Паёми КШНГЗС ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

Эй касоне, ки имон овардаед, рӯзаи моҳи Рамазон бар шумо фарз шуда, ҳамон гуна, ки бар умматони пеш аз шумо низ фарз гардидааст, шояд, ки тақво ва парҳезгор шавед.” (Бақара: 183)

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон фаро расидани моҳи мубораки Рамазон — моҳи раҳмат, мағфират ва раҳоӣ аз оташи дӯзахро ба тамоми мусалмонон махусусан ҳамватанони азиз ва зиндони сиёсӣ табрик мегӯяд.

Ин моҳ моҳи муборак аст, моҳи пурфайзу пурбаракат. Аллоҳи пок ин моҳи муборакро аз тамоми мӯъминони ихлосманду рӯзадор қабул кунад!

Пӯшида нест, Рамазон имсол вақте фаро расид, ки оламу одам илова бар заҷри нобаробариҳову ноадолатиҳо, гирифтори бемории сангине шудааст. Ин беморӣ хосси минтақа, маҳаллу қавме набуда, тамоми дунёро дар таҳлука қарор додааст. Ин беморӣ ба эътиқоди мо, вабо ва ба таъбири табибону мутахасссисони соҳа, коронавирус (COVID-19) аст, ки бар асари он зиндагӣ дар рӯи замин аз ҳолати оддии худ берун шуда мардумро хавфу изтироб ва ноумедӣ фаро гирифтааст. Тамоми ҷаҳониён талош доранд, то ин беморӣ бартараф ва зиндагӣ ба сурати оддии худ баргардад ва умеду орзуҳо аз нав дар одамон зинда шавад.

Мо дар айни ҷустани роҳҳои илоҷи ин вабо, бар ин боварем, ки ба сӯи Парвардгор баргаштан лозим аст. Тавассул ба Офаридгор, пойбандӣ ба ахлоқ, дуъову истиғфор аз гуноҳон, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, илоҷи дигари он мебошад. Пас моҳи мубораки Рамазон як фурсати вежа барои дуъову ниёиш, садақаву бахшиш, надомату пушаймонӣ бар хатоҳову гуноҳон, талаби афв ва талаби дур кардани ин вабо аз зиндагии одаму олам мебошад, то бошад, ки Парвардгори тавоно ин бемориро аз сари оламу одам дур гардонад.

Бояд эътироф кунем, ки ин вабо ибрате дар рӯзгори одамӣ шуд. Заъфу бечорагии одам дар баробари лашкри Худои якто, ҳақиқати хавфу умеди аз Парвардгор, мартабаи хулуси ният дар ибодот, муҳаббати ба Худо ва меҳру муҳаббати якдигар; ба падару модар, хоҳару бародар ва силаи раҳмҳо ва муҳаббати байни одамон ва бародарии имонӣ, ҳамаи инҳо дар партави ин беморӣ сурати воқеъии худро намоён кард. Дар ин муддати вабо, зиндагии тамоми олам аз зиндагии зиндониёни маҳрум аз ҳама озодиҳо ҳеч фарқе намекард. Аллоҳи пок аз ин беш моро бо ин вабо имтиҳон накунад ва ҳар чӣ зудтар шарри онро аз сари мо дур кунад.

Ин моҳ фурсати муносиб аст, то мо худро он гуна, ки лозим аст бисозем. Имони худ ба қудрату тавоноии Парвардгорро қавӣ бисозем. Тарсу умеди воқеъӣ ба Офаридгорро касб кунем, тоъати бериё меҳру муҳаббати самимии худ бо наздикону одаму одамиятро дуруст кунем.

Худоё ибодатҳо дар ин моҳро аз тамоми мӯъминон қабул фармо ва ин оламро аз ин гирифторӣ ва гирифторони бегуноҳи дар зиндонҳоро аз зиндонҳо раҳоӣ бидеҳ!

Ин моҳ муборак бошад ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз!

Бо эҳтиром,

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

24 апрели 2020

Варшава, Лаҳистон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: