Дар моддаи 40 Қонуни асосӣ мегӯяд, ки шахс ҳақ дорад озодона дар ҳавзаи фарҳангу ҷомеа, илму текнулужӣ мушорикат намояд. Аммо хоҳарону модарони сатрпӯши мо ҳатто барои донишгоҳ рафтан низ мушкил доранд. Дар моддаи 41 низ ҳуқуқи таҳсил тазмин мешавад, аммо духтарони сатрпӯш ба далели сатр аз ин ҳақ бархӯрдор нестанд. Моддаи 46 ҳам мегӯяд, ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, давлат онро ҳимоят мекунад. Аммо монанди хонум Нилуфар Раҷабова, ҳамарӯза масоиле пеш меояд ва ҳукумат ба ҷои мутаъарризон, онҳоро муттаҳам мекунад.
Ин вазъият нишон медиҳад шароити зиндагӣ барои занони сатрпӯш дар Тоҷикистон тайи моҳҳои ахир вахимтар шуда ва созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва расонаҳо низ ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ кардаанд.
Добавить комментарий