Баёнияи КШНГЗ оиди муҷозоти Муҳаммадҷон Саидов

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон муҷозоти Муҳаммадҷон Саидов, кӯдаки ноболиғро ба хотири фаъолиятҳои сиёсии падараш маҳкум мекунад.

Муҳаммадҷон Саидов, фарзанди Муҳаммадзариф Саидов, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки тайи чор соли ахир ҳамчун паноҳҷӯи сиёсӣ дар кишварҳои аврупоӣ ба сар мебарад, мебошад. Ӯ тайи чанд моҳи ахир ҳамчун гаравгон дар Мактаби махсуси ҷумҳуривии тобеи Вазорати илм ва маорифи кишвар дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт, дар як бинои зоҳиран садамавӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Ин Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ асосан барои кӯдакони душвортарбия пешбинӣ шудааст. Баъзе кӯдаконе, ки дасту домонашон бо ҷурму ҷиноятҳои мухталиф олуда аст ва ё онҳо бо анҷоми хилофкориҳое аз ҷониби мақомоти давлатӣ муттаҳам дониста мешаванд, барои ислоҳ бо қарори суд дар он ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Бар асоси иттилоъоте, ки аз вазъи ин кӯдак Кумита дар ихтиёр дорад, мутаассифона, ба ин натиҷа мерасад, ки мақомоти салоҳиятдори давлатӣ Муҳаммадҷон Саидовро барои мавқеъгириҳои сиёсии падараш дар байни кӯдакони душвортарбия аз нигоҳи равонӣ муҷозот мекунанд.

Масъулини ин мактаб ва мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбатҳои худ бо наздикони Муҳаммадҷон Саидов борҳо эътироф кардаанд, ки дар эътироз ба мавқеъгириҳои падараш ӯро аз хонаводааш маҳрум кардаанд, на барои душвортарбия буданаш,ки ин кори мақомот хилофи қонунҳои амалкунанда кишвар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҳукумати Тоҷикистон зери онҳо имзо гузоштааст, мебошад.

Бар асоси Моддаи 6-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Тоҷикистон “баробарӣ дар назӯди қонун, ногузирии ҷазо, ҷавобгарӣ ва гунаҳгории инфиродӣ, адолатнокӣ, инсондўстӣ асос меёбад”, аммо мутаассифона дар рӯзи рӯшан ин принсипҳои қонунгузории кишвар дар ҳаққи ин кӯдак риоя намешаванд.

Ҳамзамон таҳқиқ ва пайгирии парвандаи Муҳаммадҷон Саидов нишон медиҳад, ки мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Вазорати маъориф ва илми Тоҷикистон дар ин қазия дасти кам 7 банди муқаррароти Аҳдномаи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Миллати Муттаҳидро, ки Тоҷикистон зери он имзо гузоштааст, нодида гирифтаанд.

Биноан, дар сурати идомаи муҷозот ва шиканҷаҳои равонии Муҳаммадҷон дар ин Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ тавассути мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва маҳдуд кардани озодиҳои вай Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба Кумитаи махсус оид ба ҳуқуқи кӯдаки Созмони Миллали Муттаҳид аз болои мақомоти Тоҷикистон шикоят мебарад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон,

Варшава-Лаҳистон

30.12.2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: