Мӯҳтарам Элис Уэлс, муовини муовини Вазири корҳои хориҷаи ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ!
Мо аз тариқи расонаҳо хабар ёфтем, ки рӯзҳои 6-7-уми моҳи январи соли 2020 бо барномаи махсусе озими Тоҷикистон мешавед. Ин сафари шумо ба замоне рост меояд, ки Тоҷикистон дар арафаи ду маъракаи бузурги сиёсӣ-интихоботи парлумонӣ ва интихоботи президентӣ-барои тамдиди машрӯият бахшидан ба режими Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад; Раҳмоне, ки 27 сол аст ғайриқонунӣ сари қудрат қарор дорад ва аз нигоҳи арзишҳои демократӣ режими он як режими диктаторӣ мебошад. Режиме, ки озодиҳои шаҳрвандӣ, озодиҳои мазҳабӣ, озодии баён ва матбуоти озод ва дар маҷмӯъ ҳуқуқи башар барои он ҳеч арзише надорад.
Хонум Уэлс! Дар кори ин барномаи сафарии шумо, тавре Вазорати хориҷаи ИМА иттилоъ медиҳад, дидор бо баъзе масъулони воломақоми Тоҷикистон, табодули назар дар бораи масоиле барои ҳар ду ҷониб муҳим ва авзои минтақа зикр шудааст. Мо умедворем, ки вазъи ҳуқуқи башар ҳам ҷузъе аз масоили мавриди назар барои ИМА ва Тоҷикистон ва дар ин сафар аз вазъи бади ҳуқуқи башар дар кишварамон бештар огоҳ хоҳед шуд. Шумо пас аз ворид шудан ба шаҳри Душанбе, нахуст бо як фазои хафақонӣ, ки осори он дар симои аксари сокинон ҳувайдост, мувоҷеҳ хоҳед шуд ва дар муқобил дар чеҳраҳои хеле аз масъулони расмӣ лабхандҳои дурӯғинро мушоҳида хоҳед кард.
Пойтахти мо шаҳри Душанбе дар дохил ва атрофи худ беш аз 7 зиндон дорад, ки беш 14 ҳазор нафар пушти деворҳои онҳо аз озодӣ маҳрум карда шудаанд. Дар байни ин афроди зиндонӣ наздик ба 70 дарсади онҳо бо туҳмат ва парвандаҳои дурӯғин маҳкум ба ҳабс гардидаанд. Дар байни онҳо мо ҳудуди 400 нафар зиндониёни сиёсӣ ҳам дорем, ки ҳолати саломатии аксари онҳо нигаронкунанда аст, зеро онҳо мазлумтарин қишри зиндониёнро ташкил медиҳанд ва на танҳо рӯзона бо шеваҳои мухталиф мавриди шиканҷаҳои ҷисмонӣ ва равонӣ қарор мегиранд, балки ҳар вақте агар бихоҳанд баъзе аз онҳоро бо ташкил кардани ҳодисаҳои сохта ба қатл ҳам мерасонанд. Барои мисол, дар соли 2019 дар ҷамъи беш аз 30 нафар кушта шуда, се зиндонии сиёсиро низ дар зиндони шаҳри Ваҳдат бо ниҳояти бераҳмӣ ба қатл расонидаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки пеш аз ин ҳодисаи нангин ҳанӯз камтар аз шаш моҳ пештар дар зиндони шаҳри Хуҷанд ҳам наздик ба 50 зиндонии дигареро қатли омм карда буданд.
Ҳамзамон дар Тоҷикистон на танҳо хонавода ва ҳамсарону фарзандон, балки хеле аз наздикону пайвандони зиндониёни сиёсӣ ҳам пайваста зери фишорҳои мақомоти кишвар қарор доранд, ки амалан аз нигоҳи равонӣ ҳукумат онҳоро ҳам дар тангно ва муҳосираи худ қарор додааст. Ҳукумат дар умум фазоро дар кишвар тавре сохтааст, ки мардум ба таври умум ва фарзандону пайвандони зиндониёни сиёсӣ ва мухолифин ба таври хос аз хеле аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ маҳрум шудаанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ) аз шумо ин тақозоро дорад, ки вақте бо раҳбарони олии Тоҷикистон ва мақомоти он мулоқот кардед, масъалаҳои фишору шиканҷа ва қатлу кушторҳои оммавӣ ва инфиродии зиндониёнро низ дар миён бигзоред.
Мо ба хотири дарёфти иттилоъоти зиёдтар дар ин хусус ин пешниҳодро мекунем, ки агар фурсат ва имкони дидорҳои мустақим ва гуфтугӯҳоро бо зиндониён дошта бошед:
1) Худатон агар бевосита бо зиндониёни сиёсӣ дидору мулоқотҳо анҷом диҳед, ҳоло маълум аст, ки онҳо дар ҳузури маъмурони зиндонҳо ҳама воқеиятҳоро ба шумо гуфта наметавонанд, аммо умедворем бо анҷоми мулоқотҳо хеле аз воқеиятҳо бароятон рӯшан хоҳад шуд.
2) Агар бо баъзе хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ ва фарзандони онҳо, ки муқими пойтахт ҳастанд, низ дидору мулоқотҳо анҷом диҳед, хеле аз ин воқеиятҳои нақзи ҳуқуқҳои онҳо ва зиндониёни сиёсиро ба шумо хоҳанд расонид.
3) Барои такмили иттиллоъот дар хусуси нақзи ҳукуқи зиёндониёни сиёсӣ ва наздикону пайвандони онҳо дар Тоҷикистон Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳои ва зиндониёни сиёсии Токистон омода аст бо Шумо ва дигар ниҳодҳое, ки вазъи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон пайгирӣ мекунанд, ҳамкорӣ кунад. Боқӣ ба шумо барору сарбаландӣ орзумандем.
Бо эҳтиром,
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон,
Варшава
04-01-2020
Добавить комментарий