Истиқболи КШНГЗ аз талаби Гурӯҳи кории СММ

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШГНЗ) аз талаби ахири Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон мабнӣ бар озодсозии фаврии 11 узви Раёсати Олии ҲНИТ истиқбол мекунад ва умедвор аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба талаби ин ниҳоди байналмилалӣ посухи мусбат дода, зиндониёни сиёсиро фавран озод намояд.

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид пас аз таҳқиқу баррасии парвандаи 11 нафар аз аъзои Раёсати Олии ҲНИТ, ки дар сентябри 2015 ба сурати ғайриқонунӣ боздошт ва зиндонӣ шуда буданд, ба ин хулоса омадааст, ки боздошт ва зиндонӣ намудани ин 11 нафар ба муддатҳои дароз, ангезаи сиёсӣ дошта, мухолиф бо қонунҳо ва меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ мебошад.

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намудааст, ки афроди зеринро фавран озод ва ба онҳо хасорат пардохт кунад:

1) Сайдумар Ҳусайнӣ;

2) Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад;

3) Зубайдуллоҳи Розиқ;

4) Ҳикматулло Сайфуллозода;

5) Абдуқаҳҳори Давлат;

6) Қиёмиддини Аваз;

7) Раҳматуллоҳи Раҷаб;

8) Воҳидхон Қосиддинов;

9) Муҳаммадшариф Набиев;

10) Абдусамад Ғайратов;

11) Саъдиддини Рустам.

КШГНЗ аз ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин талаб менамояд, ки илова бар ин 11 нафар, дигар зиндониёни сиёсӣ аз ҷумла Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва Муҳаммадалӣ Ҳаитро, ки СММ қаблан озодии онҳоро низ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намуда буд, фавран озод созад.

КШНГЗ бо дар назар гирифтани ин ҳақиқати талх, ки ҳукумати Тоҷикистон қаблан ба талаби СММ ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дар бораи озодии зиндониёни сиёсӣ таваҷҷӯҳ накарда буд, аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ва низ кишварҳои таъсиргузор қотеъона дархост мекунад, ки танҳо ба тавсия басанда накарда, тасмимҳои ҳатмӣ дар ин замина бигиранд; тасмимҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон натавонад рад намояд.

Албатта КШНГЗ бар ин бовар аст, ки барои озодии зиндониёни сиёсӣ дар кишвари мо қабл аз СММ ва ниҳодҳои байналмилалӣ, бояд худи шаҳрвандони азизи Тоҷикистон даст ба кор шаванд ва бо шикастани деворҳои тарсу ҳарос, қотеъона аз ҳукумат бихоҳанд зиндонҳои Тоҷикистонро аз зиндониёни сиёсӣ холӣ созад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШГНЗ)

12.02.2020

Варшава, Лаҳистон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: