Идомаи фишору таҳдидҳо болои хонаводаҳои мухолифин

Фишор болои хонаводаҳои мухолифин ва таъқибу азияти онҳо дар Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ мубаддал гаштааст. Мақомоти қудратии кишвар борҳо онро инкор кардаанд, вале воқеият чизи дигар аст.

Сомонаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон мусоҳибае доир намуд бо яке аз фаъолони сиёсӣ ва чеҳраи маъруфи мухолифи ҳукумат Маҳмудҷон Файзраҳмон, ки чанд рӯз қабл модари эшон мавриди бозҷӯӣ ва таҳдид қарор гирифт.

Маҳмудҷони Файзраҳмон (Файзраҳмонов Маҳмудҷон) соли таваллудаш 1975 зодаи ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) аз оилаи диндор ба дунё омада аст. Эшон раиси Департаменти равобити хориҷии ПМТ ва ҳамзамон узви Раёсати Олии ҲНИТ буда, феълан дар Урупо қарор дорад.

Зиндониён: Дар ибтидо каме дар мавриди модари худ маълумот медодед.

М.Файзраҳмон: Модари ман Маснавихон ном дорад ва ӯ соли 1956 дар ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Модари ман ба монанди аксари занони кишвари азизамон як зани диндор ва парҳезгор мебошад. Баъд аз ҳиҷрати Афғонистон, ҳамроҳи падарам махдуми Қосимҷон, ҷояш ҷаннат бод ба деҳқонӣ машғул буданд ва заҳамотҳои зиёде мекашиданд то ман ҳамроҳ бо 3 бародарам тавонем таҳсилро дар Донишгоҳҳои Покистон такмил кунем. Борҳо аз онҳо хоҳиш мекардем, то ақалан як нафари мо барои кумаки онҳо ба ватан баргардем, аммо ҳамеша ҷавоби рад медоданд ва мегуфтанд: “Мо заҳмат мекашем, шумо фақат бихонед!”. Модарам ҳамеша аз рафтан ба шаҳр ва ҳатто ба назди духтур парҳез мекард. Баъди фишорҳову “даъват”-ҳои пайдарпайи мақомот, модарам гуфт: “Мане ки ҳечгоҳ ба шаҳр намерафтам, имрӯзҳо манро як кабинет ба дигар кабинетҳо ва чӣ гапҳое мегӯянд.”

Зиндониён: Метавонед бигӯед, ки нахустин маротиба кай уро барои бозпурсӣ даъват карданд?

М.Файзраҳмон: Баъди онки ҲНИТ дар соли 2015 аз тарафи додгоҳи олии кишвар мамнуъ эълон шуд, он замон ман дар шаҳри Истанбули Туркия қарор доштам. Он замон ман ҳамроҳи чанде аз дӯстонам аз ҷумла Бобоҷони Қаюмзод барномаи телевизионии “Боз чӣ гап?”-ро пеш мебурдем. Дар он замон кам буданд нафароне, ки бо чеҳраи худ дар мавриди поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон суҳбат мекарданд. МАҳз аз ҳамон замон яъне соли 2015 фишорҳо болои хонаводаи ман шуруъ шуданд ва то ба имрӯз идома доранд. Фишору таҳдидҳо ва бозпурсиҳо ба андозае зиёданд, ки ба ростӣ адади дақиқи онро намедонам. Вале як чизро хуб медонам, онҳое ки модарозорӣ мекунанд, дар ин дунёву дар охират ба ҷазои аъмолашон хоҳанд расид. Инсофан бояд инро зикр кунам, ки баъзе аз кормандони амният ва дохила, ки барои анҷоми ин корҳо муваззаф буданд бо модарам аз рӯи одоб ва эҳтиром суҳбат мекардаанд ва ошкоро барои модарам мегуфтаанд, ки онҳо маҷбуранд. Вале баъзеи онҳо хело хашину беинсоф будаанд, ки ҳатто модари 63-соларо дашному таҳқир мекардаанд. Модарам қисса мекунад, ки боре ҳангоми бозпурсӣ ман докаи сафеди калоне дар сар доштам ва кушиш мекард, бо он фуку даҳони худро бипушонам. Яке аз кормандони мақомот ба ман нигариста гуфт: “Чӣ иқа докаятро тоб метӣ? Аз ин кор дида намешуд то фарзандатро хушру тарбия мекардӣ, ки зидди давлат гап назанад?”

Зиндониён: Ин фишорҳо танҳо болои модари шумо аст ва ё ба дигар наздикони шумо ҳам фишорҳо буданд?

М.Файзраҳмон: Фишорҳо болои модарам бештар аст, аммо дигар хешу наздикони низ борҳо мавриди озору азият ва фишору таъқибҳо қарор гирифтанд. Маворидҳое ҳаст, ки бархе аз хешу табори наздики маро латукуб карданд ва баъзе аз онҳо дар натиҷаи он ба беморхона бистарӣ низ шуданд. Як нуктаро бояд тазаккур диҳам, ки чаро фишорҳо дар Тоҷикистон шакли оилавӣ гирифтааст? Зеро ҳукумат дар ҳама сатҳҳо ба як ҳукумати оилавӣ мубаддал гаштааст ва ба ҳама чиз аз зовияи оилавӣ нигоҳ мекунад. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки вожаҳои волои модар, зан ва хоҳар дар назди ин тоифа (на ҳамааш, зеро дар байнашон инсонҳои хубе низ ҳастанд) арзишҳо ва муқадассоти худро аз даст додааст. Мутаассифона, ин ба як менталитети ҳукуматдорони мо табдил шудааст. Аммо дар фарҳанги асили тоҷикӣ, модар сарфи назар аз онки модари Э. Раҳмон аст ё модари М. Кабирӣ ё модари Рустам Эмомалӣ ва ё модари Маҳмадалӣ Ҳайит, дар ҳама сурат модар аст ва бояд аз ҷойгоҳи хос бархурдор бошад. Ҳуқуқ ва эҳтироми модар набояд ба ҳеҷ ваҷҳ ва дар ҳеч сурат поймол шавад ва ё нодида гирифта шавад ва ба набояд ба хотири фарзандҳояш муҳокима шавад. Ин аст фарҳанги волои тоҷикона.

Зиндониён: Кадом сохторҳо ва мақомоти қудратӣ ӯро даъват мекарданд?

М.Файзраҳмон: Ба фикрам сохтор ва мақомоте намондааст, ки ба модари ман фишор наоварда бошад. Аммо Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ки сарварияшро Саймумин Ятимов ба уҳда дорад ва Вазорати корҳои дохилӣ ба раҳбарии Рамазон Раҳимзода дар озору азияти модари азизи ман ва дигар хешу таборам бештар саҳм доранд. Номи Саймумин Ятимов ва Рамазон Раҳимзода дар таърих бо ранги сиёҳ сабт хоҳад шуд, ки маҳз дар замони роҳбарии ҳарду бештарин мавориди озору азияти модарон сурат гирифтааст.

Зиндониён: Вақте модари шуморо барои бозпурсӣ мебаранд бештар аз у чи мепурсанд ва ба маънои дигар гуем онҳо аз у чӣ мехоҳанд?

М.Файзраҳмон: Модари бузургвори маро фишоро равонӣ медиҳанд ва сипас ба ӯ мегӯянд, ки моро насиҳат кунад то аз идомаи мубориза ва озодихоҳӣ даст кашем. Даст кашидан аз мубориза ва озодихоҳӣ бар хилофи арзишҳои дини Ислом ва фарҳанги тоҷикон аст. Агар имрӯз мо азият мекашем, он танҳо ба хотири Ватану кишвар ва ояндаи дурахшони он аст.

Зиндониён: Модари шумо танҳо барои бозпурсӣ даъват мешуд нисбати ӯ таҳдид ва азияти ҷисмонӣ сурат гирифтааст?

М.Файзраҳмон: Модарамро барои бозпурсӣ даъват мекунанд ва ҳамагуна фишорҳои равонӣ, таҳқир, дашном ва таҳдидро нисбати эшон анҷом додаанд вале бархе аз наздикони маро мавриди шиканҷа ва латукуб низ қарор додаанд.

Зиндониён: Ба андешаи шумо иллати ин ҳама фишорҳо болои хонаводаҳои мухолифин ва дигарандешон аз тарафи мақомот дар чист?

М.Файзраҳмон: То онҳо ба монанди аксари мардуми Тоҷикистон хомӯш бошанд ва дар баробари ин ҳама зулм ва ноадолатиҳо садо баланд накунанд ва ҳамеша ва дар ҳама ҳолат шукронаи чунин ҳукуматро кунанд. Ҳукуматҳои ғайри-демократӣ аз маълумоти алтернативӣ сахт метарсанд ва онро душмани аслии худ медонанд, вагарна мо на дар даст силоҳе гирифтаем на тупу тонке дорем. Ҳатто дар ҳама суҳбатҳову навиштаҳо хунсардиямонро ҳифз мекунем ва бидуни эҳсосот фикру назарамонро мегӯем.

Зиндониён: Пас чаро ин ҳукумат аз мухолифни бесилоҳи худ ин қадар дар ҳарос аст?

М.Файзраҳмон: Зеро ин ҳама худкалонбинию аз худ “пешво”-созиро бар болои маълумотҳои нодуруст, ки ба мардум пешкаш мекунанд, сохтаанд. Мардум ҳарчи бештар маълумоти дурустро бифаҳманд, ҳамон қадар курсии онҳо, ки бар руи маълумотҳои нодуруст истодааст ба ларза медарояд ва дар натиҷа имкони аз даст додани он пайдо мешавад. Барои ҳамин аст, ки ҳукуматҳои худкома аз тиру туп дида аз маълумоти алтернативӣ метарсанд.

Зиндониён: Оё ин ҳама фишор болои наздиконатон ва ба хусус ин модари пиратон боло шумо таъсир нагузоштааст?

М.Файзраҳмон: На, баръакс. Миллатҳои бузург бисёр қурбонӣ додаанд, ки имрӯз хеба ин андоза пешрафт кардаанд. Аммо як чизе, ки манро азият мекунад, ки ин аст ки дар мо ҳоло ҳам фарҳанги мубориза ва озодихоҳӣ ба шакли дуруст ба ҷо науфтодааст. Миллатҳои бузург аз фарҳанги бойи муборизаву озодихоҳӣ бархурдор ҳастанд. Аммо мо манзурам тоҷикон, ҳарчанд дар ин маврид дар сатҳи собиқ шӯравӣ дар ҷойгоҳи хубе қарор дорем, аммо ҳануз ҳам аз чизҳои зиёде барои донистан ва татбиқ намудан вуҷуд дорад. Мо бояд ба маънои комили озодӣ ва мубориза баҳри онро дарк намоем ва талош кунем то иродаи гурӯҳии муборизаву озодихоҳӣ ба як фарҳанги миллӣ табдил шавад. Мутаассифона, ягон таронаи зебое, ки ҳама тоҷиконро дар рӯзҳои сахту хушӣ ҷамъ кунад, то кунун надорем. Бубинед, ҳоло як гурӯҳи мубориз алайҳи ин ҳукумати худкома ба по хестааст ва қасдам аз ин гурӯҳ як ҳизб ё эътилофе нест, балки ҳамаи онҳое мебошанд, ки дар мубориза алайҳи ноадолатиҳо хомуш нестанду овоз баланд мекунанд. Мушкил инҷост, ки ҳама уфтодаанд ба ҷони ишон. Мисле ки ин онҳо сабабгори ҳама мушкилоти ҷомеа мебошад. Ин гурӯҳи мубориз як маҷмуъае аз инсонҳо ҳастанд, ки бехато нестанду набудаанд ва интиқоди солим аз кирдорашон онҳоро суфтатар ва ба ҳақиқат наздиктарашон мекунад. Баръакс, ин муборизон сахт ба интиқодҳои беғаразона ниёз доранд, бахусус инки дар гузашта хатоҳое стратегие низ карданд ва эҳтимол дорад, ки боз дар оянда низ чунин хатоҳо кунанд. Вале ба ин шакле, ки ҳама ба ҷони ишон уфтодаанд ва инки ҳамаи бадбахтии миллатро болои онҳо бор кардан ё барои манофеъи шахсию гурӯҳӣ аз онҳо интиқодҳои муғризона кардан, нодуруст аст. Балки ин аъмол боиси тазъифи бештари фарҳанги мубориза ва озодихоҳӣ дар байни ҷавонон мегардад. Хулоса, мо дар муқобили зулму ситам будем, ҳастем ва хоҳем монд. Ба умеди як кишвари воқеан озоду демократӣ ва дунявӣ, ки ҳама қишрҳои ҷомеа озод бошанду адолати иҷтимоӣ дар он ҳукмфармо бошад, чунин фишорҳоро омодаем таҳаммул намоем.

Зиндониён: Оиди фишору таъқиби модари худ оё ба ҷое шикоят кардед?

М.Файзраҳмон: Бале, аз ваъзияти модари ман ва азиятҳое, ки аз тарафи мақомоти қудратии Тоҷикистон рубарӯ шудааст, созмонҳои байналмилалӣ чун САҲА, Иттиҳодияи Урупо, Дидабони Ҳуқуқи Башар, Кумитаи Ҳелсенкӣ, Фридом Нав, Хонаи озодӣ, бархе сафоратхонаҳои воқеъ дар Тоҷикистон ва созмонҳои ҳуқуқи башар ошно ҳастанд ва борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки аз фишор алайҳи модари ман даст кашад.

Зиндониён: Чаро ҳукумат ҳамеша ин иттиҳомотро, ки гӯё фишор болои хонаводаҳо ҳаст рад мекунад?

М.Файзраҳмон: Ҳукумати Тоҷикистон қисман қабул дорад, ки наздикони фаъолони тоҷикро бозҷӯӣ мекунад ва иддао мекунад, ки ин амал дар чорчуби қонун сурат мегирад. Вале дар ягон қонунҳои кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон ва конвенсияҳои байналмилалӣ дарҷ нашудааст, ки барои амали як нафар дигар кас мавриди фишору таъқиб қарор бигирад. Ба ибораи дигар, ҳукумат қабул дорад, ки чунин поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон, ки хешовандони фаъолони тоҷик ҳастанд, дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Борҳо ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи созмонҳои бонуфузи ҳуқуқи башар барои поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандии наздикони мухолифин, аз ҷумла фишор болои модарон мавриди интиқоди шадид қарор гирифт.

Зиндониён: Феълан шумо ба чӣ кор машғулед?

М.Файзраҳмон: Ман ҳоло раиси Департаменти равобити хориҷии ПМТ ҳастам. Ҳамзамон узви Раёсати Олии ҲНИТ ҳастам.

Зиндониён: Ташаккур барои ин суҳбат ва умедворам, ки ақли солим дар ҷомеаи мо ҳукмфармо хоҳад гашт ва иззату эҳтиром зан ва модарон ба маҷрои табии худ бар мегардад ва рузе ҳам хоҳад расд, ки ҳам шумо ва ҳам дигар фарзандон ба дидори модарон ва наздикони худ ба ватани азизи худ бармегардад.

М.Файзраҳмон: Умедворем, ки он рузро миллати мо хоҳад дид. Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: