“Дар қазияи боздошти садҳо нафарони бегуноҳ бетараф набошед!”

Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, бо ишора ба боздоштҳои гурӯҳии ахир дар Тоҷикистон, шумори онҳоро то 1000 нафар дониста, аз масъулони расонаҳои дохилӣ ва хориҷии фаъол хоҳиш кардааст, ки дар қазияи боздошти садҳо нафарони бегуноҳ ва тӯҳматшуда бетараф набошанд.

Ёддошти Илҳомҷон Ёқубов ба шарҳи зерин аст:

Чанд рӯз аст, ки аз дохил ба гӯш мерасад, ки беш аз 1000 нафар аз ҷумла ҷавонони таҳсилдида, устодони донишгоҳ, тоҷирон ва толибилмонро аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар бо иттиҳоми Ихвон-ул-муслимин боздошт ва зери шиканҷа қарор доранд.

Аз рӯйи гуфти чанд нафар, онҳое, ки боздошт шудаанд, бо як устоди донишгоҳ, ки араб будааст ва солҳои зиёд дар донишгоҳ дар Тоҷикистон таьлиму дарс медодааст дӯст ва дар алоқа будаанд.

Ҳоло шӯъбаҳои УБОП ва ИВС аз боздоштшудаҳо пур шуда дигар ҷой надорад ва чандин нафарашонро ба зиндонҳо низ фиристода истодаанд.

Хонавода ва наздикон то ҳоло бо боздоштшудаҳо вонахӯрдаанд ва дар баробари он аз ҷониби мақомоти қудратӣ огоҳ карданд, ки дар ягон расона аз ин қазия ҳарфу гап назананд.

Хулоса, дӯстони азиз, аниқ аст, ки даҳҳо нафар бо гумон ва ё тӯҳмати Ихвон-ул-муслимин боздошт шудаанд ва инҷо масъалаи шумораи боздоштшудаҳо ҳаст, ки шумораашон хеле зиёд аст (то 1000 нафар), вале расонаҳо то ҳол хомӯшанд ва ё хеле кам аз ин боздоштшудаҳо навиштаанд, дигар ин масъала масъалаи шиканҷаи боздоштшудаҳо ҳаст, ки то ҳол ягон расона таҳқиқ ва ё ҷӯё нашудааст.

Аз ин ҷиҳат аз ҳамаи дӯстон ва онҳое, ки наздикону пайвандонашон боздошт ва шиканҷа шудаанд хоҳиш мешавад маълумоти воқеӣ ва заруриро фиристед!

Аз масъулини расонаҳои дохилӣ ва хориҷии фаъол эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар қазияи боздошти садҳо нафарони бегуноҳ ва тӯҳматшуда бетараф набошанд, саломатӣ ва ҳаёти онҳо дар хатар аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s