Манъи мулоқот бо маҳбусон дар Тоҷикистон ғайриқонунист

Пас аз он ки дар як қатор кишварҳои демократӣ мулоқот бо маҳбусон муваққатан лағв шуд, Вазорати адлияи Тоҷикистон мулоқот бо маҳбусонро дар муассисаҳои ислоҳӣ ба сурати номаҳдуд мамнӯъ эълон кард.

Дар кишварҳои демократӣ, ки дар онҳо ҳукумат ба ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандони худ ғамхорӣ мекунад, мақомот мунтазам ба мардум дар бораи шумораи сироятёфтагон, шифоётаҳо ва кушташудагони пандемияи коронавирус ҳисобот медиҳанд. Дар ҳамаи ин кишварҳо карантин эълон шуд, чорабиниҳои оммавӣ лағв шуданд, одамоне, ки маҷбуранд дар изолятсия бошанд, аз ҳукумат кӯмакҳои молиявӣ дарёфт мекунанд. Дар баъзе кишварҳо, авфи фаврӣ эълон шуд ё маҳкумшудагон муваққатан ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон карантин ва ё вазъияти фавқулодда эълон нашудааст. Бинобар ин, манъи мулоқот бо хешовандон ва адвокатҳо барои шаҳрвандони маҳкумшуда дар Тоҷикистон, асоси қонунӣ надорад ва хилофи Конститутсия аст. Шаҳрвандоне, ки аз озодӣ маҳруманд, ҳақ доранд аз ҳамаи ҳуқуқҳои асосии конститутсионӣ, ки дигарон бархӯрдор ҳастанд, бархӯрдор бошанд, ба истиснои ҳуқуқи овоздиҳӣ дар интихобот.

КШНГЗС изҳори нигаронӣ мекунад, ки мақомоти Тоҷикистон аз тадбирҳои манъкунии дигар кишварҳо бо камоли омодагӣ нусхабардорӣ мекунанд. Он ҳам, он қисмат аз маҳдудкунандаҳо, ки дар Тоҷикистон ба чораҳои таҳримӣ табдил меёбанд. Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон фаромӯш мекунанд, ки барои ин ҳеч гуна заминаи ҳуқуқӣ надоранд, аз қабили карантин ва вазъияти фавқулодда.

Мутаассифона, мақомоти Тоҷикистон қодир ба дарки ин нестанд, ки дар давлатҳои демократӣ лағви мулоқот бо маҳбусон, аввалан, муваққатӣ аст ва дуюман, маҳбусон имкони муошират бо адвокатҳо ва хешовандон аз тариқи Skype-ро доранд.

КШНГЗС манъи мулоқот бо маҳбусон дар Тоҷикистонро як амали ғайриконститутсионӣ ва ғайриқонунӣ мешуморад ва аз мақомоти Тоҷикистон талаб мекунад, ки ҳамаи шаҳрвандони маҳкумшуда ва айбдоршударо бидуни ҳеч маҳдудият ва маҷҷонӣ ва бидуни ришваситонӣ аз сӯи Вазорати адлия, бо василаҳои иртиботии электронӣ ба монанди Skype ва ё WatsApp таъмин кунанд, то онҳо битавонанд бо адвокатҳо ва хешовандони худ муошират намоянд.

Хешовандон, ҷомеа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд итминон дошта бошанд, ки мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи карантини эълоннашуда, шиканҷа ва куштори нави маҳбусонро пинҳон намекунанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониён сиёсии Тоҷикистон

Варшава

03/02/2020

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: