Домулло Хайриддин Абдуллоҳ, шаҳрванди Русия ва руҳонии тоҷики фаъол дар он кишвар, ду рӯз пеш дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шуда буд. Наздикони ин руҳонии ҷавон мегӯянд, бо гузашти ду рӯз аз бозгашти Хайриддин Абдуллоҳ ӯро надидаанд ва аз сарнавишташ нигаронанд.
Парвина Илолиева, ҳамсари Хайриддин Абдуллоҳ, рӯзи 31-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳари ӯ ду рӯз қабл тариқи ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе омад, вале то ҳол ӯро надидаанд. Ба гуфтаи хонум Илолиева, ду хоҳарзодаи ҳамсараш, ки ҳамроҳи ӯ буданд, ба наздикон супурданд, вале аз худи Домулло Хайриддин хабаре нест. Хонум Илолиева гуфтааст: “Соати 9-и субҳи 29-уми декабр шавҳарам ба ман акс равон кард ва навишт, ки аллакай дар Душанбе аст. Баъди он нопадид шуд. То бегоҳ сабр кардам ва баъдан ба хешовандон хабар додам, ки шавҳари ман куҷост? Хешовандон гуфтанд, ки мо ӯро надидем.”
Бар пояи гузориши Радиои Озодӣ, дар аксе, ки Хайриддин Абдуллоҳ ба ҳамсараш ирсол кардааст, ӯ дар дохили ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» ҳамроҳ бо ду наврас, ки хоҳарзодаҳояш будаанд, дида мешавад. Ҳамсари ин руҳонии ҷавон мегӯяд, шавҳараш бегоҳи 30-юми декабр дар тамоси кутоҳе ба ӯ гуфтааст, дар Вазорати корҳои дохилӣ аст. Ҳамчунин ин руҳонии ҷавон аз ҳамсараш хостааст, дигар ба ӯ нанависад, чун телефон дигар дар дасташ нест. Хайриддин гуфтааст: “То рӯзи 3-юм (январ) Худо агар хоҳад мумкин телефонро диҳанд. Дигар нанавис, телефон дар дасти ман нест.”
Бар асоси гузориши Радиои Озодӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки Хайриддин Абдуллоҳ пас аз бозгашт ба Душанбе ба бозпурсӣ даъват шудааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД рӯзи 31-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз Хайриддин Абдуллоҳ «баъзе ҳолатҳоро мепурсанд ва ҷавоб медиҳанд.»
Баҳром Ҳамроев, як фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, ки нахустин фарде аст, ки ин хабарро расонаӣ кардааст, мегӯяд, қабл аз сафар ба Душанбе бо Домулло Хайриддин тамос дошт. Ба гуфтаи Ҳамроев, руҳонии ҷавон аз рафтан ба Тоҷикистон нигарониҳо дошт ва аз ӯ хоста буд, дар сурати боздошт барояш кӯмаки ҳуқуқӣ расонад.
Домулло Хайриддин Абдуллоҳ солҳои зиёде бо муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар дар Русия кор мекунад. Ӯ чандин сол роҳбари бахши дин дар Федератсияи муҳоҷирони СНГ (қаблан – Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷики Русия, Лигаи тоҷикони Русия) буд. Соли 2017 роҳбари ин созмон ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Каромат Шариповро аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карданд ва Домулло Хайриддин баъди ин бо Федератсияи муҳоҷирони Русия ҳамкорӣ мекард.
Домулло Хайриддин бо мавъизаҳояш ба зидди тундравони мазҳабӣ маъруф аст. Дар солҳои 2015-2016 Домулло Хайриддин дар Маскав се маротиба ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт ва дар пайи сӯиқасди сеюм, ки моҳи ноябри соли 2016 дар як масҷиди Маскав рӯй дод, Федератсияи муҳоҷирони Каромат Шарипов барои маълумоте, ки барои муайян кардан ва боздошти омилони он сӯиқасд кумак кунад, ҳатто як миллион рубл ҷоиза таъйин карда буд. Аммо ҳеч кадом аз онҳое, ки се бор ба ҷони Домулло Хайриддин сӯъиқасд карданд, то ҳол ёфт нашудаанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) аз мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон талаб менамояд, фавран Домулло Хайриддин Абдуллоҳ, шаҳрванди Русия ва руҳонии фаъол дар он кишварро озод кунад, махсусан бо дар назар гирифтани ин, ки ин руҳонӣ ҳаргиз бо сиёсат коре надошта ва узви зеч гурӯҳ ва ё ҳизби сиёсӣ нест.
Добавить комментарий