Муҳаммадсаъид Ризоӣ
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Алҳамду лиллоҳ вассалоту вассалому ъало расулиллоҳ ва олиҳӣ ва саҳбиҳӣ ва ман волоҳ.
Ҳамватанони азиз, хонандагони мӯҳтарам,
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳӣ ва баракотуҳ!
Аз тариқи ин навишта мехоҳам назари шуморо ба ҳодисаи ваҳшатноке, ки дар кишвари азизамон, Тоҷикистон рух дода истодааст ҷалб намоям. Дар воқеъ ин як ҳодисаи нангин ва боз як ҷинояти сангини навбатии Ҳукумат аст болои мардум, Миллат ва кишвар.
Мухотаби ман дар инҷо Ҳукумат ва мақомоти калидии кишвар нест; зеро ин ҳукумат ва мақомот бо шумули “пешвояш”, худ омили ин ҷиноятҳо мебошанд. Инон ислоҳшуданӣ нестанд ва бояд канор зада шаванд.
Шоиста аст муддаои худро бо ҳикояте тавзеҳ бидиҳам. Дар як шаҳр марде буда, ки дар шарорат, зулм, шиканҷа ва озору азияти мардум, шуҳрат пайдо карда, даҳшаташ миёни мардум паҳн гардидааст. Ҳар ҷое намоён шавадаст, мардум аз ӯ фирор мекарданд; дар роҳ, масҷид ва ошхонаву бозор, ҳангоми пайдо шуданаш касе тоби истодан дар баробари ӯ надоштааст. Боре дар роҳе намоён мешавад, ҳама фирор мекунанд ва касе дар роҳ намемонад ба ҷуз як кӯдак, ки модараш натавонистааст ҳангоми фирор ӯро ҳамроҳаш бибарад, раҳояш мекунад ва худ дар бероҳае пинҳон мешавад. Тифли гирён ба чор тараф афтону хезон давр мезанад. Ба ҳадде бо алам гиря мекунад, ки дили аз санг сахти золим, барои як бор ҳам бошад ба раҳм меояд. Аз маркаби худ поён мешавад ва кӯдакро бармедорад ва навозиш мекунад, ҳар чӣ аз ашёи гаронбаҳо дорад ба ӯ медиҳад. Аммо кӯдак ҳеч ором намегирад.
Иттифоқан марди солеҳи ботақво ва шуҷоъе ҳам, ки дар ин шаҳр буда ва аз чизе бок надошта, дар хидмати мардум меистодааст ҳозир мешавад. Марди золим уро дида, садо мекунад, эй мард, ҳеч медонӣ ин тифл бо вуҷуди лутфу навозиши ман, чаро ором намегирад?! Марди солеҳ наздик мешавад ва тифлро бармедорад ва ба золим мегӯяд: оре, медонам чаро ором намегирад ва ҳар чӣ барои у инъом кардаӣ намехоҳад. Ин кӯдак мегуяд: маро раҳо кун ва ҳар чӣ дорӣ бигиру бирав, ҳамин бас, ки раҳоям кунӣ, чизе аз ту намехоҳам.
Ҳоло, арзи ман ба ҳукуматдорон танҳо ҳамин аст, ки ин шумоед мардумро ба танг овардаед. Мардум аз шумо тарсу ҳарос доранд. Шумо мардумро сарсону саргардон кардаед. Шумо Миллатро таҳқир ва тарсу сохтаед. Иззат ва каромати миллатро шумо салб кардаед. Суботу оромиро аз ин кишвар бурдаед. Бадбинӣ, маҳалчигӣ ва хешутаборбозиро ба вуҷуд овардаед. Сарвату боигарии кишварро дуздидаед ё ба баҳои ночиз фурӯхтаед. Бас аст, ин кишвар ва миллатро раҳо кунед ва худ бо он чӣ то ин дам ҷамъ кардаед ин кишварро тарк кунед. Мардум аз шумо ваҳшат дорад, шумоед он дуздон, золимон, ки ба ҳеч муқаддасоти мардум арҷ намегузоред, тӯҳмат мекунед, зиндонӣ мекунед, зиндонӣ меунед, мекушед, медуздед ва даҳшатафганӣ мекунед. Мардум аз шумо ваҳшат доранд, набуди шумо ободиву пешравии кишвар ва оромиву иззат ва сарбаландии миллат мешавад.
Ҳол, бо мардум, махсусан уламо ва донишмандон, устодон, омӯзгорон ва калонсолони соҳибтаҷриба, адибон, шоирон рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон ва афсарону сарбозони ватандӯст сӯҳбат мекунам. Уламо ва донишмандон, илова бар он ки тарбия ва маърифатнок сохтани ҷомеаро бар ӯҳда доранд, асоси ҳифз ва густариши фарҳанги миллатанд. Агар имрӯз мо аз боздошти ин шумор аз устодон ва донишомӯзону кордонони соҳибтаҷриба бетарафӣ ихтиёр кунем ва онҳо ба зиндонҳо андохта шаванд, фардо навбати дигар устодону донишмандон ва қишри озоданеши ҷомиъа мешавад.
Ин ҷиноят аст ва илова бар душманӣ бо қишри донишманду кордонҳои ботаҷриба, дар асл ҳамла ба фарҳанг аст, ки дар тӯли таърих ҷуз Чингизу як идда пасттинатон ва ин ҳоло мақомоти золим, ки аз уламо ва донишмандон “даҳшатафкан” метарошанд, касе даст ба инчунин ҷинояте назадааст.
Дунёи имруз як деҳаро мемонад. Дар куҷое аз он ҳодисае рух диҳад, дар андак вақт ҳамаҷо паҳн мешавад, зиёди зиёд дар 24 соат ҳама аз он огоҳӣ меёбанд. Агар ҳодисаи хуш аст, ҳама хушҳол мешаванд ва агар ҳодисаи нохуше бошад, тамоми мардуми дунё нороҳат мешаванд. Бар фарзи мисол як кашфиёти илмӣ-санъатӣ аз олиме дар кишваре ёфт шавад ба ҳама таъсири мусбии ба ҳама кишварҳо мерасонад. Ва агар ҳуқуқи ақалиятҳои динӣ, қавмӣ дар кишваре поймол шавад, таъсири манфии он ба ҳама кишварҳои дунё мерасад. Дар Миёнмор мусалмонҳо тавассути будоиҳо кушта мешаванд ё ҳуқуқи масеҳиён дар минтақае нодида гирифта мешавад, таъсири бади он ба ҳамаи кишварҳои дунё мерасад. Зеро дар давароне мо зиндагӣ дорем кишваре нест, ки мусалмон, масеҳӣ, будоӣ ё пайравони мазҳабу равишҳои мухталифе дар он зиндагӣ накунанд.
Ҳоло мебинем дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саъудӣ ҳам калисо барои пайравони ҳазрати Исо (а.с) ва маъбади будоӣ барои коргарон аз ҳисоби Ҳинду Сингопур ва мӯътақидони дигар равияҳо, бино шудаанд, ё дар ҳоли бино шудан ҳастанд. Пас ин қатлу куштори мусалмонон дар кишварҳое, ки ақаллият ба шумор мераванд, метавонад сабаби қатлу куштори ақалиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ дар кишварҳое, ки онҷо ғайри мусулмонҳо ақалият башумор мераванд, бишаванд.
Ҳоло дар бораи Тоҷикистон сӯҳбат кунам; кишваре, ки 98%-и он мусалмононанд. Мутмаиннан донишгоҳҳои Тоҷикистон посухгӯи ҳама ниёзҳои илмии донишҷӯён нест. Як донишҷӯи тоҷикистонӣ маҷбур аст, то ба донишгоҳҳо дар хориҷи кишвар дохил шавад ва таҳсили улум кунад чӣ илми динӣ бошад ё дунявӣ. Пас гуноҳи донишҷӯ нест вақте дар хориҷи кишвар -Туркия, Эрон, Офриқо, Омрико, Арабистони Саъудӣ ва ё кадом кишвари дигар таҳсили илм мекунад. Ин ваифаи ниҳодҳои марбутаи кишвар аст, ки барои донишҷӯён барномаи таълимӣ ва таъмини ҷойҳои корӣ ва аз ин роҳ назорат ва истифодаи дурустро аз дониши андӯхтаи онҳо пайдо намоянд.
Боздошти устодон ва ё донишомӯзон ва манъи саводомузӣ дар хориҷи кишвар, махсусан кишварҳои мусалмонӣ, роҳи ҳалли дурусте нест, он ҳам бо иддаои ин, ки онҳо ба кадом як созмони дар кадом кишваре мамнуъ буда, иртибот доранд. Зеро, аввалан як созмони дар хориҷи кишвар мамнӯъ буда ба мо чӣ рабте дорад?! Сониян, ҳамон созмон, ки мақомоти кишвари мо онро дар рӯйхати сиёҳ қарор додааст, на дар ҳама кишварҳои дунё махсусан кишварҳои исломӣ ва арабӣ фаъолияташ манъ аст. Ин ҷо сухан аз ҳаракати Бародарони мусалмон (Ихвонулмуслимин) меравад. Ин ҳаракатро ибтидо Миср баъди инқилоби низомӣ бо саркардагии Абдулфаттоҳ Ассисӣ, ки ҳукумати мунтахаб ва машрӯъи дуктур Муҳаммад Мурсиро бекор кард, мамнӯъ қарор дод. Пас аз он Омрико тавассути Тромп, Президенти девонааш ва як идда кишварҳои дигар ҳаракати Бародарони мусалмон (Ихвонулмуслимин)-ро аз “ифротӣ” эълон карданд. Ин ҳам танҳо ба ҳадафи сиёсӣ, ки ҳеч рабте ба даҳшатафканӣ ва терроризм надорад. Илова бар ин, дар бисёре аз кишварҳои исломӣ ва арабӣ, ки бо бархе аз онҳо Тоҷикистон равобити хуб дорад, ин ҳаракат мамнӯъ нест, ҳатто роҳбарони ҳукматҳо ва шахсони калидӣ дар онҳо узв ва аз тарафдорони ихвониҳоянд, ки яке аз он кишварҳо давлати Қатар аст.
Қатар бузургтарин маблағгузориро барои бинои калонтарин масҷид дар миқёси Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон бар ӯҳда дорад. Амири Қатар, Шайхи ҷавон Тамим бен Оли Сонӣ ба наздикӣ дар ифтитоҳияи ибодатгоҳи бузурги мусалмонон ба Тоҷикистон меояд.
Пас, ин боздоштҳо дар Тоҷикистон чӣ маъно доранд? Ман мӯътақидам ин ҳамла болои уламо ва устодону донишомӯзон ва мардони соҳибтаҷрибаи рӯзгор, танҳо ба ду мақсад аст. Аввалан, душманӣ ба диндорон ва руҳоният, зеро аксари боздоштшудагон уламои динӣ буда, ҳамаи гирифторбудаҳо тамғаи ҳамкорӣ ба Бародарони мусалмон (Ихвонулмуслимин)-ро доранд. Дуввум ҳамла ба фарҳанг ва тамоми муқаддасоти миллӣ-мазҳабӣ аст. Он ҳам “сиёҳкор” ҷилва додани донишмандону устодон, ин қишри муҳими фарҳангӣ ва эҷоди тарсу ваҳшат дар дили мардум аз роҳи ҳабсу боздоштҳои дастаҷамъӣ, ки дар воқеъ худ баёнгари амали террористӣ ва экстримистии ҳукуматдорони Тоҷикистон мебошад.
Таъаҷҷубовар инҷост, ки модарҳои миллат, аҳли адаб, шоир ва нависандаҳо, ҳуқуқдонҳо ва зиёиён, ки дилашон барои ин кишвар метапад, куҷо шадаанд?! Медонанд, мебинанд, вале чаро хомӯшанд?! Агар мушкиле вуҷуд дорад, ки онҳо ҳарфе гуфта наметавонанд, пас маъзурашон медорем. Аммо худи ҳамин донишмандон, донишомӯзон ва озодандешони мазҳабӣ, чаро худ ороманд?! Манзурам даст ба кадом амали харобкорӣ задан нест. Агар имкони пайдо кардани вакили дифоъ, ва ҳимоя аз худ вуҷуд надорад, чаро аз бодраҳа канор наистанд?! Фардо пурсида мешаванд: «Оё қаламрави мулки Парвардгор васеъу паҳновар набуд, то ҳиҷрат кунед дар он?..» Ҳамагӣ хуб огоҳ ҳастанд, ки оқибати ин саҳлангорӣ хело бад аст. Худои нокарда ҷаҳаннам ва масири баду хатарноке аст. «Онҳо бошишгоҳашон дузах ва хело масири баду хатарноке аст» (Нисо:97)
Лозим аст таъкид шавад, ки ин амалкарди Ҳукумат нав нест. Ин як ҷинояти бузург аст ва аз пеш барномарезӣ шудааст, ки ҳоло амалӣ мешавад. Ин ҷиноят дар оянда ҳам идома меёбад, зеро ҳар кӣ барои ин мақомот эҳтимоли монеъа эҷод кардани мақсадҳояшонро дошта бошад, аз сари роҳ канор зада мешавад, ки дар қадами аввал уламои дин ва устодону равшанфикрони кору таҷрибадида меистанд.
Ҳиҷрат суннат аст. Ҳамеша кишварҳое вуҷуд доранд, ки инсон онҷо иззату икром ёбад, махсусан донишмандону ҳунармандон. Ҳаҷрат тарки ватан нест, балки аз ватан барои ватан баромадан аст. Бо ин, ки кору фаъолият ризқи ҳалол пайдо карда, бехавфу хатар руз мегузаронӣ, садои зулму истибдоди хоинони Ватан ва Миллататро, метавонӣ ба гӯши оламиён бирасонӣ. Аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ниҳодҳои байналмиллалӣ, ки аз каромати инсон дифоъ мекунанд, кӯмаки ҳимоя мегирӣ, то дасти золимонро аз зулм болои кишвару мардуми шарифат, боздорӣ.
Инро ҳам бигӯям, ки мешавад аз ин устодон ва донишмандон дар хориҷ – агар дар дохил намешавад — иттиҳод ё ниҳоде, ки ба ҳеҷ ҳизбу ҳаракат ва сиёсат рабте надошта бошад ташкил карда, шавад ва аз роҳҳои машрӯъ бар асоси қонунҳои байналмилалӣ аз ҳуқуқи худ ва дигар донишмандоне, ки зулум карда шудаанд ва бо дурӯғу туҳмат гирифторанд ҳимоя карда шавад. То ин дам хеле аз устодон ва донишмандон ин пешниҳодро кардаанд. Фикр мекунам пешниҳоди олӣ аст барои ҳимояи афроди бегуноҳ дар кишвари азизамон..
Валлоҳу мин вароилқасд ва илайҳиттуклон.
Вассалому ало ман иттабаъалҳудо!
Добавить комментарий